Барои ояндаи дурахшон овоз медиҳем!21-05-2016, 12:00
Хабарро хонданд: 215 нафар
Назарҳо: 0
Дар гузаргоҳи марказии ҷамоати деҳоти Фрунзеи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо ҷалби фаъоли ТҶҶ «Созандагони Ватан», комиссияи кор бо занон, ҷавонон ва фаъолони ҳизб Аксияи ҳизбии оммавӣ таҳти унвони “Барои ояндаи боамну озодиву ободии Ватани маҳбубамон Тоҷикистон ва осудагиву хушбахтии худ овоз медиҳем!” гузаронида шуд, ки дар он зиёда аз 1000 нафар иштирок намуданд. Зимни вохӯриҳо қайд карданд, ки ба хотири таъмини амнияти давлат ва зиндагии орому осудаи худ дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ рӯзи 22 – майи соли 2016 фаъолона иштирок хоҳанд кард. Корҳои таблиғотӣ дар ин самт идома дорад.
|
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.