Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Гадоҳои шаҳри мо

Гадоҳои шаҳри мо

7-04-2016, 11:25
Хабарро хонданд: 607 нафар
Назарҳо: 0
Гадоҳои шаҳри мо
Саҳар ҳангоми ба кор омадан, раҳораҳ дар яке аз марказҳои интиқоли пул чанд сомонӣ ба телефони худ гузарондам. Ҳанӯз аз назди дастгоҳи худкор дур нашуда будам, ки ду зан-яке ҷавону дигаре миёнасол пеши роҳамро гирифтанд.

-Ака, мо ба Қурған мер(ав)ем, пул надорем, ягон сомонӣ барои мошинпулӣ намедиҳӣ?

Ин ки якбора дар рӯ ба рӯям пайдо шудани ду шахси ношинос худ ногаҳонӣ буд, аммо ин хоҳиш дучанд ҳайронам кард. Лаҳзае худро гум кардам. Замоне ба худ омадам ба ёдам расид, ки пули иловагии барои харҷи рӯз аз хона гирифтаамро ба телефон гузарондам. Ба ин далел ба таассуф гуфтам, ки агар дақиқае пеш хоҳиш мекардед, ин пулро ба шумо медодам. Акнун дигар чунин имконро надорам. Ҳоло агар ба шумо пул диҳам, магарам, ки нимарӯз чизе нахӯрам ё пас аз кор то хона пиёда равам.

Албатта, ради хоҳиш ба ин ду бону хуш наёмаду ҳамон гуна, ки рӯ ба рӯям пайдо шуда буданд, ба ҳамон зудӣ аз назарам дур рафтанд.

Бо ин андеша, ки кори хубе нашуд, ки аз саҳар ҳоҷатеро набаровардам, роҳ мерафтам ва чашмам афтид, ки он ду пеши роҳи нафари дигареро гирифтаанд. Фақат акнун ба сарам зад, ки онҳо ба ҳеҷ ваҷҳ корафтодаю ҳоҷатманд нестанд, ҷое ҳам намераванд, балки шуғли талбандагӣ доранд.

Ҳамкори пешинам Қосими Бекмуҳаммад низ чунин як ҳолатро боре нақл карда буд:

-Дар истгоҳ ба зане, ки шояд интизори нақлиёт буду ба назарам бечораҳол менамуд, ба нияти садақа пуле додам. Аммо аз наздаш ҳанӯз чанд қадам дур нашуда, ҷавонзани дигаре ҳам пайдо шуду дасти тамаъ сӯям дароз кард. Ҳайрон будам, ки ӯ ба ин зудӣ аз куҷо пайдо шуд, чунки дар истгоҳ фақат як нафарро дида будам. Маҷбур ба он зан ҳам чизе додам. Талбандагии ин зан он хушнудиеро, ки вақти пул додан ба аввалӣ пайдо шуда буд, аз байн бурд. Ин ҳам бас набуд, ки пас аз чанд рӯз ҳамон зани талбанда бо ҳамон арз, ки «Фарзанди бемор дорам, ёрдам кунед», дар назди ҳамон истгоҳ боз дар рӯ ба рӯям пайдо шуда, пул талабид… Чун рад кардам, бо ҳамон шасте, ки пешам омада буд, аз назарам дур шуд.

Бисёриҳо шахсонеро аз ин гурӯҳи талбандаҳо, ки якбора пайдо ва зуд аз назар гум мешаванд, борҳо дучор омадаанд. Зеро тарзи «кор»-ашон ҳамин аст.

То ин дам борҳо мардони миёнасол ва ҷавононеро дучор меомадам, ки аввал салом дода, пас аз он баҳонае ба шакли достон пеш оварда, пул металабанд. Ин шакли гадоӣ пеш ҳам буд ва имрӯз ҳам ривоҷ дорад, аммо истифодаи шаклҳои нави гадоӣ чӣ аз сӯи занон ва чӣ мардон дар чанд даҳсолаи ахир зиёд «ихтироъ» шудааст.

Маъмултарин баҳонаю ривояти ин гуна талбандаҳо бемор будани фарзанд, зан, модар ва ниёз доштан ба ёрии пулӣ аст.

Гадоӣ чист ва гадоҳо кистанд?
Эҳтимолан, гадоӣ аз шуғлҳое аст, ки ҳамзамон ба шаклгирии ҷамъияти инсонӣ пайдо шудааст. Дар давроне, ки афроде бо зӯр молу маводи дигаронро мегирифтанд, дар баробари онҳо нафароне ҳам бо беҳавсалагӣ, коҳилӣ, беҷасоратӣ мезистагӣ шуданд. Ин қабил одамон ба ҷуз талбандагӣ ва чашм ба чизи дигарон дӯхтан роҳи дигаре ба назарашон наметофт. Ақли соддаи мо чунин натиҷа мегирад, ки талбанда будан баробари амали ахозӣ (рэкетир) пайдо шуда, агарчӣ ба назар ду қутби ба ҳам муқобил бошанд ҳам, вале дар воқеият як чиз ҳастанд: якеҳо бо зӯр, таҳдиду даҳшатафканӣ зада мегиранд, дигариҳо бо бечораҳол нишон додани худ аз раҳму шафқати шумо истифода мекунанд…

Аз рӯи мушоҳидаҳо, гадоӣ шаклҳои гуногунро дорад. Роҳу шеваи соддаи он дасти талаб дароз кардан, ҷое кулоҳ (ё рӯмол) пеш гузошта, сокит нишастан аст (ҳоло ба ин амали содда пас аз гирифтани садақа даст ба рӯй кашидан илова шуда).

Ин шакли гадоӣ техника ва маҳорати зиёд наметалабад ва дар ҳама ҷо ба кор бурда мешавад – сари роҳ, даруни нақлиёт, аксари ҷойҳои ҷамъиятӣ… Афродеро, ки аз ин амал истифода мекунанд, аз ҷумлаи мӯйсафедон, кампирҳо, занону духтарон, ҷавонон ва кӯдакон… дар ҳама ҷо дидан мумкин аст. Аммо назди беморхона ва дармонгоҳҳо, масҷиду ошхонаҳо, бонку истгоҳҳо, гузаргоҳҳои зерзаминӣ чорраҳаҳои мошингузар ва маҳали чароғакҳои роҳ макони «кор»-ашон аст. Дар паҳлӯи ҳар гузаргоҳу чароғакҳои роҳҳои мошинрав ҳам меистанд ва аз ронандагоне, ки барои чанд сония таваққуф мекунанд, чизе металабанд ва аз рӯи «мӯд» даст ба рӯй ҳам мебаранд. Ҳар чӣ диҳӣ, бо ризоият мегиранд ва баъзеашон пас аз гирифтани садақа ким- чӣ зери лаб гӯё мехонанд ва даст ба рӯй мекашанд.

Чунин ба назар мерасад, ки агар иқдомоти пешгирандаи ин амал аз сӯи маъмурони интизомӣ ҳар сари чанд вақт дар роҳу хиёбонҳои шаҳр анҷом нашавад, дар рӯ ба рӯи ҳар сокини шаҳр, ҳар ронанда як не, чанд талбанда зуҳур мекунад. Тавба кардам, аммо гоҳе чунин ба назар мерасад, ки баъзе рӯзҳо тамоми дардманду маъюб ва бечораҳо гӯё ба шаҳр мерезанд…Хурдагирии мо ба онҳое, ки воқеан ниёз ба ёрӣ доранд, дахл надорад, аммо ҳангоме, кас мебинад, шумори афроде, ки ин шуғли нангинро пешаи худ кардаанд, сол ба сол зиёд мешавад, ана ин чиз нигаронии моро бештар мекунад.

«VIP»- гадоҳо
Шакли дигари талбандагӣ ва гурӯҳе аз гадоёне ҳам ҳаст, ки «фаъолият»-ашон камтар ба чашм мерасад, вале даромади онҳо хеле бештар аз гадоҳои оддӣ аст.

Намунаи ин гурӯҳ ҳамон «қаҳрамон»-и саҳнаест, ки Аловиддин бозидааст (ибораи эътирозомези қаҳрамони ин саҳна «Чӣ, тӯйи бачата аз ҳисоби мо мекунӣ?», нафақат боиси ханда, балки ангезае барои андеша ҳам бояд бошад). Талаби ин қабил гадоҳо таҳдид ҳам дорад. Инҳо, ки умдатан муллонамо мегарданд, хона ба хонаи мақомот мераванд, назди бонку даромадгоҳҳои идораҳо танҳо чанд дақиқа меистанд ва аз мақому мансабдороне, ки мешиносанд, пул мекананд ва «дуо» медиҳанд.

Баъзеҳо ба маҳали кори мақомоти идораҳои БДА, андоз ва гумрук роҳ меҷӯянд ва дар сурати «ҷӯрагӣ» пайдо кардан «назрхӯр»-и ҷайбашон мешаванд. Ҳар гоҳ фурсат ёфта, дар ҳаққи гузаштагони ин ё он мақом ва роҳбарони идораҳои шиносҳояшон дуо мекунанд ва ҳақ мегиранд.

