Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Мулоқот бо Вазири корҳои дохилии Федератсияи Россия Владимир Колоколтсев

Мулоқот бо Вазири корҳои дохилии Федератсияи Россия Владимир Колоколтсев

24-05-2016, 10:30
Хабарро хонданд: 279 нафар
Назарҳо: 0
Мулоқот бо Вазири корҳои дохилии Федератсияи Россия Владимир Колоколтсев
Субҳи имрӯз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои дохилии Федератсияи Россия Владимир Колоколтсевро, ки барои иштирок дар ҷаласаи ҳайати Мушовараи якҷояи Вазоратҳои корҳои дохилии ду кишвар ба Душанбе бо сафари корӣ ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт.

Дар рафти сӯҳбат масоили вобаста ба ҳолати кунуниву дурнамои ҳамкориҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон ва Россия, ҳамчунин дигар ҷанбаҳои мубрами муносибатҳои ду кишвар мавриди баррасӣ қарор доштанд.

Президенти кишвар аз ҷониби худ аҳамияти таҳкими минбаъдаи робитаҳои миёни вазоратҳои корҳои дохилии ҳарду кишварро дар заминаи боэътимоди муносибатҳои ҳамшарикии стратегии Тоҷикистон ва Россия қайд намуданд.

Ҳамзамон бо ин, ба натиҷаҳои самарабахши фаъолияти муштараки ҷонибҳо дар қисмати анҷом додани амалиётҳои фаврӣ ҷиҳати пешгирӣ кардану ошкор намудани ҷиноятҳо, мубориза алайҳи терроризм, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар намудҳои ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ ишора карда шуд.

Зимнан, Сарвари давлат бо таъкиди як қатор масоили мубраме, ки ҳаллу фаслашон амалҳои минбаъдаи якҷояро тақозо доранд, зарурати идомаи ҳамкориҳои тарафайнро дар самти мубориза алайҳи ҷиноятҳои зикргардида амри зарур донистанд.

Бо назардошти қарорҳои охири Ҳукумати Федератсияи Россия ҷиҳати ислоҳоти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар, аз ҷумла ба сохтори вазорати корҳои дохилӣ ворид намудани хадомоти муҳоҷират, дар рафти сӯҳбат ба масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ низ таваҷҷӯҳи хосса зоҳир гардид.

Дар робита ба ин, татбиқи пайгиронаи тавофуқоте, ки миёни ду кишвар дар ин ҷода ба даст омадаанд, аз ҷумла дар қисмати таҳкими раванди ҳифзи ҳуқуқиву иҷтимоии муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон таъкид гардид.

Президенти Тоҷикистон атрофи ҳодисаи ахири ҳамлаи гурӯҳи ҷиноятӣ ба муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар қабристони Хованскоеи шаҳри Москва, ки дар натиҷа 3 шаҳрванди Тоҷикистон кушта шуда, даҳҳо нафари дигар ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд, бо нигаронӣ изҳори ақида кард.

Сарвари давлати Тоҷикистон таъкидан даъват ба амал оварданд, ки ҷиҳати ба ҷавобгарӣ кашидани ташкилкунандагон ва гунаҳгорони аслии ин латукӯби оммавии шаҳрвандони Тоҷикистон тамоми чораҳои зарурӣ андешида шаванд.

Дар фарҷоми сӯҳбат ҷонибҳо судмандии мулоқоти имрӯзаашонро қайд карда, изҳори боварӣ намуданд, ки ҳамкориҳои сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи ду кишвари дӯст дар оянда низ густариш хоҳанд ёфт.
prezident.tj
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: