Пули нақд аз байн меравад?16-05-2016, 14:00
Хабарро хонданд: 287 нафар
Назарҳо: 0
13 маи соли равон аз ҷониби Бонки Миллии Тоҷикистон ва ва ширкати байналмилалии VISA-и Ҷумҳурии Қазоқистон барои рӯзноманигорон семинари омӯзишӣ таҳти унвони «Асосҳои пардохтҳои электронӣ» баргузор гардид. Семинар таҳти корбарии Директори калони School of Public Polisy барои кишварҳои Аврупои Марказӣ ва Шарқӣ, Ховари Наздик ва Африқо ҷаноби Маҷид Ҳуҷайр ҷараён гирифт.
Гуфта шуд, ки ширкати VISA айни замон оид ба хидматрасониҳои ғайринақдӣ дар ҷаҳон пештоз буда, дар зиёда аз 200 кишвари дунё амалиёти пулӣ мегузаронад. Айни замон дар тамоми қитаъоти олам зиёда аз 2,5 миллиард нафар аз хидматрасонии он истифода бурда, 38 миллион нуқтаҳои савдо ба пардохтҳои электронӣ пайваст шудаанд. Таърихи пардохти ғайринақдӣ аз соли 1958 манша мегирад, ки аз ҷониби Bank of Amerika дар яке аз фурӯшгоҳҳои штати Калифорнияи ИМА аввалин маротиба пардохти ғайринақдӣ бо маблағи 300 доллар сурат гирифта буд. Аз ҳамон замон чунин хидматрасонӣ доимо дар ҳоли рушд аст. Рушди илму технология шакли нави муомилоти пулиро тақозо мекунад. Исбот карда шудааст, ки муомилоти нақдӣ дар замони тараққиёт ва пайдо шудани технологияҳои муосир аз ҷиҳати иқтисодӣ манфиатовар нест ва акнун бояд ба шакли нави пардохтҳо гузашт. Яъне, гардиши озоди пули нақд ҳоло нишонаи ақибмондагӣ аст ва ба иқтисодиёти кишвар зарарнок маҳсуб мегардад. Тариқи мисол, яке аз соҳаҳои даромадноки кишвар метавонад туризм бошад, аммо набудани системаи фарогири хидматрасониҳои электронӣ ба рушди он таъсири манфӣ мерасонад, чун сайёҳ ҳеҷ гоҳ бо худ маблағи калони нақдиро намегирад. Ҳоло зиёда аз 15 ҳазор бонкҳои ҷаҳон бо VISA ҳамкорӣ дошта, дойираи фаъолияти он васеъ мегардад. Роҳандозии чунин усули муосири пардохтҳо талаботи замон буда, ҷалби бештари сармоя ба кишвар ва афзун гаштани ташрифи сайёҳону соҳибкоронро таъмин хоҳад кард. Бунёди чунин система он қадар мураккаб нест-бояд заминаи ҳуқуқӣ-меъёрӣ гузошта шуда, муносиботи молиявии мизоҷон аз ҷониби Бонки Миллӣ танзим ва ба роҳ монда шавад. Шумораи мизоҷон чи қадаре зиёд гардад, рушди иқтисодиёт низ вусъати нав пайдо хоҳад кард. Тайи 50 соли ахир ширкат корҳое ба субут расонидааст, ки пеш ғайриимкон менамуд. Аз кишварҳое, ки қариб пурра ба системаи муосири пардохтҳо гузаштаанд, метавон мамолики Скандинавия, Австралия ва монанди инҳоро номбар намуд. Айни замон дар Австралия 70% транзакция (амалиёти пулӣ) ғайринақдӣ сурат гирифта, чунин ҳол дар бисёр кишварҳои мутараққӣ ва рӯ ба рушд сурат мегирад. Дар 38 миллион нуқтаҳои савдои ҷаҳон, ки ба системаи муосир гузаштаанд, ҳаҷми савдои яклухти онҳо солонаи 4,9 триллион долларро ташкил медиҳад ва ин нишондод афзоиш дорад. Дар тамоми олам имрӯз 4,5 миллиард нафар тариқи кортҳо амалиёти молиявии худро анҷом медиҳанд. Мақсади асосии гузаштан ба шакли нави пардохтҳо ин мусбият (эффективность), бехатарӣ, арзон будани он ва ба назар гирифтани тағйироти технологияҳо аст. Дастрасӣ ба интернет ва хидматрасониҳои мобилӣ имрӯз корҳоеро ба анҷом мерасонанд, ки пеш ғайриимкон ба назар мерасид ва муносиботи молиявии мизоҷонро сода карда, вақти онҳоро сарфа мекунад. Умуман, гардиши нақдии маблағ нишонаи қарни гузашта буда, чунин система акнун куҳна аст ва бояд ҷои худро ба системаи пардохтҳои муосир супорад ва ин ногузир буда, марҳилаи ҷадиди муносиботи иқтисодиро таҷассум мекунад. Дар анҷоми семинар ба рӯзноманигорон аз ҷониби намояндагони ширкати байналмилалии VISA сертификатҳо супорида шуданд. Азамат Дӯстов |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.