Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Сомонаи нави Ассотсиатсияи агентиҳои миллии иттилоотии кишварҳои ИДМ муаррифӣ гардид

Сомонаи нави Ассотсиатсияи агентиҳои миллии иттилоотии кишварҳои ИДМ муаррифӣ гардид

3-06-2026, 15:22
Хабарро хонданд: 61 нафар
Назарҳо: 0
Сомонаи нави Ассотсиатсияи агентиҳои миллии иттилоотии кишварҳои ИДМ муаррифӣ гардидДар доираи ҷаласаи XXXIV Шурои роҳбарони агентиҳои давлатии иттилоотии кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (Шурои иттилоотии ИДМ), ки дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия баргузор гардид, сомонаи нави Ассотсиатсияи агентиҳои миллии иттилоотии Иттиҳод расман ба фаъолият оғоз намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар чорабинӣ роҳбарони агентиҳои давлатии иттилоотии кишварҳои Иттиҳод ва намояндагони Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуданд.

Зимни муаррифии сомона таъкид гардид, ки он ба таҳкими ҳамкории иттилоотӣ байни кишварҳои Иттиҳод, густариши мубодилаи хабарҳо ва баланд бардоштани дастрасии хонанадагон ба иттилооти расмӣ мусоидат менамояд.

«Дар сомонаи навшуда маводи хабарии агентиҳои давлатии иттилоотии кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҷойгир карда шуда, онҳо муҳимтарин рӯйдодҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии давлатҳои Иттиҳод, инчунин ҳамкории онҳоро дар соҳаҳои гуногун инъикос менамоянд», — тазаккур дода шуд аз ҷониби масъулин.

Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки дар сомона ба дастовардҳои кишварҳои Иттиҳод дар бахшҳои иқтисод, илм, фарҳанг ва варзиш таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, имкониятҳои сайёҳии давлатҳои аъзо низ ба таври фарогир муаррифӣ мешаванд.

Иброз гардид, ки фаъолияти сомонаи нав барои рушди ҳамкории касбӣ байни агентиҳои иттилоотӣ, мубодилаи таҷриба ва таҳкими фазои ягонаи иттилоотӣ дар минтақа заминаи мусоид фароҳам меорад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: