Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » «Пунэ» Бадминтон шуду чиниҳо яккатози майдонанд

«Пунэ» Бадминтон шуду чиниҳо яккатози майдонанд

19-05-2016, 08:30
Хабарро хонданд: 276 нафар
Назарҳо: 0
«Пунэ» Бадминтон шуду чиниҳо яккатози майдонандШуғли варзишии Бадминтон аз бозии ҳиндии «Пунэ» сарчашма мегирад. Ин намуди бозӣ дар замонҳои қадим дар Юнони қадим, Хитой ва Япония машҳур буд. Дар асри чордаҳ японҳо ба воситаи ракеткаҳои чӯбин ва олуи хушки ба он пари парранда часпонида шуда бозӣ мекарданд. Сарчашмаҳои таърихӣ маълумот медиҳанд, ки ба меваи дарахти олу панҷ - шаш адад пари мурғобиро часпонида, дар офтоб хушк мекарданд. Василаи дилхушӣ ҳамин тавр пайдо мегардид. Оғоз аз асрҳои миёна то охири асри шонздаҳ дар Англия низ ин намуди варзиш шуғли писандидаи деҳқонон буд. Дар асри ҳабдаҳ ба ин намуди варзиш табақаи дорои кишварҳои Аврупо низ майлу рағбати калон зоҳир менамудагӣ шуданд. Қоидаи нахустин мусобиқа саҳлу содда буд. Ду нафар варзишгар вақти бозӣ кӯшиш менамуданд, ки фақат тӯбча ба замин наафтад. Ин намуди варзиш дар Франсия чунон машҳур буд, ки замоне боиси ихтилофи намояндагони музофотҳои Гиза ва Бурбон гардида буд.

Бозии Бадминтони имрӯза аз соли 1872 ибтидо меёбад. Номи ин шуғли варзишӣ аз мавзеи Бадминтони маҳаллаи Глостошир гирифта шудааст. Герсог Бофорт аз Ҳиндустон ракетка ва тӯби пари парранда доштаро ба ин маҳал оварда домани ин намуди варзишро васеътар сохт. Дар ин макон гурӯҳи афсарони англис ба бозие, ки Бадминтон унвон гирифт, шуғл варзида, сафи иштиёқмандони онро афзун менамуданд. Аввалин қоидаҳои ҳатмии бозии Бадминтон низ аз ҷониби англисҳои мустамликадор солҳои 1860 -1870 дар Ҳиндустон қабул карда шудааст. Пас аз муддате англисҳо дар заминаи Бадминтон бозии нав – теннисро ихтиоъ намуданд. Соли 1887 дар Англия нахустин клуби дӯстдорони Бадминтон таъсис дода шуд. Соли 1893 бошад, Ассосиатсияи байналмилалии Бадминтон арзи ҳастӣ кард.

Акнун дар гӯшаву канори Аврупову Осиё майдончаҳои бозии Бадминтон (кортҳо) ба вуҷуд меомаданд. Машҳуртарин корти онрӯза дар Грилфорд буд. Сол ба сол шӯҳрати Бадминтон боло мерафт. Соли 1898 дар Англия нахустин тӯбчаҳои Бадминтон истеҳсол гардиданд. Барориши аввалини тӯбчаҳои варзишӣ маҳсулоти ширкати Энн Ҷексон буд. Соли 1900 Бадминтон аз шуғли ҳаваскорон ба бозии асосии спортӣ табдил ёфт. Соли 1905 Федератсияи Бадминтони Англия қоидаҳои ҳатмии бозиро тасдиқ намуда, мусобиқаи кушоди Англияро дар Уимблдон мегузаронидагӣ шуданд. Ин навъи бозӣ на танҳо дар Англия, балки дар саросари кишварҳои мустамликаи ин мамлакат паҳн шуда буд. Беҳуда нест, ки аъзои Федератсияи байналмилалии Бадминтон (ИФБ) аз 5 июли соли 1934 асосан кишварҳое буданд, ки дар мустамликаи Англия қарор доштанд. Аз солҳои чилуми асри гузашта то ба имрӯз Кубоки Томас миёни мардон ва Кубоки Убер дар байни дастаҳои мунтахаби занон доир мегардад. Фарқияти бозии байни дастаҳои мунтахаби мардону занон аз он иборат аст, ки мардон дар ин мусобиқа 9 маротиба бозӣ менамоянд, занон бошанд 7 маротиба.

Агар Кубоки Томас аз соли 1948 ибтидо ёфта бошаду дар се сол як маротиба гузаронида шавад, Кубоки Убер соли 1956 ба роҳ монда шуд. Соли 1967 федератсияи аврупоииБбадминтон ташкил карда шуд. Аз соли 1968 дар ду сол як маротиба мусобиқаҳои шахсӣ, аз соли 1972 бошад, мусобиқаҳои дастаҷамъонаи тимҳои мунтахаб гузаронида мешаванд. Дар сатҳи байналмилалӣ низ мусобиқаҳои гуногун доир карда мешавад. Яке аз маъмултарин бозиҳои сатҳи байналмилалӣ ин мусобиқаи кушоди Англия маҳсуб мешавад, ки аз соли 1899 гузаронида мешавад. Аввалин чемпионати ҷаҳон оид ба Бадминтон соли 1977 дар шаҳри Малмёи Шведсия гузаронида шуда буд. Варзишгарони беҳтарини ҷаҳон аз рӯи ин намуди варзиш бадминтонбозони Дания, Индонезия, Британияи Кабир, Малайзия, Шветсия ва Хитой дониста мешаванд. Соли 1992 дар бозиҳои олимпии Барселона Бадминтон ба рӯихати мусобиқаҳои олимпӣ ворид гардид. Дар ин мусобиқаи олимпӣ 4 номгӯи медалҳо барои мусобиқаҳои шахсӣ ва даставӣ миёни мардону занон пешниҳод гардида буданд. Дар олмпиадаи Сидней аз панҷ намунаи медалҳои мусобиқоти олимпӣ чор номгӯи онро варзишгарони Ҷумҳурии Мардумии Чин ба даст оварданд. Ин далел баёнгари он аст, ки дар ин намуди варзиш чиниҳо яккатози майдон ҳастанд.
Маруфи Бобораҷаб
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: