Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ҶАЛАСАИ ҲАБДАҲУМИ ШУРОИ ВАЗИРОНИ АДЛИЯИ ДАВЛАТҲОИ ИШТИРОКЧИИ ИТТИҲОДИ ДАВЛАТҲОИ МУСТАҚИЛ

ҶАЛАСАИ ҲАБДАҲУМИ ШУРОИ ВАЗИРОНИ АДЛИЯИ ДАВЛАТҲОИ ИШТИРОКЧИИ ИТТИҲОДИ ДАВЛАТҲОИ МУСТАҚИЛ

23-09-2023, 09:38
Хабарро хонданд: 253 нафар
Назарҳо: 0
ҶАЛАСАИ ҲАБДАҲУМИ ШУРОИ ВАЗИРОНИ АДЛИЯИ ДАВЛАТҲОИ ИШТИРОКЧИИ ИТТИҲОДИ ДАВЛАТҲОИ МУСТАҚИЛ
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҷаласаи ҳабдаҳуми Шурои вазирони адлияи давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.
Ҷаласаи навбатии Шурои вазирони адлияи давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таҳти раёсати раиси Шурои вазирони давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил — Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуда, дар он роҳбарони мақомоти адлияи Ҷумҳурии Арманистон, Ҷумҳурии Беларус, Ҷумҳурии Қирғизистон, Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Узбекистон иштирок намуданд.
Дар ҷаласа масъалаҳо вобаста ба танзими ҳуқуқии самтҳои алоҳидаи фаъолияти вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, аз ҷумла расондани ёрии ҳуқуқии ройгон ба шахсони воқеӣ, рушди ҳамкории мақомоти ваколатдор дар ин самт, ҷараёни беҳсозии санадҳои меъёрии ҳуқуқии давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мавриди муҳокима қарор дода шуданд.
Шурои вазирони адлияи давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо қарори Шурои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил «Дар бораи Шурои вазирони адлияи давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» аз 26 августи соли 2005 таъсис дода шудааст.
Қарор дар бораи таъсиси Шуро аз ҷониби панҷ давлат – Ҷумҳурии Арманистон, Ҷумҳурии Беларус, Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон қабул гардидааст. Ҷумҳурии Узбекистон ба Шурои вазирони адлияи давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 19 ноябри соли 2019 ҳамроҳ шуд.
Ёдовар мешавем, ки дирӯз дар ҳошияи чорабинии мазкур ҷаласаи коршиносон оид ба омода сохтани маводи ҷаласаи ҳабдаҳуми Шурои вазирони адлияи давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустакил гузаронида шуд.

Саида ХОҶАЕВА
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: