Падарони саодатбахш31-05-2016, 13:00
Хабарро хонданд: 490 нафар
Назарҳо: 0
Дар ноҳияи Деваштич Конфронси ҳисоботӣ интихоботии Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳия доир гардид, ки дар он ҳисоботи Раиси Шӯро Даврон Эргашев барои давраи аз 27 майи соли 2011 то 25 майи соли 2016 шунида шуд. Қайд гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ғамхориро нисбати собиқадорони ҷангу меҳнат дар мадди аввали назар қарор дода, онҳоро такягоҳи боэътимоди давлату ҳукмат бобати амалинамоии тадбирҳои ободонию сафарбарии омма ба меҳнати бунёдкорона, баҳри таъмини тараққиёти иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурии соҳибистиқлоламон арзёбӣ намуданд. Хизматҳои собиқадорони ҷангу меҳнат дар тарбияи ватандӯстӣ, маънавию ахлоқӣ басо калон мебошад.
Дар конфронс Раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати вилоят, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ М.Раҳимов иштирок ва баромад намуд. Раиси ноҳия, узви КИ ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич мӯҳтарам Р.Ҷӯразода конфронсро ҷамъбаст намуда, хизматҳои собиқадоронро бобати пешбурди фаъолияти ҳамаи соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, ободонӣ ва бунёдкорӣ, тарбияи ҳарбӣ ва ватандустӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро баланд арзёбӣ намуда, собиқадоронро минбаъд низ ба чунин фаъолияти самарабахш даъват намуда, ба чанд нафар собикадорон Ифтитхорнома ва ба ду нафар Маҳмуд Кодиров ва Холмат Дустбоев медали ҷашнии 70-солагии озодкунии Украина аз истилогарони фашистӣ тақдим намуданд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.