Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Дар оянда қатораи контейнерии «Тоҷикистон – Аврупо» тавассути Туркманистон ҳаракат хоҳад кард

Дар оянда қатораи контейнерии «Тоҷикистон – Аврупо» тавассути Туркманистон ҳаракат хоҳад кард

17-05-2023, 10:33
Хабарро хонданд: 382 нафар
Назарҳо: 0
Дар оянда қатораи контейнерии «Тоҷикистон – Аврупо» тавассути Туркманистон ҳаракат хоҳад кардТавре қаблан иттилоъ додем, 10 май дар шаҳри Душанбе дар доираи мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Туркманистон дар ҳузур ва бо иштироки сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Сердар Бердимуҳамадов 24 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид, ки ду санад марбут ба соҳаи нақлиёт аст.
Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад, ки яке аз ин санадҳои имзошуда Барномаи чорабиниҳои якҷоя («Харитаи роҳ») дар бораи густариши ҳамкории минбаъда ҷиҳати зиёд кардани ҷараёни бор ва фаъолгардонии боркашонии мултимодалӣ байни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии нақлиёт ва коммуникатсияи назди Девони вазирони Туркманистон барои солҳои 2023-2025 мебошад. Санади мазкурро Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим ва Директори кулли Агентии нақлиёт ва коммуникатсияи назди Девони вазирони Туркманистон Маметхон Чакиев имзо намуданд.

«Харитаи роҳ» фароҳам овардани шароити мусоид, аз ҷумла истифодаи афзалияти тарифӣ, зиёд кардани ҳаҷми боркашонӣ тариқи роҳи оҳан байни корхонаи «Туркмендемирёллари» («Роҳи оҳани Туркманистон») ва КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон, гузаронидани вохӯриҳои коршиносон ва муайян намудани операторони миллии логистикии ду давлат оид ба ташкили ҳамлу нақли контейнерӣ аз тариқи хатсайри «Туркманистон-Узбекистон-Тоҷикистон-сарҳади Чин», омӯзиши имконияти ташкили қатораи байналмилалии контейнерӣ аз тариқи хатсайри «Тоҷикистон- Аврупо» тавассути Туркманистон, омӯзиши имконияти рушди хизматрасонии логистикии убур бо мақсади зиёд кардани ҳаҷми интиқоли борҳои содиротию воридотӣ тавассути нақлиёти роҳи оҳан ва баҳрӣ, ҷалби ширкатҳои нақлиётӣ-логистикӣ, истифодаи иқтидор ва хизматрасонии Бандари байналмилалии Туркманбошӣ ва таъмини шароити мусоид ба соҳибон, интиқолдиҳандагон ва муассисаҳои экспедиторӣ ҳангоми ташкили ҳамлу нақли байналмилалиро дар бар мегирад.

Ба дурнамои рушди долонҳои байналмилалии нақлиётӣ дар дигар санади имзошуда — Ёддошти тафоҳум байни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии «Турменавтоулаглари» — и Агентии нақлиёт ва коммуникатсияи назди Девони вазирони Туркманистон оид ба рушди ҳамлу нақли байналмилалии нақлиётӣ низ диққати махсус дода мешавад.

Тибқи Ёддошти тафоҳум, ҷонибҳо ният доранд, ки ба рушди робитаи мустақими иқтисодӣ байни корхонаҳо ва ташкилоти нақлиётии ҳар ду давлат аҳамияти калон диҳанд.

Дар санад аҳамияти баланд бардоштани самаранокӣ ва таъсиси гузаргоҳҳои нави байналмилалии нақлиётӣ, аз ҷумла долони нақлиётии мултимодалии Чин-Тоҷикистон-Узбекистон-Туркманистон -Эрон -Туркия таъкид шудааст.

Тавре Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим қаблан ба хабарнигорон гуфт, «истифодаи ин долон барои кам кардани масофа ва коҳиши хароҷоти боркашонӣ нисбат ба долонҳои мавҷуда самараноктар аст. Афзалияти ин долон дар пайвастшавии Тоҷикистон бо Чин тавассути роҳи автомобилгард зоҳир мегардад, ки ба эҳёи Роҳи Бузурги Абрешим ва ҳамгироии иқтисодии минтақавӣ мусоидат мекунад».
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: