Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Арабистон барои вакилони тоҷик дар Душанбе бинои нави замонавӣ месозад

Арабистон барои вакилони тоҷик дар Душанбе бинои нави замонавӣ месозад

10-06-2016, 10:00
Хабарро хонданд: 373 нафар
Назарҳо: 0
Арабистон барои вакилони тоҷик дар Душанбе бинои нави замонавӣ месозад
Арабистони Саудӣ барои намояндагони ду палатаи порлумони Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бинои нави замонавӣ месозад.

Тавре аз Кумитаи сохтмон ва меъмории Тоҷикистон хабар доданд, тарҳи "Маҷмааи порлумонӣ" аллакай омода буда, он дар рӯбарӯи Боғи Рӯдакӣ ва дар ҷойи бинои ҳозираи шаҳрдории Душанбею Вазорати кишоварзӣ бунёд хоҳад шуд. Вале мақомот мегӯянд, сармояи ниҳоии ин тарҳ ҳоло дақиқ нест.

Абдулло ибни Муҳаммад ибни Иброҳим Оли Шайх, раиси Маҷлиси Шӯро ё порлумони Арабистони Саудӣ, ки ба Душанбе ташриф овард, ин масъаларо дар мулоқот бо Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси Миллӣ ва шаҳрдори Душанбе баррасӣ кардааст.

Ба гуфтаи вай, дар ин замина ҳанӯз моҳи январи соли ҷорӣ дар ҷараёни сафари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Риёз мувофиқа шуда буд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: