Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Консерти идона барои кӯдакон

Консерти идона барои кӯдакон

1-06-2016, 15:00
Хабарро хонданд: 280 нафар
Назарҳо: 0
Консерти идона барои кӯдаконИмрӯз дар ноҳия бахшида ба Рӯзи байналмиллалии ҳифзи кӯдакон барномаи консертӣ баргузор гардид, ки дар он тарбиятгирандагони кӯдакистонҳои ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия фаъолона ширкат варзиданд. Дар чорабинии мазкур раиси ноҳия Азимбой Азизӣ ширкат варзида, кӯдакону наврасонро бахшида ба 1 июн, ки ҳамчун Рӯзи байналмиллалии муҳофизати кӯдакон дар тамоми сайёра ҷашн гирифта мешавад, муборакбод намуд. Зикр гардид, ки фардои дурахшони мо маҳз аз солимиву бардамии насли ҷавонтарини ҷомеа, яъне кӯдакону наврасон вобаста аст. Аз ин лиҳоз, ҳифзи саломатии кӯдакон ва дар роҳи рост тарбия намудани онҳо вазифаи муқаддаси ҳар як падару модар, мураббияҳои кӯдакистонҳо, омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ буда, аз ҳамагон масъулият тақозо менамояд. Сипас, тарбиятгирандагони кӯдакистонҳои маркази ноҳия бо барномаҳои рангини худ, аз ҷумла қироати шеърҳо, суруду таронаҳо бо лафзи кӯдакона, рақсҳои ҷолиб ва саҳаначаҳои ҷолиб чорабиниро ҳусни тоза зам намуданд. Баъдан дар назди Қасри фарҳанги ба номи М.Воҳидов консерти калон бо иштироки санъаткорони ноҳия чорабиниро идома бахшида, сайругашти оммавӣ доир гардид.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: