Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Хати пайванди кишварҳо

Хати пайванди кишварҳо

21-05-2016, 09:15
Хабарро хонданд: 283 нафар
Назарҳо: 0
Хати пайванди кишварҳо
Тоҷикистон бо роҳандозии хати интиқоли барқи Осиёи Марказӣ ба кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ (CASA-1000) имкони иртиботи густурда бо ин минтақаро фароҳам мекунад. Ин тарҳро акнун ба унвони хати пайванди кишварҳо низ ном мебаранд.

Субҳи 12 май дар шаҳри Турсунзода бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбай Жеенбеков, Раиси иҷроияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Абдулло Абдулло, Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф татбиқи ин лоиҳаи минтақавӣ оғоз ёфт.

Дар ибтидо роҳбарони кишварҳо ба назди такягоҳи оҳании рамзи ифтитоҳи лоиҳаи минтақавии интиқоли нерӯи барқи Осиёи Марказӣ ба кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ, ки дар сари шоҳроҳи Душанбе - Турсунзода воқеъ аст, мурватҳоро тоб доданд. Сипас бо пахши тугмаи рамзӣ татбиқи Лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи CASA-1000 расман оғоз гардид. Баъдан дар ҳамин ҷо вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода аз лавҳаи фурӯзон меҳмононро бо масири равиши барқ тибқи ин лоиҳа ошно кард.

Дар ин маросим инчунин ҳайатҳои иқтисодию муҳандисии чор кишвар, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, минтақавӣ ва ниҳодҳои байналмилалии молӣ шикат доштанд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ таъкид дошт, ки маросими оғози иҷрои лоиҳаи бунёди хатти интиқоли барқи CASA-1000 барои ҳамаи кишварҳои ширкаткунанда рамзи шурӯи ҳамкории воқеӣ, пайванди тозаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ буда, дорои аҳамияти таърихӣ мебошад.

CASA-1000 аввалин тарҳи муштараки байниминтақавии Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ буда, пайвасти шабакаҳои барқи Тоҷикистон, Қирғизистон, Афғонистон ва Покистонро дар бар мегирад.

Ин тарҳ талафу барҳадар рафтани барқи истеҳсолшуда дар Тоҷикистон ва Қирғизистонро коҳиш дода барои таъмини бештари Афғонистон ва Покистон имкони фароҳам мекунад. Аз сӯи дигар, дар ташаккули бозори энергетикӣ, ба роҳ мондани ҳамкории тиҷоратии кишварҳои шарик, таъсиси ҷойҳои нави корӣ бо назардошти як қатор манфиатҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологӣ ҳиссагузор хоҳад буд.

Ин тарҳ барои Тоҷикистон ва Қирғизистон дар бобати содироти неруи барқи изофӣ дар фасли тобистон ва ба даст овардани даромади воқеӣ имконияти мусоид фароҳам оварда, барои қонеъ намудани талаботи аҳолӣ ва иқтисодиёти Афғонистон ва Покистон бо неруи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза хизмат хоҳад кард.

Дар назар аст, ки ду кишвари фурӯшандаи неруи барқ - Тоҷикистон ва Қирғизистон дар моҳҳои май - сентябр то 5 миллиард киловатт соат ба ду кишвари дигари ҳамсоя медиҳанд, ки аз ин миқдор 3 миллиард киловатт соат барқи Тоҷикистон хоҳад буд.

Ин лоиҳа аввалин иқдом дар ҷиҳати амалӣ намудани маҷмӯи тадбирҳо ва мувофиқаҳои муштарак бо мақсади таҳкими робитаҳои инфрасохтории шабакаҳои барқи кишварҳои минтақаҳои Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ аст.

Тоҷикистон таъмини амнияти энергетикиро аз ҳадафҳои стратегӣ дар бахши ноил гардидан ба истиқлолияти энергетикӣ эълон кардааст, ки бо иҷрои тарҳи бузурги номбурда заминаи муносиби расидан ба он муҳайё мегардад. Дар ин бахш чанд зерсамтҳои фаъолият ҳам маълум шудааст, ки бунёди иқтидорҳои нав, таҷдиду навсозии иқтидорҳои истеҳсолии мавҷуда, кам намудани талафоти нерӯи барқ, сарфаҷӯии барқи истеҳсолшуда, истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия, яъне намудҳои ғайримаъмулӣ, ба монанди энергияи офтобӣ, бодӣ ва васеъ намудани бозори содиротӣ аз он ҷумла мебошанд.

Бо қатъ шудани хати интиқоли барқи кишварҳои Осиёи Марказӣ дар соли 2009, ки Ӯзбекистон ташаббускораш буд, низоми энергетики Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври худкор фаъолият менамояд. Пас аз ин иқдоми кишвари ҳамсоя Тоҷикистон дигар на барқ ворид карда метавонисту на ба дигар кишвар барқ мефурӯхт. Аз ҷумла созишномаи ҳамкорӣ бо Қазоқистон ва Туркманистон дар заминаи фурӯш ва ворид кардани барқ ҳам иҷро нашуда монд. Акнун дар cурати ба иҷро расидани тарҳи «CASA-1000» шароите муҳайё хоҳад шуд, ки кишвари мо дар бозори минтақавӣ мавқеи худро муайян карда таҳким мебахшад. Тоҷикистон аз кишварҳои асосӣ дар иҷрои ин тарҳ дониста мешавад. Мо бо ширкати фаъол дар он ба унвони кишвари содиркунандаи нерӯи барқи аз лиҳози экологӣ тоза ба кишварҳои минтақаи Осиёи Ҷанубӣ шинохта хоҳем шуд. Аз сӯйи дигар, бо фурӯши барқи худ фоидаи иқтисодӣ дида, аз маблағи ба дастомада метавонем, дар роҳандозии тарҳҳои дигари пураҳамияти миллӣ истифода кунем.

Маблағи умумии лоиҳа як миллиард доллар буда, барои иҷрои он Тоҷикистон ҳам ба миқдори 320 миллион доллар бояд сармоя ҷалб кунад. Қирғизистон 209 миллион, Афғонистон 354 миллион ва Покистон ҳам 209 миллион доллар ба ин тарҳ сармоя мегузоранд.

Бунёди хати баландшиддати 500 киловаттии интиқоли барқ аз Даткаи Қирғизистон ба Хуҷанди Тоҷикистон бо дарозии 477 километр аз иқдомоти марҳалаи аввал буда, сипас сохтмони чунин як хат аз Тоҷикистон ба Афғонистон ва аз он кишвар ба Покистон бо дарозии 750 километр ҳам пешбинӣ шудааст.

Бар асоси нақша интиқоли нахустин киловатҳои барқ бо ин хат дар соли 2018 оғоз мешавад ва тарҳи мазкур ба таври пурра дар муддати 4 сол, яъне дар соли 2020 мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад.
Солеҳ Юсуфов
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: