Семинар бо мушоҳидони миллӣ25-05-2016, 15:00
Хабарро хонданд: 210 нафар
Назарҳо: 0
17-уми майи соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Саридораи давлатии бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мушоҳидони миллии участкаҳои раъйпурсии ноҳияи Фирдавсӣ - намояндагони ҲХДТ семинари омӯзишӣ доир гашт, ки дар он Абдулазиз Одинаев-муовини раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Сайдалӣ Асоев-раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ ва дигар кормандони КИ ҲХДТ дар ноҳияи номбурда ширкат доштанд. А.Одинаев дар мавриди муҳимияти ин чорабинӣ ва моҳияти тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳарф зада, гуфт, ки дар кадом сатҳ доир шудани ин маърака аз фаъолияти мушоҳидони миллӣ вобастагии зиёд дорад. Нисбати ин маъракаи муҳими сиёсӣ ҳаматарафа омода бошем ва зиракиву бедории сиёсиро аз даст надиҳем. Масъалаи сиёсӣ, динӣ ва миллӣ масъалаҳои нозук буда, эҳтиёткориро мехоҳад, гуфт номбурда ва илова намуд, ки ин чорабинии муҳимро мо, пеш аз ҳама барои худ ва барои ояндагон барпо мекунем. Дар раъйпурсӣ мушоҳидони байналмилалӣ, намояндагони ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ ширкат мекунанд. Аз ин рӯ, фарҳанги баланди сиёсии хешро бояд зоҳир созем ва барои дар сатҳи зарурӣ доир намудани ин чорабинӣ мусоидат намоем, таъкид намуд А. Одинаев.
С. Асоев изҳор дошт, ки КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва дар ноҳияи Фирдавсӣ беш аз 12 вохӯриву мулоқотҳоро бо вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва олимони соҳа доир намуда, мардумро аз моҳияти ин чорабинӣ огоҳ сохтанд. Дар фарҷом мушоҳидон оид ба суолҳои пайдошуда посухҳои қаноатбахш гирифтанд. С. Зуҳра |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.