Дар таълиму тарбияи фарзанд саҳлангорӣ насозем25-03-2016, 16:00
Хабарро хонданд: 455 нафар
Назарҳо: 0
Имрӯзҳо масъалаҳое, ки боиси ташвиши аҳли ҷомеа гардидааст, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва хурофотпарастии онҳо, парастиши либосҳои бегона байни ҷавондухтарон мебошад. Нигаронкунандааш ин аст, ки бисёр ба ин гуна гуруҳҳо ва хурофотпарастӣ ҷавонон шомил мегарданд. Яъне иҷрои талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар байни волидон пурра ба роҳ монда нашудааст.
Аз ин лиҳоз гуруҳҳои таблиғотии доимоамалкунандаи назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг оиди масъалаҳои номбурда байни сокинони маҳаллаҳои дурдаст вохӯрию корҳои таблиғотиро баргузор намуда истодаанд. Дар муассисаи таълимии № 33 – и деҳаи Мазори Ҳазрати Султон бо сокинони маҳаллаҳои Айлоқдара, Дараи Аспон вохӯрӣ гузаронида шуд. Дар вохӯрӣ рафти иҷрои қонуни дар боло зикргардида, пешгирии ҷинояткорӣ ва шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои терористӣ - ифротгароӣ, пӯшидани либосҳои бегона мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Аз ҷумла аъзои гуруҳи таблиғотии доимоамалкунанда С. Сатторов ба сухан баромада, оиди масъалаҳои дарҷгардида ва қонунҳои ҷорӣ ҳарф зада, сокинонро таъкид дошт, ки нисбати амалҳои номатлуби гуруҳҳои ҷиноятпеша бетараф набуда, дар таълиму тарбияи фарзанд саҳлангорӣ насозанд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.