Аёдати ҷавонони маъюб23-05-2016, 14:00
Хабарро хонданд: 346 нафар
Назарҳо: 0
Аёдати калонсолону беморон ва маъюбон дар арафаи ҳар як ҷашну идҳо яке аз анъанаҳои қадимаи миллии тоҷикон мебошад. Бахшида ба «Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон» зери шиори «Ҷавонон пайрави пешвои миллат ва муҳофизони 25 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо сарварии мудири бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, узви Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич Бунафша Қутбиддинова, намояндаи НТҶҶ «Созандагони Ватан» Содирхон Баҳодуров ва гирандагони идрори Президентӣ хонандагони синфи 11-и МТМУ №10 У.Қобилова ва Б.Муллоев, хонандаи синфи 11-и МТМУ №38 М.Саъдуллоева, хонандаи литсейи техники Шоҳруххон Яҳёев барои аёдати ҷавонони маъюб рафтанд. 4 нафар ҷавони маъюби ҷамоати шаҳраки Ғончӣ ва 4 нафар ҷавони маъюби ҷамоати деҳоти Ғазантаракро ба иди ҷавонон муборакбод намуда, тӯҳфаҳои идона тақдим карданд. Аҳлу оилаи онҳо болидахотир гашта, ба иқдомҳои саховатмандона ва мардумпарваронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдории худро баён карданд.
|
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.