Брейвик ҳукумати Норвегияро ба додгоҳ кашонд28-03-2016, 09:00
Хабарро хонданд: 259 нафар
Назарҳо: 0
Имрӯз дар додгоҳи норвегиягӣ бояд террорист Андерс Брейвик суханронӣ кунад. Вай барои таркиш дар маркази шаҳри Осло ва қатли 77 нафар ба 21 соли зиндон маҳкум шудааст.
Қотили оммавӣ Андерс Беринг Брейвик акнун дар додгоҳ ба унвони даъвогар суханронӣ мекунад. Вакили дифои вай иддао дорад, ки бо зерҳимояаш рафтори ғайринсонӣ сурат гирифтааст. Соли 2011 Брейвик нахуст бо таркиш дар маркази шаҳри Осло ва сипас тирпарронӣ дар осоишгоҳи тобистонаи ҷавонон дар ҷазираи Утойя 94 нафарро кушт. Брайвик баъд аз эълони ҳукми 21 соли зиндон бори аввал соли 2012 дар расонаҳо пайдо шуд. Вай баъд аз он, ки маъмурони пулис дар толори ҷаласаи додгоҳ дастбандро аз дасташ кушоданд, ба таври миллатгароёни фашист салом дод. Брейвики 37-сола мегӯяд, ки ҳукумати Норвегия бо нигаҳдории вай дар утоқи якнафарӣ ду муқаррароти Қатъномаи аврупоии ҳуқуқи инсонро вайрон мекунад. Додситонӣ ин иддаои ӯро рад мекунад. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.