Ҷавонон – созандагони Ватан22-05-2016, 10:00
Хабарро хонданд: 426 нафар
Назарҳо: 0
Ҳамасола дар кишвари мо рӯзи 23 май ҳамчун Рӯзи ҷавонон ҷашн гирифта мешавад. Ин санаи муборак имсол дар давраи муҳим – раъйпурсии умуихалқӣ рост омадааст.
Бо ибтикори бахши ҷавонон ва варзиши ноҳия, ТҶҶ «Созандагони Ватан» бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 19 майи соли 2016 бахшида ба рӯзи байналмилалии ҷавонон дар маркази ноҳия чорабинии бошукуҳе таҳти унвони «Ҷавон пайрави Пешвои миллатанд» барпо гардид. Дар баргузории он аъзоёни Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ, раиси ноҳияи Панҷ, муовини раиси ноҳия, мудири бахши ҷавонон, аъзоёни ТҶҶ «Созандагони Ватан» , раисони ташкилотҳои ибтидоӣ ширкат варзиданд. Сараввал чорабинӣ аз роҳпаймоии ҷавонони ноҳия бо парчаму даъватҳо ва шиорҳо дар шоҳроҳи марказӣ оғоз гардид. Ҷамъомадро аъзои раёсати Кумитаи иҷроияи ноҳия раиси ноҳия Сайфуддинзода М.К. ҳусни ифтиттоҳ бахшида, оиди қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат» эътироф гардидани Раиси ҲХДТ, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастовардҳои даврони истиқлолият, сулҳу суббот ва амнияти миллӣ гуфта гузашт. Баъдан, муовини раиси ноҳия Шарифзода М.Ш. ва мудири бахши ҷавонони ноҳия Ҳакимов Ҳ. баромад карда, қайд намуданд, ки ҷавонон неруи пешбарандаи чомеа буда, нақши онҳо дар рушди ҳаёти мардум ниҳоят арзишманд мебошад. Қайд шуд, ки дастовардҳои ҷавонони ноҳия дар соҳаҳои маориф ва варзиш хеле назаррас буда, пешравиҳо дар ин ҷода дастгирӣ меёбанд. Ҷамъомад бо ҳунарнамоии хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия идома ёфт. Дар охири чорабинӣ фаъолон аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, бахши ҷавонон ва КИ ҲХДТ дар ноҳия бо ифтихорномаҳо ва тӯҳфаҳои хотирмон сарфароз гардонида шуданд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.