Дар майдончаи варзишии бинои таълимии Филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносов воқеъ дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи ҷавонон, Ваҳдати миллӣ ва 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон чорабинии фарҳангию сиёсӣ таҳти унвони «Ҷавонон- пайрави Пешвои миллат ва ҳомиёни дастовардҳои 25 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид. Дар маҳфил инчунин аз кушода шудани чемпианати мини- футбол байни донишҷӯёни филиал хабар доданд. Чорабиниро ноиби директори иҷроия оид ба илм, тарбия ва масъалаҳои иҷтимоӣ, номзади илмҳои физика ва математика Холиқназар Кучакшоев ифтитоҳ намуд. Ӯ зикр кард, ки кушодашавии чемпионати мини-футбол дар байни донишҷӯёни филиал, ин пайравӣ аз гуфтаҳои Пешвои Миллат аст, ки ҳамеша дар суханрониҳояш бо ҷавонон ишораи хосе мекунанд. Зикр шуд, ки дар қалби ҷавонони шуҷои мо сол то сол ҳисси ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ баланд мешавад ва иштироки онҳо дар корҳои ҷамъиятву сиёсӣ ва паҳлӯҳои гуногуни ҳаёти кишвар, аз садоқати онҳо ба ватану давлат дарак медиҳад. Ҳамин тавр ҳамаи ҷавононро, ки дар ин маҳфили фарҳангию сиёсӣ иштирок доштанд, ба муносибати Рӯзи ҷавонон шодбош гуфта, дар пешравии минбаъдаи кору фаъолияташон мувафаққиятро таманно карданд.
Гулҳаёи Мадимар