Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » «Барномаи биллингӣ» шаффофияти пардохти маблағи иҷораи китобҳои дарсиро дар муассисаҳои таҳсилӣ таъмин менамояд

«Барномаи биллингӣ» шаффофияти пардохти маблағи иҷораи китобҳои дарсиро дар муассисаҳои таҳсилӣ таъмин менамояд

6-05-2024, 15:41
Хабарро хонданд: 233 нафар
Назарҳо: 0
имни нишасти матбуотии охир Вазири маориф ва илми Тоҷикистон Раҳим Саидзода иттилоъ дода буд, ки дар соли нави хониш тамоми муассисаҳои зертобеи вазорат, хусусан муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ пардохти маблағи адабиёти таълимиву бадеӣ ва иҷораи китобҳои дарсиро пурра ба таври ғайринақдӣ ба роҳ мемонанд. Пас аз ҷорӣ шудани ин система волидон метавонанд тавассути телефони мобилӣ пули иҷораи китобҳои дарсиро пардохт намоянд. Дар мавриди иҷрои ин лоиҳа ва натиҷаҳои он директори Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсии Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон Рустам Пиракзода ба мухбири АМИТ «Ховар» маълумот дод.

Бино ба гуфтаи мусоҳиб, бо мақсади иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2023 «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» мақомоти маҳаллии идораи маорифи вилоят, шаҳр ва ноҳияҳо дар ҳамоҳангӣ бо сохторҳои дахлдори маҳаллӣ, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ вазифадор карда шуданд, ки муассисаҳои таълимӣ тамоми хизматрасонии пулакӣ, аз ҷумла пардохти маблағи адабиёти таълимиву бадеӣ ва маблағи иҷораи китобҳои дарсиро ба таври ғайринақдӣ ба роҳ монанд.

«Ҳамзамон вазорат барои назорати системаи иҷораи китобҳои дарсӣ ва маводи таълимӣ, аз ҷумла даромад, хароҷот, пардохти ғайринақдии маблағҳои иҷораи китобҳои дарсӣ ва маводи таълимӣ, «Барномаи биллингӣ» таҳия намудааст.

Қарордоди дуҷонибаро 21 феврали соли 2023 ҳамчун фармоишгар – Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва паймонкор – Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Фариса” ба имзо расониданд. То саршавии соли хониши нав барнома дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ мавриди истфода қарор дода мешавад”, — хабар дод директори Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ.

Ба гуфтаи Рустам Пиракзода, ин барнома шаффофияти пардохти маблағи иҷораи китобҳои дарсиро дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ таъмин намуда, маблағҳои иҷораи китобҳои дарсӣ ба суратҳисоби махсуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳлатҳои муқарраргардида ворид мегарданд.

“Инчунин ҷорӣ гаштани системаи пардохти ғайринақдӣ хавфҳои эҳтимолии ҳолатҳои коррупсиониро дар муассисаҳои таълимӣ ва маҳалҳо аз байн мебарад ва низоми содашудаи пардохти онлайниро барои волидайни хонандагон осон мегардонад. Масалан, маблағи иҷораи китобҳои дарсиро падару модар «Барномаи биллингӣ» шаффофияти пардохти маблағи иҷораи китобҳои дарсиро дар муассисаҳои таҳсилӣ таъмин менамоядметавонанд тариқи ҳамёнҳои мобилӣ дар дилхоҳ вақту соати ба онҳо мувофиқ, новобаста аз ҷою макони истиқоматашон пардохт намояд. Ин система имкон медиҳад, ки берун аз ҷумҳурӣ тариқи низоми биллингии иҷораи китобҳои дарсӣ маблағи онро тариқи ҳисобфактураи пешниҳоднамудаи муассисаи таълимӣ ба таври смс — паёмак пардохт намоянд. Бояд тазаккур дод, ки низоми билингии иҷораи китобҳои дарсӣ пас аз пурра ба истифода додан, новобаста аз мавзеи ҷойгиршавии муассиса, шаҳр, ноҳия ва ё деҳоти дурдасттарин дар шакли ягона бо талаботи якхела амалӣ гардонида мешавад”,-баён дошт корманди вазорат.

Директори Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсии Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон иброз намуд, ки «Барномаи биллингӣ» аз ҷониби мутахассисони миллӣ коркард шуда, таҷрибаи низоми биллингии ҷамъияти «Барқи тоҷик» мебошад.

Бояд гуфт, ки ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ пардохтҳое мебошанд, ки бе истифодаи пули нақд бо роҳи истифодаи чек, кортҳои пардохтии бонкӣ ва дигар воситаҳои электронии пардохтӣ, супоришномаҳои пардохтӣ ва ҳоло тавассути пулҳои электронӣ ва ҳамёнҳои электронӣ анҷом дода мешаванд.

Яке аз афзалияти пардохти ғайринақдӣ, хоҳ кортҳои пардохтии бонкӣ ё дигар усулҳои ҳисоббаробаркунӣ тариқи воситаҳои электронии пардохт- ин осон будани истифодаи онҳо аст. Воситаҳои ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ ҳангоми дуруст истифода шудан тарзи нисбатан бехатари пардохти мол ё хизматрасонӣ мебошанд.

Хотиррасон менамоем, ки ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ моддаи 5411 илова гардид, ки тибқи он барои риоя нагардидани талаботи ба тариқи ғайринақдӣ пардохт намудани хизматрасонии давлатӣ ва пардохтҳои дигари ҳатмии давлатӣ ҷавобгарии маъмурӣ муқаррар шудааст.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: