Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Иттиҳод гарави осоиш аст

Иттиҳод гарави осоиш аст

24-10-2015, 17:00
Хабарро хонданд: 432 нафар
Назарҳо: 0
Иттиҳод гарави осоиш астДастовардҳои давлати соҳибистиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз рӯи барномаҳои истиқлолияти энергетикӣ, раҳои аз бумбасти коммуникатсионӣ ва таъмини истиқлолияти озуқаворӣ тарҳрезӣ шудааст, ба мо ҷавонон илҳому ғайрати тоза мебахшад.
Оғози асри XXI барои мо ҷавонон мактаби бузурги худшиносӣ ва марҳилаи нави ватандустдорӣ гардид. Мо дар ин давра чун шаҳрванди ҷавони мамлакат, мисли дигар сокинони ҷумҳурӣ ба бунёдкорию созандагӣ ва ободонии ватани азизамон рӯ овардем.
Мо хуб медонем, ки асри навин асри инқилоби илмию техникӣ, асри технологияи ҷадиди иттилоотӣ, асри кашфиётҳои тозаи расонавию шабакаҳои интернетӣ мебошад, ки муштарии асосии онҳо пеш аз ҳамаҷавонон ба шумор мераванд.
Ҷавонон қишри ҳасос ва хунгарми ҷомеаи ҷаҳон ба шумор мераванд, ки шабакаҳои иттилоотии ҷаҳонӣ пеш аз ҳама онҳоро ба ҳадаф мегиранд.
Имрӯз, бар асари рушди бозори иттилоот ва шабакаҳои интернетӣ баробари дастовардҳои мусбати тамаддун боз фасоди ахлоқӣ, зуроварию тахрибкорӣ, маҳдудиятҳои ақидавию тарғиботи мазҳабӣ пахш мегардад. Ба болои ин ҳодисаҳои ногувору мудҳиши Украина, Ироқ, Сурия, Ливия ва дигар кишварҳои шарқу ғарб сарзада, гувоҳӣ медиҳад, ки терроризму ифродгароӣ рӯз то рӯз дар ҷаҳони муосир бештар доман меафрозад. Дар кишвари ба мо ҳамсоя – Афғонистон беш аз 30 сол аст, ки ҷангу нооромӣ идома дорад.
Аз ин хотир мо ҷавонон бояд зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва пардаро аз рӯи мунофиқону бадхоҳони миллати тоҷик бардорем.
Имрӯз, мо бояд сулҳу ваҳдат, оромию осоиши ҷомеа ва сиёсати созандагию ободонии мамлакатро беш аз пеш вусъат диҳем, фирефтаи ваъдаҳои дуруғи мунофиқону бадхоҳони миллат нагардем. Мо хуб медонем, ки душманони дохилию хориҷӣ фурсати муносиб меҷӯянд, шаклҳои муборизаашонро вобаста ба шароит дигар мекунанд, аз шаклҳои нав ба нави тағриботӣ, идеологӣ ва ҷудоиандозӣ кор мегиранд. Мо ҷавонон бояд дар атрофии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муттаҳид шуда, зираку пухтакор бошем, ҳамагуна дасисаву иғвокушишҳои ҷудоиандозиро саркуб намоем.
Аз нигоҳи ман имрӯз фурсате расидааст, ки мо бо дастаҷамъӣ, сар аз як гиребон бароварда, миллати бофарҳанг, давлати соҳибистиқлол, кишвари соҳибтамаддуну пешрафта будани Тоҷикистонро ба аҳли олам нишон диҳем ва ба қадри ватану ватандорӣ, қадри истиқлолияту давлатдории миллӣ бирасем.
Ҳамчун донишҷӯи факултаи ҳуқуқшиносии ДМТ чунин ақида дорам, ки истиқлолиятро соҳиб шудан ҳанӯз кам аст, онро пуштибонӣ, ҳифз намудан, ҳамчун арзиши муқаддастарини давлатдорӣ пос доштан ва ифтихор намудан зарур аст.
Боварии комил дорам, ки ҳамаи мо бо амри виҷдони худ сиёсати хирадмандонаи Президенти кишварамонро дастгирӣ намуда, барои бунёди Тоҷикистони мутараққӣ ғайрату нерӯи худро дареғ надошта, ба ҳадафҳои тозаи созандагӣ ва дастовардҳои арзанда ноил мегардем.
©Аъзои фаъоли Кумитаи иҷрояи ибтидоии «Дониш», донишҷӯи курси дуюми факултети ҳуқуқшиносӣ, Раҳимова Зуҳро Аъзамҷоновна.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: