Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » «Корвони тиҷоратии Покистон» дар Тоҷикистон

«Корвони тиҷоратии Покистон» дар Тоҷикистон

25-05-2016, 08:00
Хабарро хонданд: 292 нафар
Назарҳо: 0
«Корвони тиҷоратии Покистон» дар Тоҷикистон
Ибтидои ҳафтаи равон як ҳайати сершумори тоҷирону соҳибкорони Покистон ба пойтахти Тоҷикистон омад.

Бо ибтикори Созмони рушди савдои Покистон ва Палатаи савдо ва рушди Тоҷикистон дар доираи ин сафар рӯзҳои 24 ва 25 май дар меҳмонхонаи «Ҳайят Риҷенси» Намоишгоҳи маҳсулоти Покистон таҳти унвони «Корвони тиҷоратии Покистон», «Ҷашнвораи манго», форуми тиҷоратии соҳибкорони Тоҷикистону Покистон ва барномаи фарҳангӣ доир шуд.


Дар нишасти матбуотие, ки қабл аз оғози Намоишгоҳ доир шуд, Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тариқ Иқбол Сумро дар ҷамъи хабарнигорон гуфт, ки ҳадаф аз баргузори ин Намоишгоҳ рушди муносибатҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, ба хусус Тоҷикистон мебошад. Сафир афзуд: «Тоҷикистон ва Покистон дар Роҳи Абрешим қарор доранд ва сол то сол муносибатҳои ду кишвар дар риштаҳои гуногун, махсусан иқтисод ва тиҷорат густариш меёбад. Ташрифи Сарвазири Покистон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки чанде қабл сурат гирифта буд, гувоҳи он аст, ки таваҷҷуҳ ба Осиёи Марказӣ рӯз то рӯз бештар мегардад».

Ин намоишгоҳ давоми мантиқии бизнес-форумҳои тиҷоратию саноатӣ ва фестивалҳои фарҳангии Покистон дар Тоҷикистон аст, ки моҳи октябри соли 2015 ва апрели соли 2016 дар шаҳри Душанбе доир шуда буд.

Дар доираи ин чорабинӣ намояндагони Вазорати федералии тиҷорати Покистон ва соҳибкорони покистонӣ маҳсулоти 50 соҳаи хоҷагии халқи кишварашон, аз ҷумла номгӯи васеи маҳсулоти соҳаҳои бофандагӣ, чармӣ, варзишӣ, дастӣ, хӯрокворӣ, кишоварзӣ, маснуъоти тиббӣ ва фарматсевтӣ, сохтмон ва масолеҳи сохтмонӣ ва ғайраро ба намоиш гузоштанд.

Дар доираи «Корвони тиҷоратии Покистон» соҳибкорону тоҷирони тоҷику покистонӣ бо ҳам дидору гуфтушунидҳои созандаи ҳамкорӣ доштанд. Инчунин фестивали фарҳангии «Покистон-Тоҷикистон» бо намоиши мӯди тарроҳони покистонӣ ва манго-шоу хотирмон буд.

Ин Намоишгоҳ бори дигар гувоҳӣ медиҳад, ки Тоҷикистон, ки дарвозаи Осиёи марказӣ аст, метавонад на танҳо дар густариши муносибатҳои Покистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, балки дигар кишварҳои ИДМ нақши калидӣ дошта бошад.

Аввалин «Корвони тиҷоратии Покистон» дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла да Тоҷикистон барои тақвияти муносибатҳои минбаъдаи тиҷоратию иқтисодӣ ва рушди саноати Тоҷикистон бо кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай Покистон такони бузурге хоҳад дод. Ҳадаф аз оғоз бахшидан ба лоиҳаи бузурги минтақа КАСА-1000, ки Покистон иштирокчии он аст ва ифтитоҳи хати сайри Душанбе-Лоҳур низ аз ҳамин иборат аст.

Қобили зикр аст, ки тайи солҳои ахир Покистон ҳаҷми савдо бо Тоҷикистонро тавсеъа бахшида, он ба афзоиши ҳаҷми муомилоти дуҷониба мусоидат кард. Соли 2011 ҳаҷми муомилоти мол миёни Тоҷикистону Покистон ҳамагӣ 15 миллион доллар буд. Соли 2014 бошад, он ба 89 миллион доллар расид. Дар назар аст, ки гардиши мол миёни ду кишвар то 500 миллион доллари амрикоӣ афзоиш ёбад.
Алӣ Ҷӯра
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: