Маҳорати суханварӣ ва масъулияти корманди хизбӣ3-06-2016, 16:00
Хабарро хонданд: 477 нафар
Назарҳо: 0
Сухан дар ташаккули ҷанбаҳои ҳаёти инсонӣ мавқеъ ва ҷойгоҳи хосаро ишғол намуда, яке аз муҳимтарин аркони рушди ҷомеаи башарист.
Воқеан, имрӯз санъати суханварӣ яке аз талаботи асосии корманди ҳизбӣ пазируфта шуда, ҳини таъин намудан ба мансаби ҳизбӣ бояд, ки ба ин масъала диққати махсус дод. Зеро фаъолияти ҳизбиро, ки асосан фаъолияти таблиғотиву ташвиқотиро дар бар мегирад, бе қобилияти ифодаи дурусти матлаб дар заминаи шинохти ҳувияти миллӣ, арҷгузории фарҳангу тамаддун ва истифодаи сухан дар мавқеъ ба муъҷазӣ ва ҳадафи судманд тасаввур наметавон кард. Имрӯз корманди ҳизбӣ бояд, ки дар баробари фаъолияти пурсамари касбӣ хушмуомила бошад ва ҳамеша бар он кӯшад, ки дар муошират бо мардум ибдои гуфтори накӯ кунад. Риояти ин нукта ҳам аз назари принсипҳои асосии корманди ҳизбӣ ва ҳам аз қавонини урфию меросӣ ва суннатию мазҳабӣ амри зарурист. Пешвои миллат - Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати моҳияти сухан ва мавқеи он дар таърихи давлатдории тоҷикон бар он андеша омадааст, ки ниёгони мо аз қабили беҳтарин донандагони калом ва шеваи гуфтор дар рӯзгори башариятанд. Ба андешаи Унсурмаолии Кайковус «аз ҳама ҳунарҳо беҳтарин ҳунар сухан гуфтан аст». Пас, ин санъатро донистан, эҳтиром доштан, ба қадраш расидан ва мувофиқи тавони худ онро дониста ва барои рифоъ истифода бурдан басо муҳим аст, зеро сухани ҳаққу зебо гавҳари пурқиматест ва қадри сухангӯ аз матоъаш кам нест. Ҳар шахс имконияте хубе дорад, ки тавассути машқ нотиқ ва суханвари хубе гардад. Танҳо майлу рағбат ва шавқу ҳавас лозим аст. Агар инсон дар нутқ варзида бошад, ҳангоми суханронӣ далел ва афкореро, ки фаромӯш кардааст, бо ҷуръат ва эътимод ба лавҳи хотир меоварад. Ҳар шахсе, ки мақсаду маромаш нотиқу сухандони варзида шудан аст, бояд яъсу ноумедиро аз худ дур созад. То имконияту шароити мусоид ҳаст, бештар ҳарф заданро машқ кардан лозим. Бузургии нотиқ ва суханварони дунё низ дар ҳамин аст. Яъне, аз ин ҷо метавон ба хулосае муваҷҷеҳ шуд, ки то ҳанӯз масъалаи суханварӣ дар фаъолияти касбии кормандони ҳизбӣ, ки фаъолиятҳои сиёсӣ доранд, мавриди омӯзиши ҳамаҷониба ва ҷиддӣ қарор наёфта, омӯзиш ва таҳқиқи он аз манфиат орӣ нест. Агар мо ба таърихи пайдоиши суханварӣ назар афканем, бе чуну чаро ба дуриҳои дури таърих ва сарчашмаҳои хеле куҳан рӯ ба рӯ мешавем. Суханварӣ ва мартабаи таърихии он дар баробари инсон қиммати бузурге дорад. Масалан, сухан аз нигоҳи Зардушт нерӯест, ки ба василаи он метавон дар баробари бадӣ ва ситези душман барпой истод. Ба ақидаи Демосфен, ҳар фарде ба шарти хоҳиш доштан ва ба дӯш гирифтани заҳмати машқ суханвар шуда метавонад. Эътимод доштан ба ҳақиқати суханони худ ва устувор будан дар рою маслаки хеш шарти муҳимтарини ҳунари суханварист. Вале шуҳрати суханвар на аз ширинсуханӣ ва овози фораму гуворо, балки аз тамоюли ақидаи сиёсии ӯст. Ба ақидаи Ситсерон, суханвари беназир касест, ки маърифати баланд дошта бошад ва мудом дар пайи такмили он кӯшад. Илмҳои фалсафа (хусусан қисматҳои мантиқ ва этика), ҳуқуқ, таърих, адабиёт ва шевосуханиро хуб донад ва донишу малакаи аз он илмҳои ҳосилкардаашро корбаст карда тавонад. Ба назари ӯ, аз се ҷанба: маҳорат, малака ва дониш барои суханвар муҳимтар аст. Бар замми он, суханвар бояд ақли расо, зеҳни тез, ҳофизаи мустаҳкам ва фаросати комил дошта бошад ва ба ҳар савол ҷавоби муносиб ва дақиқ дода тавонад. Нотиқ ба минбар ки баромад, бояд «ҳокими мутлақи» маҳфил гардад. Вай ҳангоми нутқ кардан чанд корро пайваста адо мекунад: фикр мекунад, ки чӣ гӯяд, он фикрро бо сухан баён мекунад, ҳамзамон зимоми маҳфилро дар даст мустаҳкам нигоҳ медорад. Қабл аз оғози сухан нотиқ бояд чӣ гуфтани худро хуб бидонад, муҳит ва авзои сомеъро ба инобат гирифта, ӯро ба шунидани асли матлаб омода созад, сипас моҳияти масъаларо батадриҷ кушода диҳад, паҳлуҳои баҳсноки онро дар назар дошта, ақидаашро возеҳ ва дақиқ баён кунад ва бад-ин васила мавқеи худро устувор ва иддаои ҳарифро қотеона рад намояд. Дар ҷараёни суханронӣ таъсири гуфтаҳои худро ба сомеъ он дарк кунад ва бо маҳорати суханварии худ шунавандагонро гирёндаю хандонда тавонад ва дар интиҳо ба гуфтор ҳусни мақтаъ бахшад. Суханвар бояд авзоъ ва рӯҳияи шунавандаашро хуб бидонад. Баробари вай ба ваҷд омада, шодмонӣ кунад ё баробари вай аз нокомие афсӯс хӯрда андӯҳгин шавад. Имрӯз симоҳои намоёне дар илми сухангустарӣ маъруфият доранд, ки оини гуфтор ва тариқи афкори эшон ба дастури раҳнавардони калом ва суханомӯзони баён табдил ёфтааст. Бар саботи андеша мо метавонем Паёмҳои Президенти кишвар ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро намунаи беназири ҳунари суханварии муосири тоҷик донем, ки муҳтавои онҳо маҷмӯи оинҳои суннатӣ, фишурдаи таҷрибаи ҳазорсолаи афкору шеваи гуфтор ва баргузидаи ҳунари суханварии дирӯзу имрӯзи форсу тоҷиканд. Дар доираи салоҳияташ ба кормандони ҳизбӣ зарур аст, ки ба воситаи ахбори умум, рӯзноманигорону намояндагони аҳли ҷамоатчигӣ ҳамкории муфиду судманд дошта бошад. Бо масъулияти бузурги ба уҳда доштааш корманди ҳизбӣ бояд забони давлатиро хуб донад ва бо он озодона сухан гуфта тавонад. Бар замми ин корманди ҳизбӣ бояд дорои дараҷаи баланди суханварӣ бошад. Суханвар бояд кӯшиш кунад, ки андеша ва афкор, донишу биниш ва таҷрибаи андӯхтаи худро ба дили шунавандагон ҷой диҳад. Барои сухангӯю сухандон шудан пайваста бояд омӯхт ва ҷаҳоншиносии комил ҳосил кард. Нутқ аз илм фасоҳат гирад ва калом аз илм равнақ ёбад. Санъати суханварӣ тавассути хондан рушд меёбад ва ғанӣ мегардад. Ин нукта низ аз махсусияти санъати суханварии хизматчии давлатӣ маҳсуб мешавад. Имрӯз, хизматчиёни давлатӣ ва кормандони масъули ҳизбие вомехӯранд, ки забони гуфторашон ё омехтаи вожаҳои лаҳҷагӣ ва ё махлути калимоти забони ғайр аст. Дар ҷавҳари ҳар як инсон ба қадри муайян қобилияти суханварӣ зуҳур карда, такмил ва татбиқи он вобастаи шахсият аст. Метавон шахсеро пайдо кард, ки дар он қобилияти зотии баланди сухангустарӣ мавҷуд аст, вале онро бо сабабҳои гуногун такмил надодааст ва баръакси он шахсоне ҳастанд, ки бо андак ҷавҳари суханварӣ дар натиҷаи кӯшишҳои пайваста ба дараҷаҳои намоёни ин ҳунар расидаанд. Санъати суханварӣ ифодаи фалсафаи сухан дар формулаи муайяни баён буда, мушаххасан метавон, ки онро «формулаи гуфтор» номид. Ҳар як шахс, хусусан, корманди ҳизбӣ, ки фаъолияти сиёсӣ дорад, бояд, ки аз уҳдаи баёни андеша дар қолаби номбаршуда вобаста ба макону замон ва ҳадафу имкон дифоъ карда тавонад, ки мақсади асосии омӯзиши паҳлӯҳои гуногуни суханварӣ низ маҳз аз ҳамин нукта иборат буда, аҳамияти санъати суханвариро дар фаҳмиши ҷузъҳои асосии ҷараёни ибрози баён, ба шакловарии фаҳм (дониш) ва малака, унсурҳои зарурии одоби суханварӣ, ки ҷиҳати убури тамоми вазъҳои баён мавриди истифода қарор дода мешаванд, равшан таҷассум карда тавонад. Яке аз роҳҳои маҳсулноки ба даст овардани малакаи суханварӣ дар таҷрибаи бардавоми баёни сухан байни издиҳоми гуногун ба шумор меравад, ки ин масъала дар таърихи гузаштагонамон ниҳоят хуб ҳазм шудааст. Дар замони муосир дар баргузории маъракаҳои интихоботӣ ва дигар чорабиниҳои сиёсӣ тибқи моделҳои муосири системаи интихоботӣ аз маҳорати суханварон, ки забони муосир «имиджмейкерҳо» ва «спичрайтерҳо» мегӯянд. хуб истифода мебаранд. Зеро «имиджмейкерҳо» ва «спичрайтерҳо» барномаҳои ҳизбу ҳаракатҳои сиёсиро дар шакли дилхоҳ ва маҳорати баланд муаррифӣ карда метавонанд. Ин таҷрибаро аллакай дар кишвари мо низ дар маъракаҳои сиёсии солҳои охир ҲХДТ истифода намуд, ки натиҷаи дилхоҳ ба даст омад. Ҳамзамон, дар кишварҳои хориҷа рӯз аз рӯз мавқеъ ва нақши таҷрибаи санъати суханварӣ ҷойгоҳи васеъро кашф намуда, мавриди истифода ва маърифати ҳаррӯзаи муҳассилини таълимгоҳҳо ва воизону наттоқон шуда, ба ҷузъи ҷудонопазири раванди тайёрнамоии мутахассисони соҳавӣ мубаддал гардидааст. Хусусан, омӯзиши илми баён ё худ санъати суханварӣ ба сиёсатмадорон, ҳуқуқшиносон, файласуфон, хизматчиёни давлатӣ, равоншиносон, омӯзгорон, табибон, китобдорон, кормандони мақомоти худидораи ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, кормандони соҳаи савдо ва ғайраҳо ногузир буда, санъати суханвариро балад будани сафирон аз талаботҳои асосии касбии онҳост. Чунончӣ Фирдавсии бузург фармудааст: Фиристода бояд, ки доно бувад, Ба гуфтан далеру тавоно бувад. Малк Тулий Ситсерон навиштааст: «Дар олам ду навъи санъат: санъати лашкаркаши хуб ва санъати суханварӣ (оратори) хуб мавҷуд аст, ки инсонро метавонад ба зинаи баландтарини шараф ва ифтихор бирасонад». Санъати волои суханварӣ яке аз васоити муҳими номоварӣ, шуҳрат ва муаррифии рисолати шахсият буда, ба дашна монанд аст, ки ҳангоми истифодаи дуруст ба мақсад тезтар ноил мегардонад ва дар ҳолати баръакс боиси буридани даст мешавад. Шаъну шараф ва эътибори одамӣ, хоса корманди ҳизбӣ ба нутқи эшон рабти комил дорад. Ҳароина, суханвар донишманд ва олими хуб аст, аммо на ҳар донишвар аз нутқи фотиру фотин балад бошад. Ва Шамсиддин Шоҳин низ мефармояд: Суханро зи гетӣ гар ояд ривоҷ, Сухан бар сухандон фазояд ривоҷ. Заррина Шаймуродова, кораманди Дастгоҳи КИМ ҲХДТ |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.