Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Ҳафтаи боздид аз осорхонаҳо

Ҳафтаи боздид аз осорхонаҳо

19-05-2016, 18:00
Хабарро хонданд: 416 нафар
Назарҳо: 0
Ҳафтаи боздид аз осорхонаҳо
Тибқи нақша чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода ва ТҶҶ «Созандагони Ватан» бахшида ба 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Чумҳурии Тоҷикистон дар доираи 25 ҳафтаи корҳои созандагию ободонии Ватан, аз 16 то то 21 майи соли равон «Ҳафтаи боздид аз осорхонаҳо» эълон гардидааст. Дар ҳамкорӣ бо КИИ «Устод» ва ТИҲ «Фарҳангчиён» дар давоми ҳафта мактаббачагони ҳудуди шаҳр ва ҷамоатҳои деҳот аз Осорхонаи марказии шаҳр, Осорхонаи КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» ва Осорхонаи Мирзо Турсунзода, ки дар зодгоҳаш - деҳаи Қаратоғ воқест, боздид ба амал меоянд.

Дар Осорхонаи марказии шаҳр тибқи нақша – чорабинӣ нахустин боздид ба вуқуъ пайваст. Мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар шаҳри Турсунзода Шерзод Зиёдуллоев моҳияти ин чорабиниро ба хонандагони муассисаҳои таълимӣ шарҳ дода, афзуд ки ин чорабинӣ дар ташаккули меҳандустиву худшиносии насли наврас мусоидат мекунад.

Дар анҷоми чорабинӣ бо сарварии Шерзод Зиёдуллоев хонандагон бо нигораҳои осорхона аз наздик шинос шуданд.
«МХ»
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: