Дар мактабҳои Ӯзбекистон баргузории занги охир манъ шуд24-05-2016, 12:00
Хабарро хонданд: 319 нафар
Назарҳо: 0
Омӯзгорон, роҳаброни синфҳо ва мудирони мактабҳо забонхат навиштаанд, ки ба баргузории шабнишиноҳои хатми мактаб ва ҳамчунин ҷамъоварии маблағ аз хонандагони синфҳои 9 барои атои туҳфа ба мудири мактаб ва омӯзгорон роҳ нахоҳанд дод.
Дар суҳбат бо бахши ӯзбекии Радиои Озодӣ як мудири мактаб аз Тошканд гуфтааст, ки ин кафолатномаро Раёсати маорифи халқ талаб кардааст. Ба гуфтаи вай, соли ҷорӣ мақомоти қудратӣ ба мактабҳо кумак мерасонанд ва волидони хатмкунандагон забонхат медиҳанд, ки маблағ ҷамъ нахоҳанд овард. Манъи баргузории шабнишиниҳо барои хатмкунандаҳо ва ҷамъоварии маблағ дар Ӯзбекистон соли аввал нест. Аммо ин боис нашудааст, ки хатмкунандагон аз шабнишинӣ даст кашанд. - Соли ҷорӣ мақомоти қудратӣ ин ҷараёнро ҷиддан назорат хоҳанд кард. Агар шабнишинӣ баргузор шавад, то дарҳол пеши роҳи онро мегиранд. Барои баргузории шабнишинӣ мудири мактаб ва омӯзгорон мумкин аст аз кор маҳрум шаванд. Мудирони мактабҳо дар ин бора ба таври хаттӣ огоҳ шудаанд, - мегӯяд яке аз кормандони Шуъбаи маорифи халқ аз вилояти Самарқанд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.