Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» Бунёди боғ фармудаи паёмбар (с) аст

Бунёди боғ фармудаи паёмбар (с) аст

18-03-2016, 15:51
Хабарро хонданд: 371 нафар
Назарҳо: 0
Бунёди боғ фармудаи паёмбар (с) аст17 феврал мавсими нави ниҳолшинонӣ дар Тоҷикистон расман оғоз шуд.

Дар ин рӯз Асосгузори сулҳу ваҳдат ва Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар атрофи Қасри миллат бо дасти худ чанд бех ниҳол шинонд ва расонаҳо инро оғози маъракаи ниҳолшинонӣ дар ҷумҳурӣ арзёбӣ карданд.

Аз Анас писари Молик ривоят аст, ки Паёмбари Худо (с) фармудаанд:

«Ҳеҷ мусалмоне нест, ки ниҳоле шинонад ё зироатеро кишт намояд, ки аз он паррандае ё инсоне ё ҳайвоне бихӯрад, магар ин ки барояш амали мазкур садақа мебошад» (Ин ҳадисро Имом Бухорӣ ривоят кардааст.)

Аз ин суханони гуҳарбори роҳнамои башарият, Расули Акрам (с) бармеояд, ки бунёди боғ, ниҳолшинонӣ, парвариши зироат, хулоса кишоварзӣ ва кори деҳқонӣ фазилати бузурге дорад, ки натанҳо манфиаташ дар ин ҷаҳон, балки аҷру савобаш ҳамчун садақа ба деҳқон аз ҷониби Худованд дар олами уқбо низ хоҳад расид. Нуктаи аз ин ҳадиси муборак ҷолиби диққат он аст. ки аз ҳосили дасти деҳқон натанҳо одамон, балки паррандагон ва олами ҳайвонот ҳам манфиат мебаранд.

Ғайр аз ин боз дар фазилати деҳқонӣ хусусан боғдорӣ бузургони миллати мо суханҳои боарзиши зиёде гуфтаанд. Чунончӣ, Мирзо Абдулқодири Бедил: фармудааст:

Самари боғи шавқ бисёр аст, Яъне асбоби завқ бисёр аст,
Касби деҳқонӣ аз чи диди шоқ,
Эй сазовори хилъати раззоқ
Дари ин ҷилва бар дилат во кун,
Сунъи ҳакро зи худ тамошо кун.
Чанд аз афсурдагӣ нафас шуморӣ,
Навбаҳор офарин ба барзгарӣ.
Тухм чанде фишондан аст ба хок,
Пас таваккул ба фазли Эзиди пок…

Имрӯз дар замони мо ҳам қадру қимати замин ва кишоварзӣ як андоза боло рафтааст. Ин пеш аз ҳама ба сиёсати дурусти аграрӣ ва таваҷҷуҳи беандоза ва хусусан ба таъкидҳои ҳаррӯзаи Асосгузори сулҳу ваҳдат ва пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳукумати кишвар дар бораи беҳтар кардани соҳаи кишоварзӣ ва пуштибонии ӯ аз марди деҳқон вобастагӣ дорад.

Дар тамоми гӯшаву канори кишвар баъд аз ба истиқлоли давлатӣ ноил гаштани ҷумҳурӣ соҳаи кишоварзӣ, хусусан боғдорӣ авҷи тоза пайдо кардааст.

Дар ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ҳам корҳои зиёде дар ин самт идома дошта бошад ҳам, лекин нокифоя мебошад. Он шуҳрати азимеро, ки дар замони собиқ вилояти Кӯлоб солҳои 70-80 уми асри гузашта боғпарварони ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб дар парвариши зироатҳои кишоварзӣ, аз он ҷумла картошка ва сабзавот доштанд, ҳоло ба даст наовардаанд. Гарчанде ки дар асоси Барномаи рушди боғу токпарварӣ, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, бо пуррагӣ роҳи ҳалли худро ёфтааст ва дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб дар майдони ҳазорҳо гектар бунёди боғҳои интенсивӣ ва токзорҳо ҳамасола зиёд гардида истодаанд.

Гуфтан лозим аст, ки солҳои охир аз беназоратии баъзе мақомот воридоти пастсифати маводҳои хӯрока аз хориҷи кишвар, ки онҳо пастсифату дурага ва маводи кимиёвии таркибашон зиёд ба ҷумҳурӣ афзудааст. Ва ин маводи хӯрокаҳои аз хориҷ воридшуда пеш аз ҳама ба саломатии шаҳрвандони ҷумҳури зарароваранд бо гуфтаи мутахассисону олимони соҳаи тиббӣ кишвар ва солҳои охир касалиҳои фарбеҳшавӣ, фишорбаландӣ, касалиҳои дилу қанд, сироатӣ ва ғайра оварда расонида истодаанд.

Суоле ба миён меояд куҷо шуд он маҳсулоти сифатан баланду аз ҷиҳати экологӣ бехатарӣ бо арақи ҷабин парвариш ва истеҳсол кардаи марди деҳқони шуҳратманди тоҷик?

Умед аз он дорем, ки раисони ҳукуматҳои шаҳру ноҳияҳо ва деҳқонони асили ҷумҳурӣ мувофиқи Барномаи нави қабулгардидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди рушди боғу токпарварӣ барои солҳои 2016-2020 даҳҳо ҳазор гектар боғҳо ва токзорҳои нав бунёд хоҳад гашт дар заминҳои оби ва талу теппаҳо дар ҷумҳурӣ, аз он ҷумла дар ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон.

Он боғу токзорҳои пур аз себ, ноку ангури шаҳдвори мо, ки бозорҳои ҷумҳуриро пур карда, берун аз кишвар харидори зиёде доштанд, аз нав ба пуррагӣ эҳё нагаштаанд. Агар мо имрӯз ҳамагон ба қадри он ғамхорию дилсӯзие, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба кишоварзон дорад, нарасем ва камари ҳимматро мустаҳкам баста дар пайи бартараф кардани камбуду норасоиҳои соҳаи кишоварзӣ набошем, фардо хеле дер хоҳад шуд.

Бо ташаббуси Хайрулло Ибодзода, - раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминҳои ҳудуди боғи ботаникии шаҳри бостонии Кӯлоб зиёда аз ҳазор бех ниҳолҳои мевадиҳанда ва бунёди боғи интенсивӣ оғоз ёфтааст.

Қайд кардан лозим, ки ин аввалин ва охирин иқдомҳои роҳбарияти Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нест. Чанд сол пеш дар мавзеи харобгаштаи минтақаи Сайёди ҷамоати деҳоти Себистони ноҳияи Данғара ҳазорҳо бех дарахтони мевадиҳанда ва сояафкан шинонида шуданд.

Бо таассуф зикр кард, ки фаъолияти мо дар ҳама самтҳои соҳаи кишоварзӣ нисбат ба дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ хеле суст пеш меравад. Бо худтаърифкуниҳои зиёд, бо ҳисобот ва нишондиҳандагони дар болои қоғаз буда, Ватан обод нахоҳад гашт.

Деҳқон имрӯз бояд дарк карда бошад, ки замин дар дасти худи мо ҳаст. Он чи кишт мекунем, азони мост ва ҳосили онро ҳам касе аз мо нахоҳад ситонд. Мо деҳқонон роҳҳои пурсамар истифода бурдани замин ва бардоштани ҳосили хубро ҷустуҷӯй намуда, дар фикри ободии бештари хонадон ва диёри худ бошем. Мо вобаста ба он замине, ки соҳибаш ҳастем, зироатеро парвариш кунем, ки нафъи бештаре ба мо хоҳад дод. Ҳамчун мутахассис, собиқ корманди соҳаи агросаноатии собиқ вилояти Кӯлоб боғдориро соҳаи сердаромад дар кори деҳқонони ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон медонам. Чунки таҷриба нишон дод, ки боғи бунёдкардаи деҳқонон дар заминҳои хоҷагиҳои деҳқони нисбат ба заминҳое, ки дар минтақаи Қӯрғонтеппа ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дошта ба парвариши зироатҳо машғуланд, даҳҳо маротиба фоидаи зиёдтар меорад. Хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ҳангоми бунёд кардани ин боғҳо ва токзорҳо чизеро аз даст намедиҳанд. Дар даҳсолаи аввали боғи бунёдгашта ҳамон кишти картошка ва сабзавотро идома додан мумкин.

Хоҷагиҳои деҳқонии минтақаи Кӯлоб имрӯз дар боғҳое, ки бунёд кардаанд, аз се ҷиҳат фоидаи соф ба даст меоранд. Аввал ҳосили дарахтони мевадиҳанда, дуввум ҳосил аз кишти картошка ва дигар зироатҳо, ки дар байни қаторҳои дарахтон рӯёнда мешавад ва саввум дарахтони бесамар (ар-ар ва бед), ки дар атрофи замин парвариш ёфтаанд, ҳамчун маводи сохтмон ва захираи ҳезум дар фасли сармо ба кор меоянд.

Имрӯз ҳар марди деҳқоне, ки дилаш ба замин месӯзад, таҷрибаю малакаи деҳқониро, ки дорад, бояд ба дигарон пешниҳод созад, то як самти муҳими соҳаи кишоварзӣ, яъне боғдорӣ дар ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб рушд кунад. Албатта, дар ин самт монеа ва мушкилот кам нест, пеш аз ҳама гуфтан лозим аст, ки баъзан ҷамоатҳои деҳоти ноҳияҳо дар самти боғдорӣ фаъол нестанд, дуввум мушкилӣ ва монеъа аз тарафи баъзе раисони хоҷагиҳои колективии ноҳияҳо, ки худро ҳокими мутлақи замин медонанд, эҷод карда мешавад, сеюм, мушкилӣ дар он аст, ки соҳибони заминҳои аксари хоҷагиҳои деҳқонии инфиродӣ на ҳама деҳқони асиланд.

Онҳо ба даромади бештар аз замин эҳтиёҷ надоранд, яъне ашхосе ҳастанд, ки манбаи даромади дигаре доранд. Чаҳорум мушкилот он аст, ки як муассисаи муҷаҳҳазе, ки ба боғдорон дар вақти мубориза бо ҳашарот ва касалиҳо кӯмак расонад, дар ҳар ноҳия вуҷуд надорад. Панҷум, деҳқон ҳангоми ҷамъоварии ҳосили зиёди меваро бо сабаби вуҷуд надоштани корхонаи коркарди мева, аз даст медиҳад. Шашум, ба деҳқони асил ва фаъол ғамхорӣ ва пуштибоние зоҳир намегардад, ё ин ки аз тарафи роҳбарони мақомоти ноҳияҳо ягон ҳавасмандкуние нисбат ба деҳқон вуҷуд надорад, ҳафтум, комбудии соҳа он аст, ки деҳқони ҳақиқӣ ва асил ба ягон семинар ё таҷрибаомӯзӣ ба дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ ва берун аз он фиристода намешавад.

Хулоса, камбуду норасоӣ ва монеъаю мушкилӣ дар кори кишоварзони ноҳияҳо, хусусан дар самти боғдорӣ хеле зиёд аст.
Шарифхон Тиллоев, мутахассиси соҳаи кишоварзӣ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: