Малахҳо серанд, тухм мемонанду мераванд6-06-2016, 16:00
Хабарро хонданд: 254 нафар
Назарҳо: 0
Деҳқонони Сурхоби ноҳияи Фархор ҳамасола дар даҳҳо гектар замин гандуму зироатҳои дигар кишт мекунанд ва бо тарбузу харбузаашон маъруфанд. Аммо ҳосили кишти имсолаи онҳо, аз ҷумла тарбузу харбуза тӯъмаи малахи марокашӣ гаштааст. Ин малах ҳоло беш аз 50 гектар замини вилояти Хатлонро "чарогоҳ"-и худ қарор додааст.
Мастона Куданова, кишоварзи фархорӣ мегӯяд, “борҳо ба раиси ҷамоат гуфтем, ки малахҳо аз соати 10-и саҳар меоянду то соати 3-и рӯз боқӣ мемонанд. Магар зироати моро намехӯранд? Вай гуфт, онҳо меоянду чизе намехӯранд. Зеро ҳоло вақти тухммонияшон аст. Дар ҳоле ки аз моҳи март ба ин сӯ зироати моро хӯрда истодаанду чизе кишт карда наметавонем". Аз соли 2010 дар маҳаллаҳо ситоди мубориза зидди малах ташкил карда мешаваду ҳар сол аз будҷаи вилоят қариб як миллион сомонӣ ҷудо мегардид. Аммо имсол маблағе ҷудо нашудааст. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.