ҲХДТ ҷонибдори иқдомҳои созанда30-05-2016, 15:00
Хабарро хонданд: 191 нафар
Назарҳо: 0
Дар боғи фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар минтақаи Кӯлоб чорабинии фарҳангӣ доир намуд.
Дар чорабинӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Валиева Саъбагул, мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб Саида Нурляминова, котиби ҶҲАТ дар минтақаи Кӯлоб Олимов Зайниддин ва дигар шахсони расмӣ иштирок намуданд. Зимнан, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Валиева Саъбагул кормандони ҶҲАТ дар минтақаи Кӯлоб ва аъзоёни ин ҷамъиятро бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии Салиби Сурх табрик гуфта, ибрози андеша кард, ки ҶҲАТ ҳамчун ташкилоти ҷамъиятии мустақил ва соҳибихтиёр дар самти фаъолияти башардӯстона, ба аҳволи табақаҳои муҳтоҷтарини аҳолӣ, ки дар натиҷаи вазъи феълӣ ҳаёташон зери таҳдид аст, дар мавриди зарурӣ кӯмаки беғаразонаашро тавассути аъзоён ва ихтиёриёни худ ба аҳолӣ мерасонад. Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ аз тарафи аъзоён ва ихтиёриёни ҷамъият викторина оиди фаъолияти ҶҲАТ, саҳначаҳои ёрии аввал, ташаккули тарзи ҳаёти солим, намоиши рақси миллӣ ва инчунин аз тарафи ҳунармандони шаҳри Кӯлоб сурудҳо дар васфи Ватан, модар, Тоҷикистон сароида хотири ҳозиринро ба ин васила шод гардониданд. Дар охир барои ҳавасманд гардонидани иштирокчиёни чорабинӣ туҳфаҳои хотирмон дар фазои тантанавӣ супурда шуд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.