Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Соли 2025 дар маҷмааи роҳи оҳани Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил низоми «Express International» фаъол гардонида мешавад

Соли 2025 дар маҷмааи роҳи оҳани Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил низоми «Express International» фаъол гардонида мешавад

Вчера, 11:38
Хабарро хонданд: 32 нафар
Назарҳо: 0
Соли 2025 дар маҷмааи роҳи оҳани Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил низоми «Express International» фаъол гардонида мешавадСоли 2025 дар маҷмааи роҳи оҳани Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил низоми «Express International» фаъол гардонида мешавад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

«Express International» пайванди ҳамгирокунандаи низомҳои автоматикунонидаи идоракунии мусофиркашонӣ байни маъмурияти роҳи оҳан ва як навъ низоми ёрирасон буда, имкон медиҳад, ки маълумот аз рӯи истгоҳҳо, ҷадвали қатораҳои байналмилалӣ ҳамоҳанг шуда, маълумоти ҷамъбастӣ аз рӯи бахшҳои гуногуни фаъолият, аз ҷумла омор, таҳлил, ҳисобҳои мутақобили молиявӣ ба даст оварда шавад.

Пайвастшавӣ ба «Express International» ба ҳама низомҳои захиракунии иттилоот имкон медиҳад, ки барои гирифтани маълумот дар бораи қатораи муайян ба кадом роҳи оҳан муроҷиат кунанд, кадом имконоти роҳкиро мавҷуданд ва барои корбар маблағи ниҳоии пардохти роҳкиро чӣ гуна хоҳад буд.

Бояд гуфт, ки дар ҷаласаи 81-уми Шурои нақлиёти роҳи оҳани кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки моҳи ноябри соли 2024 дар Тошканд баргузор гардид, Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фазои ягонаи иттилоотии ҳамлу нақли байналмилалии мусофиркашонии роҳи оҳан ба имзо расид. Ба он маъмурияти роҳи оҳани Русия, Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Тоҷикистон, Қирғизистон, Туркманистон, Узбекистон ва Гурҷистон ҳамроҳ шуданд.

Рушди фазои ягонаи иттилоотии мусофиркашонӣ ба алоқаи нақлиётии кишварҳои Иттиҳод, рушди иқтисодӣ ва ҷалби сайёҳон таъсири мусбат мерасонад. Дар амал он самти алоҳидаро барои рушди равандҳои технологӣ дар бахши мусофирбарӣ барои ҳар маъмурияти роҳи оҳан муайян мекунад. Ёддошти тафоҳуми имзошуда барои пайвастани дигар маъмурияти роҳи оҳан, ки дар кори Шурои нақлиёти роҳи оҳани давлатҳои иштирокчии Иттиҳод иштирок мекунанд, хизмат менамояд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: