Ҳалокати низомии рус дар Хумси Сурия17-05-2016, 12:00
Хабарро хонданд: 237 нафар
Назарҳо: 0
Мақомоти Русия аз ҳалокати як низомии худ дар натиҷаи ҳамлае дар вилояти Хумси Сурия хабар доданд.
Тавре Вазорати дифои Русия рӯзи чаҳоршанбеи 11 май иттилоъ дод, Антон Еригин, ки дар натиҷаи як ҳамлаи ҷангҷӯён ҷароҳати вазнин бардошта буд, дар беморхона ба ҳалокат расидааст. Тибқи иттилои ин вазорат, Еригин корвони мошинҳои Маркази Русия барои сулҳ дар Сурияро ҳамроҳӣ мекардааст. Расонаҳои хабарӣ аз гуфтаҳои намояндаи пойгоҳи ҳавоии низомии Русия дар вилояти Латакияи Сурия иқтибос овардаанд, ки мегӯяд, табибони пойгоҳ барои наҷоти ҷони Еригин давоми ду рӯз талош карданд. Ба гуфтаи ӯ, ҳоло исми ин низомии рус барои дарёфти ҷоизаи давлатӣ баъд аз марг пешниҳод шудааст. Тибқи иттилои расмии мақомоти рус, Антон Еригин 9-умин низомии ин кишвар аст, ки аз оғози амалиётҳои низомии Москва дар Сурия кушта мешавад. Амалиётҳои низомии Русия дар қаламрави Сурия моҳи сентябри соли 2015 оғоз гардида буд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.