Даъват ба саҳмгузорӣ ба пояи бузурги ҷомеаи навини тоҷикон23-10-2015, 06:00
Хабарро хонданд: 542 нафар
Назарҳо: 0
Бо дарназардошти вазъи феълии ҷомеа ва фазои сиёсии кишвар, саҳмгузор будан дар тарбияи руҳияи ватандӯстии ҷавонон, пос доштани арзишҳои миллию давлатӣ, сафарбар намудани қувваи созандаи онҳо ба корҳои хайри ҷамъиятӣ ва огоҳ намудани онҳо аз хатарҳои замони муосир, ки бештар вақт ба руҳияи ҷавонон таъсири манфӣ мерасонанд, кумитаи иҷроияи ХХДТ дар шаҳри Турсунзода нақшаи нави кории мулоқотҳои аъзоёни гуруҳи таблиғотчиёнро тасдиқ намуд.
Дар он, пеш аз ҳама баргузории мулоқотҳо, дар ташкилотҳои ибтидоие, ки бештаринашонро ҷавонон ташкил медиҳанд ва муассисаҳои таълимӣ-касбию мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ба назар гирифта шудааст. Қаблан дар доираи иҷроиши бандҳои ин нақша кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Турсунзода бо иштироки ҳайати омӯзгорон ва муҳассиллини коллеҷҳои омӯзгорӣ, тиббӣ ва металлургӣ, литсейи касбӣ-техникии шаҳр доир намуд. Имрӯзҳо бошад, аз рӯйи нақшаи тасдиқгардидаи таблиғотчиёнӣ кумиҷроия, дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ мулоқотҳо бо фарогирии бештарини ҷавонони аъзо, кормандони муассисаҳо ва сокинони шаҳри Турсунзода мулоқотҳоро оғоз намуд. Дар рӯзномаи вохӯриҳо рӯйдодҳои рӯзмаррае, ки ба шаҳри Турсунзода ва ҷумҳурӣ низ вобастагӣ дорад, гузошта шудааст, аз ҷумла, дар назар аст, ки мақсад ва вазифаҳои сафарҳо ва гуфтушунидҳои Сарвари давлат, Ҷаноби олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишварҳои хориҷ фаҳмонида дода шавад. Дигар ин ки, дар рӯзнома омилҳо ва оқибатҳои падидаҳои номатлуб, аз қабили рӯйдодҳои ногуворе, ки нимаи аввали моҳи сентябри соли равон ба амал омада буд ва гароиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, гузошта шудааст. Дар ҳамоишҳо мутахассисони соҳавӣ, мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи шаҳр Х. Уракова, мудири бахши кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳр, раиси ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ТИҲ «Ватандор» Ҷ. Равшанов ва ҳамзамон кормандони масъули Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода – М. Маҳмадшоев, Ш. Зиёдуллоев, С. Маҳмадов С. ҷалб ва сафарбар гардидаанд. ©Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Турсунзода |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.