Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Баррасии моҳият ва аҳамияти лоиҳаи «CASA-1000» дар Душанбе

Баррасии моҳият ва аҳамияти лоиҳаи «CASA-1000» дар Душанбе

11-05-2016, 15:54
Хабарро хонданд: 403 нафар
Назарҳо: 0
Ҳамоиш дар мавзӯи «CASA-1000» ва дурнамои ҳамкориҳои минтақавии энергетикӣ» дар бинои Китобхонаи миллӣ ба кори худ шурӯъ кард. Тавре ки АМИТ «Ховар» қаблан иттилоъ дода буд, дар кори ҳамоиш намояндагони чор кишвари иштироккунандаи Лоиҳаи «CASA-1000» – Тоҷикистон, Қирғизистон, Афғонистон ва Покистон дар сатҳи вазирон, ҳамчунин роҳбарони баландпояи шарикони лоиҳа — Бонки ҷаҳонӣ, Бонки исломии рушд, Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, Бонки аврупоии сармоягузорӣ, намояндагони ҳукуматии Британияи Кабир ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, котиботи Шӯрои байниҳукуматӣ, ташкилоти Паймони неру ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок доранд.

Иштирокдорони ҳамоиш ҷанбаҳои гуногуни иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва рӯзмарра будани татбиқи лоиҳаи «CASA-1000»-ро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.

Хотиррасон мешавем, ки пагоҳ дар Душанбе маросими расмии татбиқи лоиҳаи «CASA-1000» бо иштироки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф, Раиси Ҳукумати ваҳдати миллии Афғонистон доктор Абдулло Абдулло ва Сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбай Жээнбеков баргузор мегардад.
©khovar.tj
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: