Шаҳри Хуҷанд нақшаи даъвати ҳарбиро иҷро намуд31-05-2016, 14:00
Хабарро хонданд: 319 нафар
Назарҳо: 0
Шаҳри Хуҷанд нақшаи даъвати ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иҷро расонд.
Мавсими баҳоронаи даъват тибқи моддаи 19-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ», Фармони Президенти Чумхурии Точикистон аз 15 марти соли 2016 таҳти № 649 «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1989-1998 ба хизмати ҳарбӣ» ва қарори Раиси шаҳри Хуҷанд аз 29 марти соли 2016 № 186 ба маъракаи даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1989 – 1998 ба хизмати ҳарбӣ моҳҳои апрел-майи соли 2016 аз санаи 1 апрели соли 2016 ощоз гардида буд. Баҳри муташаккилона гузаронидани даъвати баҳоронаи соли 2016 дар кумитаҳои маҳаллии шаҳр, бо даъватшавандагон, волидайни онҳо ва фаъолони ин минтакаҳо оиди даъвати чавонон ба хизмати ҳарбӣ вохӯриву мулоқотҳо гузаронида шуданд. Санаи 24 майи соли ҷорӣ назар ба маълумоти комиссияи даъватӣ нақшаи пешбинигашта иҷро гашта, даъватшавандаҳо дар қисмҳои низомии кишвар ба адои хизмати ҳарбӣ шурӯъ намуд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.