Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

28-10-2015, 18:20
Хабарро хонданд: 606 нафар
Назарҳо: 0
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии ТоҷикистонИмрӯз, таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар кори маҷлис нахуст масъалаи кадрҳо баррасӣ шуда, зимни он аъзои нави ҳайати мушовараи Вазорати нақлиёт, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ ва Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон “Ховар”-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.
Масъалаи асосии маҷлиси навбатии Ҳукумати мамлакат муҳокимаи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2016” ва нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ барои солҳои 2017-2018 буд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон вазъи кунунии рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистонро таҳлилу баррасӣ намуда, аз ҷумла тазаккур дод, ки дар 9 моҳи соли равон таҳти таъсири омилҳои беруна суръати рушди воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 0,5 банди фоиз, гардиши савдои хориҷӣ 17,9 фоиз, аз ҷумла воридоти мол 21,8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ ба аҳолӣ 8,1 фоиз коҳиш ёфт ва қурби пули миллӣ ҳамоно таҳти фишор қарор дорад.
“Дар ин муддат иҷрои буҷети давлатӣ ба андозаи 96,5 фоиз таъмин шуда, ба он 10,8 миллиард сомонӣ ворид гардид, ки ин аз нақша 391 миллион сомонӣ кам мебошад”-таъкид дошт Сарвари давлат.
Аз ин хотир, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба вазорату идораҳои дахлдор дастур дод, ки дар муҳлати боқимондаи соли равон барои иҷрои пурраи Буҷети давлатӣ чораҳои самарабахш андешида, амалӣ намоянд.
Бино ба иттилои Сарвари давлат, ҳаҷми Буҷети давлатӣ барои соли 2016 18 миллиарду 306 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба соли равон қариб 3,3 миллиард сомонӣ ё 19,8 фоиз зиёд аст.
Тавре таъкид гардид, хислати иҷтимоии буҷети давлатӣ оянда низ нигоҳ дошта мешавад ва ба ин хотир дар соли 2016 барои таъмини соҳаҳои иҷтимоӣ зиёда аз 8 миллиард сомонӣ равона мегардад ва ин маблағ нисбат ба соли равон 581,5 миллион сомонӣ зиёд буда, қариб нисфи ҳаҷми умумии буҷетро ташкил медиҳад.
Дар буҷети соли 2016 ба маблағгузории соҳаҳои афзалиятноки иқтисодӣ, аз ҷумла сохтмони иншооти энергетикӣ, нақлиёт ва коммуникатсия диққати махсус дода шуда, ба ин мақсад бо назардошти амалисозии лоиҳаҳои сармоягузорӣ 6,2 миллиард сомонӣ равона карда мешавад.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2016” ва нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ барои солҳои 2017-2018 бо назардошти таклифу пешниҳодҳо маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд.
Дар идомаи маҷлиси Ҳукумат нахуст ҳисоботи раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ оид ба самараноку мақсаднок истифода бурдани заминҳои хоҷагии ёрирасони вазорату идораҳо ва корхонаҳои ғайридавлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ва шаҳри Турсунзода ва ҳисоботи раиси шаҳри Конибодоми вилояти Суғд оид ба рафти иҷрои Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот” шунида шуд.
Лоиҳаҳои қонунҳо оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла ба қонунҳо “Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ”, “Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ”, “Дар бораи мубориза бар зидди терроризм” ва “Дар бораи алоқаи барқӣ” маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шуд.
Ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бо ҷинояткории муташаккилона” ирсол гардид.
Барномаи давлатии барқарорсозӣ ва истифодаи минбаъдаи реактори таҳқиқоти ҳастаии Аргус-ФТИ тасдиқ карда шуд.
Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба таъсиси грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон барои солҳои 2016-2020 тасдиқ карда шуд, ки тибқи он дар ин муддат ҳар сол 80 грант таъсис дода мешавад. Инҳо 20 гранти иборат аз 40 ҳазор сомонӣ, 20 грант бо 30 ҳазор сомонӣ, 20 грант бо 20 ҳазор сомонӣ ва 20 гранти иборат аз 10 ҳазор сомонӣ хоҳанд буд.
Дар фароварди маҷлис Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи масъулинро ба масоили вобаста ба сохтмони навбати дуюми маркази барқугармидиҳии дуюми Душанбе ва хатти барқии Душанбе-ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, татбиқи лоиҳаи навсозии роҳи мошингарди Қалъаи Хумб-Ванҷ, қитъаҳои Кӯлоб-Шӯрообод ва Шикев-Қалъаи Хумби роҳи мошингарди Кӯлоб-Қалъаи Хумб, назорати сифати роҳи мошингарди Айнӣ-Панҷакент ҷалб намуда, дар наздашон доир ба ҷоннок намудани корҳо вазифаҳои мушаххас гузошт.
Ҳамчунин доир ба ҷамъоварии беталафи ҳосили фаровони меваю сабзавот, захира кардани он ва омодагӣ ба мавсими зимистон супоришҳои мушаххас дода шуд.
©khovar.tj
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: