Дар Тоҷикистон боз 5 "салафӣ"-ро зиндонӣ карданд18-05-2016, 14:00
Хабарро хонданд: 236 нафар
Назарҳо: 0
Дар мурофиаи додгоҳӣ, ки рӯзи 16 май дар шаҳри Қӯрғонтеппа, маркази вилояти Хатлон баргузор шуд, додрас 5 сокини ҷамоати Узуни ноҳияи Ҷалолиддини Балхиро ба талоши “ғасби ҳукумат” дар Тоҷикистон гунаҳкор дониста, ба муҳлати аз 5 то ба 6 солӣ аз озодӣ маҳрум кардааст.
Додраси парванда Сайфиддин Муҳиддинзода гуфтааст, ки бо назардошти бори аввал ҷиноят содир кардани Абдулҳамид Мунавварови 23-сола, Умедҷон Амонови 24-сола, Сиратулло Саидови 22-сола, Мансур Торунови 26-сола ва Додарбек Муҳаббатови 26-сола ва соҳиби фарзанд будани онҳо додгоҳ ҷазои сабуктар таъйин кард. Ҳарчанд ба гуфтаи вай, ин ҷавонон бояд дар зиндони низомаш сахт нигаҳдорӣ мешуданд. Додситон дар ҷараёни мурофиа гуфта, ки ин сокинони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар маҳфилу масҷидҳо ғояҳои ифротии ҷараёни Салафияро тарғиб мекарданд. Аз ҷумла аз мардум даъват менамуданд, ки тарзи намозгузорияшонор тағйир диҳанд ва барои хешовандони фавтидаашон худоӣ ва дигар маърака накунанд. Ба гуфтаи Муҳиддинзода, гӯиё аз хонаи айбдоршавандаҳо китобҳои равияи салафия, диску наворҳои тарғиботии ин ҳаракатро пайдо ва мусодира кардаанд. Онҳо рӯзи 11 феврали соли равон дастгир шудаанд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.