Наим Неъматзода, коршиноси масоили иҷтимоӣ ин гурӯҳи талбандаҳоро, ки ҳамеша хуб мепӯшанду олуфта мегарданд, «VIP»- гадоҳо медонад ва мегӯяд: - Инҳо, ки хуб мепӯшанд, гадоӣ барояшон «хобби» ё шуғле барои даромади иловагӣ аст. Ин тоифа, ки ба пулу даромади калони муфт одат доранд, гирифтани пули майдаро барои худ таҳқир медонанд. Раису вазир, бонкдору соҳибкорон ва тоҷирони калон «сайд» ва рӯзҳои иду маърака, ба вазифаи нав таъин шудани «мизоҷ» замони муносиби корашон аст. Баъзе аз пулдорон, закоти молашонро ба ин қабил нафарон медиҳанд ва бовар доранд, ки кори дурусте мекунанд, ҳол он ки шароити закот, тарзи додани садақа чунин чизеро тавсия намекунад.

Ин қабил гадоҳоро ҳамчунин қулдур (рэкетир) метавон шумурд. Инҳо, ки фақат ба зада гирифтан одат доранд, кӯшиш мекунанд, ки ба касе чизе надиҳанд ва ҳамаро дар баробари худ қарздор мепиндоранд.

Чанд рӯз пеш ба маршрутка савор шудам. Пас аз ман нафаре муллонамо, бо ришаке ба рӯй ва ҷелаке бар тан низ савор шуд. Чун чанде роҳ рафтем, пулчинаки мошин, ки худ ҳам марди миёнасоле буд, ба он нафаре, ки баъди ман савор шуд, муроҷиат карда, пурсид: - Ака, роҳкироя намедиҳӣ?

Он мард, ки чандон калонсол ҳам набуд, ба шиддат гуфт: - Додам ку.

Пулчинак чанд сомонии дасташро шумурда, боз савол кард, ки «Кай додӣ? Инро дигарон доданд.»

Муллонамо мулзам нашуда ҷавоб дод: - Дуо додамат- ку!
Пулчинак ба сар то пои мусофир нигарист, тааҷҷуб кард ва ба ғайр аз сар ҷунбондан илоҷи дигаре наёфт.

Ба зеҳни мо, ки аз хурдӣ ҳамон «чип»-и ҳурмат ва тобеият ба дуоро ҷо кардаанд, дар бисёр маврид қаллобону қулдурон аз ин ҳассосият хеле хуб ба фоидаи худ истифода мебаранд.

Гадоҳое бо маҳорати актёрӣ
Гадоҳоеро бо маҳорати артистӣ дар сари роҳу кӯча зиёд дидан мумкин аст. Занеро мебинам, ки дар кӯчаҳои шаҳр зимистону тобистон ин ҷою он ҷо худро ба замин партофта, бо дастони ларзон металабад. Гумон мекунӣ, ки бо ин сару либос чанд лаҳза пеш аз саҳнаи «Эдип» берун омадааст. Ҷавонзани дигарро мебинам, ки таронаҳои бадард мехонад. Боз як ҷавонзан, гӯё ки гунг аст, пеши бар навиштаеро гирифта мешинад ва аз ману шумо имдод металабад ( ӯро пеш вақт нишаста дар кӯчаҳо медидам, аммо ба наздикӣ дар яке аз роҳравҳои бемористони Қараболо дучор омадам, мазмуни таблои дар дасташ ҳамон буд, ки буд: «Фарзанди бемор дорам, ёрдам кунед.»). Мегӯянд, баъзе аз талбандаҳо даст ва пои худро маъюб нишон дода, дар кӯча мешинанд. Ин гуна талбандаҳоро ман худ надидаам, аммо инро медонам, ки марде рӯи аробачае хурд, фақат бо нисфи болои бадан гоҳе дар хиёбонҳо мегардад, аз касе чизе наметалабад, вале мардуми бо шафқат ба имдодаш мерасанд…

Гадо - «невидимка»
Ҳолатеро дидам, ки ба ҷуз ин унвон ба тарзи дигар намешавад ном бурд. Ин зан дар рӯзҳои намози ҷумъа ва намози ид назди масҷиди Яккачинори шаҳр мешинад. Синусолаш маълум нест. Чунки сару рӯяшро бо чодари сафеде чунон печида мешинад, ки ҳатто чашмонашро ҳам намебинӣ. Ба кӣ садақа мекунед, барои кас номаълум мемонад. Аммо иттифоқан боре аз ҷой хестану чанд қадам гузоштанашро дидам, ки хеле чолокона мерафт ва ҳеҷ ба нафари муҳтоҷ монанд набуд. «Тавону дар намон» таъбир ва шиори баъзеҳо дар зиндагӣ аст ва ин бонуи дар чодар печида ҳам то ҷое метавонад, аз он истифода мекунад. Як- ду соат ин ҷо бо сару рӯи пӯшида нишастану баъд хеста, аз пайи кори худ шудан зараре надорад ва чанд сомоние, ки аз мардуми содда ва зери таъсири «чип»-ҳои дар мағзамон буда ҷамъ мекунад, дар як гӯшаи рӯзгораш ба кор меравад. Аз ду сар касе ӯро бо ин пӯшиши либос намешиносад ва нафрин ҳам намехонад…
Савоби садақа аз кӣ бештар мерасад?
Мо иштибоҳ мекунем, ки ба худ мегӯем: «гадоҳоро хуб мешиносем ва ҳар нафаре, ки дасти талаб кушода, чизе мехоҳад дар ҳақиқат аз нафарони муҳтоҷу бечора аст. Ба пиндори мо, ҳар фарде, ки чизе мехоҳаду бар ивазаш гӯё дуои хайр мекунад ва ё арзи бечораҳолӣ мекунаду металабад, дар воқеъ бечораю ниёзманд аст. Бо вуҷуди ин дар рӯзҳое, ки аз куҷо ва чӣ касе будани талбандаҳо дигар мушаххас нест, боз ҳам кӯшиш бояд кард, ки садақаи шумо ба онҳое бирасад, ки дар ҳақиқат ниёз доранд ва пас аз он ки чизе медиҳед, рӯҳатон биболад ва қалбатон шод шавад.

Муҳаммадӣ Муқимов, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ки мушоҳидаҳои зиёде аз рафтору амали ин қишри ҷомеа дорад, мегӯяд: - Дар гузашта фақат қабилаи ҷӯгӣ гадоӣ мекард ва ин амал барои намояндагони дигар қавму миллатҳо ор ва айб буд. Аммо дар даврони ҷанги дохилӣ ва сипас дар чанд соли ахир ҳамин марзи нанг бар асари мушкилоти рӯзгор шикасту нангу номус гуфтанӣ чиз, ки дар баробари виҷдон дар зеҳну рӯҳияи ҳар шахс вуҷуд дошт, аз байн рафт.

Ба андешаи ӯ, тағйири низоми сиёсию иқтисодӣ, афзоиши бекорӣ, дигар шудани арзишҳо боиси густариши ин амали нангин дар ҷомеа шудааст. Ҳоло дар баробари онҳое, ки пушт ба пушт гадоӣ мекунанд, қишри наве, мутаассифона шакл мегирад, ки ин амалро шуғле барои рӯзгузаронӣ интихоб кардаанд.

Мусаллам аст,ки садақа додану хайр кардан дар замонҳои қабл аз дини мубини ислому то нозил шудани китоби Қуръон ҳам будааст. Аммо ин китоби осмонӣ аст, ки хеле мушаххасу дақиқ шароиту ҷойгоҳи ин амалро таъин карда ва фармудааст, ки ба чӣ касоне садақа додан савоби бештар дорад. Мо фақат яке аз фармудаҳоро иқтибос мекунем ва бовар дорем, ки шарҳи муносибу дақиқ дар ҷиҳати дарки бисёре аз навиштаҳои боло хоҳад буд: «Садақа аз ниёзмандоне аст, ки дар роҳи худо аз кор мондаанд ва аз рафтан нотавонанд. Ноошноён бениёзашон мепиндоранд, вале онҳоро ба рухсор мешиносӣ, ки ҳаргиз боисрор аз мардум дархост намекунанд ва ҳар моле, ки (ба онҳо) бубахшед, худованд аз он огоҳ аст»
.
Мақсади мо аз навиштаҳои боло ҳам ин аст, ки садақа бештар ба ниёзманду муҳтоҷон бирасад, на ба онҳое, ки дасту бозуи тавоно ва чашми бино доранд, вале талбандагиро пешаи худ қарор додаанд.

Боре дар як мусоҳиба аз рӯҳонии маъруф Ҳоҷӣ Исмоил Пирмуҳаммадзода савол кардам, ки мегӯянд ба ҷӯгиҳо додани садақа дуруст нест. Назари шумо чист? Ин шахсияти рӯҳонӣ бо ишора ба фармудаҳои қуръонӣ посух дод, ки садақа ба суди худатон аст ва ба ҷуз ризои худо садақа накунед. Баъд таъкид кард: - Боз ба ин ният садақа кунед, ки худованд шуморо диҳанда дораду талбанда накунад.

Воқеан, рӯҳияи инсон сарфи назар аз он ки чӣ гуна аст ва чӣ ҳолати равонӣ дорад, ҳамеша ба сӯи амали хубу кори хайр тағйир меёбад. Дар сангинтарин дил ҳам гоҳе ангезаи меҳрубонӣ пайдо мешавад ва мехоҳад, ки ба нафаре аз худ бенавотару бечоратар ва ниёзмандтар мадад расонад. Амали хайр аз ҳидоятҳое аст, ки инсонро дар ҷомеа арҷманд ва рӯҳияаашро болида месозад. Мутаассифона, афроди ҳушёру заранг ҳатто аз ҳолатҳои раҳмдилии инсонҳо ҳам ба суди худ истифода мекунанд.
Солеҳ Юсуфов
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: