Чорабинии наврӯзӣ дар қисми низомӣ29-03-2016, 16:00
Хабарро хонданд: 310 нафар
Назарҳо: 0
Бахшида ба иди байналмиллалии Наврӯзи Аҷам Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Кумитаи иҷроияи Марказию вилоятии ҲХДТ ва мақамоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар қисми низомии 35-01, ки дар миқёси шаҳри Хуҷанд воқеъ аст, чорабинии наврӯзӣ баргузор намуд, ки дар он Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода, сардори Раёсати Вазорати корҳои Дохилӣ дар вилояти Суғд, генерал майор Назарзода Шариф Раҳмон, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломов ширкат варзида, афсарону сарбозонро ба муносибати иди Наврӯз табрику муборакбод намуданд.
Дар ҷорабиии мазкур дастурхони наврӯзӣ густурда шуд ва баҳри болидахотирии афсарону сарбозон барномаи консертӣ баргузор гардид. Инҷуинин, бозиҳои миллӣ дар байни сарбозон барпо карда шуд ва иштирокчиён бо тӯҳфаҳои хотиравии кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд сарфароз гардонида шуданд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.