Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » 30-юми сентябр Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

30-юми сентябр Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

30-09-2015, 17:30
Хабарро хонданд: 614 нафар
Назарҳо: 0
30-юми сентябр Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини РумӣДар толори тобистонаи Боғи фароғатии ба номи Р.Мурчаеви шаҳри Қӯрғонтеппа бахшида ба Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид. Чорабинии мазкурро узви КИ ҲХДТ дар в.Хатлон С.Қосимова кушода, аз ҷумла қайд намуд, “боиси ифтихор аст, ки мо имрӯз бо ҳузури устодон, донишҷӯён, роҳбарони муассисаву корхонаҳо ва шахсони фарҳангӣ Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Румиро қайд намуда истодаем. Ин иқдоми нек бо пешниҳоди Президенти кишвар, раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул гардида, ҳамасола 30-юми сентябр бо ифтихор қайд мегардад. Зеро ин шахсияти бузург, натанҳо дар байни аҳли илму адаб ва шогирдону ихлосмандони осораш, балки дар назди ҳокимону волиён ва давлатдорони давру замонаш шуҳрат ва эътибору обрӯи зиёд дошт. То замони мо маҳбубияти устод Ҷалолиддини Румӣ мавқеи хоси худро гум накарда, шоирону нависандагони маъруф ва алоқамандони ашъори ӯ дар саросари ҷаҳон меомӯзанд ва дар радифи он асарҳои нав эҷод менамоянд.”
Пас аз суханронии иштирокчиён, бахши фарҳангии чорабинӣ, ки аз рӯи ашъори Ҷалолиддини Румӣ таҳия гардида буд, оғоз гардид, ки ба дӯстдорони шеъри Мавлоно илҳому руҳияи тоза бахшид.
©Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар в.Хатлон

30-юми сентябр Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: