Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Дар Тоҷикистон низоми электронии E-PERMIT ба кор дароварда шуд

Дар Тоҷикистон низоми электронии E-PERMIT ба кор дароварда шуд

1-06-2026, 16:32
Хабарро хонданд: 148 нафар
Назарҳо: 0
Дар Тоҷикистон низоми электронии E-PERMIT ба кор дароварда шудДар Тоҷикистон низоми нави рухсатномаҳои электронӣ (Electronic permit System) ва платформаи мутамаркази пардохт ба кор даромад, ки раванди таҳия ва мубодилаи рухсатномаҳои нақлиётиро дар мамлакат сода ва рақамӣ мегардонад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Низоми нави рухсатномаҳои электронӣ ва платформаи мутамаркази биллингӣ, ки раванди додани рухсатномаҳои нақлиётиро дар ҷумҳурӣ барои ҳамлу нақли байналмилалӣ сода мегардонад ва ба формати рақамӣ табдил медиҳад, бо дастгирии Иттиҳоди Аврупо ва Ҳукумати Олмон дар Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст.

Ин низом як қадами муҳим дар роҳи баланд бардоштани суръат, шаффофият ва бехатарии хизматрасониҳои нақлиётӣ мебошад.

Вазирони нақлиёти Тоҷикистон ва Узбекистон расман созишномаи табодули иҷозатномаҳои электрониро (ePermit) имзо карданд. Дар рӯзҳои аввали пас аз оғози кор Тоҷикистон 100 адад рухсатномаи аввалини электрониро тавассути низоми нав ба Узбекистон интиқол дод.

Низоми нави рухсатномаҳои электронӣ ва платформаи ҳисоббаробаркунии мутамарказ дар доираи Барномаи рушди иқтидори долони нақлиётии Транскаспий, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо ва Ҳукумати Олмон маблағгузорӣ ва тавассути GIZ (Ҷамъияти ҳамкории байналмилалии Олмон; Deutsche Gesellschaft für Internationale Zusammenarbeit) амалӣ карда мешавад, навсозӣ шудааст.

Ин ба ширкатҳои нақлиётӣ муҳити бехатар ва ҳамгирошударо барои пешниҳоди дархостҳои дастаҷамъона, идоракунии тақсимоту истифодаи рухсатномаҳо, самаранокӣ ва шаффофияти пардохтҳо фароҳам меорад.

Ҳисоббаробаркунии мутамарказ бо низомҳои бонкӣ ва хизматрасониҳои пардохтҳои мобилӣ ҳамгиро мешавад ва санҷиши онлайнӣ, муқоисаи автоматӣ ва шаффофияти пурраи молиявиро тавассути тадбирҳои боэътимоди ҳифзи маълумот таъмин мекунад. Бо ҷорӣ шудани низоми нав, вақти барои гирифтани рухсатномаи зарурӣ хеле коҳиш ёфт.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: