Вохӯрии номзад30-03-2016, 17:15
Хабарро хонданд: 943 нафар
Назарҳо: 0
Вохӯрии номзади ҲХДТ ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насриддинзода Эмомалӣ Сайфиддин бо интихобкунандагони шаҳракҳои Р.Набиев, 70-солагии Душанбе ва маҳаллаҳои Хуҷандӣ ва Пахтакори ноҳияи Синои шаҳри Душанбе
Тибқи ҷадвали баргузории вохӯрии номзадҳо оид ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаи интихоботии якмандатаи Фирдавсӣ №1 доир гардида истодааст. Бояд қайд намуд, ки дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ 17 участкаи интихоботии якмандатаи ноҳияи Сино иштирок намуда, ба тарафдории номзадҳои арзандаи хеш овоз медиҳанд. Қобили зикр аст, ки дар баробари вохӯриҳои якҷояи номзадҳо аз чор ҳизби сиёсӣ, инчунин тибқи ҷадвали муштараки Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино ва Фирдавсӣ вохӯрии номзади ҲХДТ ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насриддинзода Эмомалӣ Сайфиддин шурӯъ аз 18-март то 06–апрели соли ҷорӣ роҳандозӣ гардидааст. Вобаста ба ин санаи 18 марти соли 2016 дар толори Маркази тибби шаҳрӣ ба номи А.Каримов бо интихобкунандагони шаҳраки Раҳмон Набиев ва Хуҷандии ноҳияи Сино доир гардид. Ҳамчунин санаи 28 марти соли 2016 дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №91 бо интихобкунандагони шаҳраки 70-солагии Душанбе ва маҳаллаи Пахтакори ноҳияи Сино баргузор гардид, ки зимни он Изатулло Маҳмудов - шахсони бовариноки номзад дар бораи муаррифинома ва аз рӯи фишурдаи Барномаи пешазинтихоботии номзад Насриддинзода Эмомалӣ Сайфиддин дар назди интихобкунандагон баромад намудан. Сипас, Н.Назаров – раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Сино ва С.Асоев – раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ зимни баргузории вохӯрӣ баромад намуда, аз ҳамаи интихобкунандагон даъват намуданд, ки дар баробари иштирок дар интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дар маъраки муҳими сиёсӣ, ки санаи 22- май - раъйпурсии умумихалқӣ оид ба тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад, фаъолона иштирок намуда дар рушду тараққиёту пешрафти ҷомеа хеш саҳмгузор бошанд. Дар фарҷоми чорабиниҳо интихобкунандагон баромад намуда аз сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастгирӣ намуданд ва ваъда доданд, ки зимни баргузории ин маъракаҳои муҳими сиёсӣ фаъолона иштирок менамоянд. А.Муминов, мудири шӯъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.