Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj

Ҳамоиш

18-05-2016, 12:07
Хабарро хонданд: 210 нафар
Назарҳо: 0
Ҳамоиш
Кормандони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ таҳти роҳбари Сайдалӣ Асоев, раиси ин Кумитаи иҷроия бо ташкилоти ҷамъиятии «Созандагони Ватан»-и ноҳия бо мақсади омодагию даъват ба раъйпурсии умумихалқӣ зери шиори «Овози ман ҳалкунанда аст» дар ҶДММ «Султони Кабир» ҳамоиш доир намуд. Ба савдогарони бозор нашрияи махсуси «Мароми пойтахт», ки дар он зарурати тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарҳу тавзеҳи он ки хеле коршиносона буд, тақсим гардид. Беш аз 1000 нусхаи ин шумора ба кормандони ин ҷамъият дастрас карда шуда, моҳияти ин маърака ва иштирок дар он таъкид гашт. Зайдулло Насруллоев, муовини раиси КИИ «Султони Кабир» баён дошт, ки сатҳи фарҳангиву сиёсии кормандонашон дар сатҳи хуб қарор дошта, дар маъракаю чорабиниҳои сиёсӣ ширкати фаъолона мекунанд. Умед дорем дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ низ саҳми мусбии хешро мегузоранд. –Мо пайваста ҷиҳати санаҳои муҳим, маъракаҳои сиёсиву миллӣ корҳои тарғибию ташвиқотӣ мебарем, ки ин хоҳу нохоҳ асари хуб хоҳад дошт,-гуфт З.Насруллоев.

Мавриди зикро аст, ки ташкилот то имрӯз 450 аъзо дошта, дар пешбурди кори ҳизбӣ нақши муҳим доранд.
С. Зуҳра
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: