ҒУНЧАҲО ДАР БӮСТОН САР МЕКАШАНД1-06-2026, 11:30
Хабарро хонданд: 222 нафар
Назарҳо: 0
![]() Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон танҳо дар тақвим як рӯзи хос ё баргузор кардани чорабиниҳо барои дилхушии кӯдакон набуда, он таърих, мақсад ва вазифаҳои мушаххаси хешро дорад. Дар ибтидо суоле ба миён меояд, ки чаро ҷомеаи ҷаҳониро зарурат пеш омад чунин иқдомро бо ҷонибдории аксарияти давлатҳои ҷаҳон роҳандозї намояд? Кӯдакон осебпазир ва ҳассостарин гурӯҳи ҷомеа маҳсуб меёбанд ва ҳар фоҷиае, ки ба сари башарият меояд, аввал онҳо осеб мебинанд. Аз офатҳои табиї шуруъ карда, то ҷангҳои харобиовар, аз амалкарди нодурусти атрофиён, аз муносибати ҷоҳилонаи оилавї то ба бекоршавии ақди никоҳ ин қишри ҷомеа бо зарбаҳои руҳиву равонї рӯ ба рӯ мешаванд. Алҳол дар сайёра беш аз 200 миллион кӯдак бо мушкилоти шадид рӯ ба рӯ ҳастанд. Тавре ки аз сарчашмаҳо бармеояд, танҳо дар кишвари ҳамсоя - Афғонистон 10 миллион кӯдак барои зинда мондан ба кумаки башардӯстона ниёз дошта, дафтари Созмони Милали Муттаҳид оид ба умури кӯдакон мегӯяд, ки наздики 300 миллион кӯдак дар манотиқи ҳавояш заҳролуд умр ба сар мебаранд. Ин кӯдакон ҳам дар радифи миллионҳо кӯдакони дигари сайёра ҳуқуқи хушбахт буданро доранд. Тозатарин рӯйдодҳо аз даргириҳои мусаллаҳонаи байни кишварҳо бори дигар собит сохтанд, ки аз зарбаи тасодуфии мушакҳо аввалин шуда, садҳо нафар кӯдакону наврасон, ки дар дил ҳазорон орзуву умед мепарвариданд, қурбон гаштанд. Тамоми аҳли башар дар назди ин кушташудагони бегуноҳ мувазаффанд, ки посух гӯянд, ҳарчанд касе қудрати ҷуброни ҷонҳои аз дастрафтаро надорад. Баъд аз ҷангҳои фоҷеабори ҷаҳонї башарият ба чунин хулоса омад, ки аксари қурбониёни ҳар гуна ҷангҳои мусаллаҳона кӯдакони бегуноҳ буданд, ки ҳоло худро ҳифз карда наметавонанд. Аз ин рӯ, онҳо дар гуруснагї, сӯхтор ва таркишҳои харобиовар, гирифтори шиканҷа, ранҷу азоб, бесарпаноҳї, асирї, рафторҳои ғайриахлоқї, бемориҳои сирояткунанда бештар азоби ҷисмониву руҳї кашидаанд. Тавре аз сарчашмаҳо бармеояд, Созмони Милали Муттаҳид танҳо пас аз анҷоми Ҷанги дуюми ҷаҳонї бо мақсади ҳифзи кӯдакон созмони ЮНИСЕФ-ро таъсис дод. ЮНИСЕФ соли 1953 узви доимии Созмони Милали Муттаҳид гардид. Аммо пайдоиши ин сана таърихи жарфтар дорад. Бархе бар ин боваранд, ки оғози ин рӯйдод ба соли 1856 рост меояд, зеро Чарлз Леонард - руҳонии Калисои Умумиҷаҳонии Массачусетс як маросими хоссаеро бахшида ба кӯдакон баргузор кард. Дар таърихи 1-уми июни соли 1925 Конфронси байналхалқии фаровонҳолии бачаҳо дар Женева баргузор гардид, ки таҷлили он минбаъд дар аксари давлатҳои ҷаҳон ба ҳамин рӯз рост меояд. Аз рӯйи қайдҳо, нахустин маротиба ин сана соли 1950 ҷашн гирифта шуд, ки он дар 51 давлати дунё таҷлил гардид. Қарор дар бораи баргузор кардани он аз ҷониби Федератсияи байналмилалии демократии занон FDIF дар иҷлоси махсус моҳи ноябри соли 1949 қабул карда шуд. Созмони Милали Муттаҳид ин ташаббусро ҷонибдорї карда, ҳифзи ҳуқуқ, ҳаёт ва саломатии кӯдаконро яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти худ эълон намуд. Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон барои дастгирии ҳуқуқи кӯдакон, хотима додан ба меҳнати пурмашаққати онҳо ва таъмини дастрасї ба таҳсилоти умумї эълон карда шудааст. Дар баъзе сарчашмаҳо қайд шудааст, ки бори аввал Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон бо қарори Созмони Милали Муттаҳид соли 1954 таъсис ёфт. Соли 1989 бошад, дар Созмони Миллали Муттаҳид Конвенсия дар бораи ҳуқуқи кӯдак қабул карда шуд. Аз 2-юми сентябри соли 1990 Конвенсияи мазкур ҳукми амал пайдо кард ва нуқтаи муҳимми он кӯшишҳое мебошад, ки ҷомеаи ҷаҳонї тӯли қариб 70 сол барои таъмин ва эътирофи ҳуқуқи кӯдакон саъю талош карда буд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсия дар бораи ҳуқуки кӯдак соли 1993 таҳия гардида, он амалї намудани уҳдадорию принсипҳои дар ин санад қайдгардидаро ба зимма гирифтааст. Дар кишвари соҳибистиқлоли мо кӯдакон неъмати бебаҳо, сармояи инсонї, ояндаи имрӯзу фардои миллату давлат ном бурда шуда, ҳифзу ҳимоя ва ба ғамхориҳои пайваста фаро гирифтани онҳо дар меҳвари сиёсати Роҳбари давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор дорад. Ҳамасола, дар Тоҷикистон 1-уми июн ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ба мисли дигар кишварҳои ҷаҳон ба таври бошукӯҳ таҷлил карда мешавад. Хосатан, баъд аз соҳибистиқлолї дар кишвари мо барои кӯдакон тадбирҳои зиёде амалї гардида, ин иқдом пайваста идома меёбад. Бо дарназардошти аҳаммияти бузурги ин масъала, Ҳукумати мамлакат аз солҳои аввали соҳибистиқлолї Конвенсия оид ба ҳифзи ҳуқуқи кӯдак, Конвенсияи Созмони ҷаҳонии меҳнат оид ба барҳам додани шаклҳои вазнини меҳнати кӯдакон ва дигар санадҳои байналмилалиро эътироф карда, дар ин замина асноди дахлдори меъёрии ҳуқуқии кишварамонро бо муқаррароти онҳо мутобиқ намудааст. Тоҷикистон дар ҷаҳон аз рӯйи нишондиҳандаҳои синну сол яке аз давлатҳои ҷавон ба ҳисоб рафта, имрӯзҳо 35 фоизи сокинони мамлакатамонро кӯдакону наврасон ташкил медиҳанд, ки онҳо таҳти ғамхории доимии давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор доранд. Дар радифи дигарон кӯдакони кишвари мо низ аъзои соҳибҳуқуқи ҷомеа буда, барои табобат, таҳсил ва фароғат ҳуқуқи комилу баробар доранд. Дар доираи сиёсати инсондӯстона дар ҳар як сафари корї ба вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат Пешвои маҳбуби миллат ба аёдат ва дидорбинии кӯдакону наврасони хонаҳои бачагон ва ятиму бепарасторон мераванд. Дар ҳар суҳбат бо ятимон Сарвари давлат иброз медоранд, ки онҳо ҳеҷ гоҳ танҳо нестанд ва дар ҳар иду айём ва санаҳои фархунда дар саросари кишвар туҳфаҳои Президенти мамлакат ба дасти ин қишри ҷомеа мерасад. Имрӯзҳо дар кишвар Филармонияи давлатии бачагонаи Тоҷикистон, ансамбли бачагонаи рақсии “Меҳрона”, театрҳои бачагона, мактабҳои мусиқиву рассомї, Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар, нашриёти “Адабиёти бачагона”, ҳазорон марказҳо, мактабу боғчаҳо, боғҳо, муассисаҳои давлатии фарҳангї ҷиҳати омодасозии шароити мусоид баҳри кӯдакону наврасон таъсис дода шудаанд. Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон низ бахшҳои кӯдакона ва чандин маҳфилҳо барои рушди зеҳниву эҷодии кӯдакону наврасон таъсис дода шудаанд, ки дорои шароити хубу замонавї мебошанд. Шоистаи зикри хос аст, ки аз хазинаи адабиёти ҳазорсолаамон ва дар замони муосир низ назму насри бачагона, шуруъ аз устод Садриддин Айнї то Абдусалом Деҳотї, Мирсаид Миршакар, Алї Бобоҷон, Гулчеҳра Сулаймонї, Аминҷон Шукӯҳї, Убайд Раҷаб, Ҷӯра Ҳошимї, Юсуф Аҳмадзода, Латофат Кенҷаева, Азизи Азиз ва даