Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Дар Афғонистон эътирозгарон масири барқро "тағйир" медиҳанд

Дар Афғонистон эътирозгарон масири барқро "тағйир" медиҳанд

18-05-2016, 15:00
Хабарро хонданд: 213 нафар
Назарҳо: 0
Дар Афғонистон эътирозгарон масири барқро "тағйир" медиҳандҲазорон нафар аз намояндагои ақаллияти ҳазора дар Кобул раҳпаймоӣ баргузор карда, аз ҳукумат хостанд, то масири хати интиқоли барқро тағйир диҳад.

Эътирозгарон муваффақ шуданд, то ризоияти мақомотро барои тағйири масири сохтмони хати баландшиддати барқе, ки Туркманистонро бо Кобул мепайвандад, ба даст оранд. Мақомот эълон карданд, ки комиссияи махсус то 26 май хулосаашро нашр мекунад.

Ашраф Ғанӣ, президенти Афғонистон ширкатдорони тазоҳуротро барои эътирози оромона ва бидуни хушунат ташаккур гуфт.

Сохтмони хатти баландшиддати нерӯи барқ қисме аз лоиҳаи байналхалқие аст, ки дар ин лоиҳа Туркманистон, Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Афғонистон ва Покистон ширкат доранд. Бино бар тарҳи пешина ин хат аз вилояти Бомиён мегузашт, ки аксари сокинонаш аз қавми ҳазораанд. Баъдан масири хат бо ҳадафи сарфаҷӯӣ дар сохтмон тағйир дода шуд. Мақомот мегӯянд, масири нав муҳлати сохтмонро метезонад ва аз нигоҳи иқтисодӣ миллионҳо доллар сарфаҷӯӣ мешавад.

Дар Афғонистон ҳамагӣ аз 30 то 40 дарсади аҳолӣ бо нерӯи барқ таъминанд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: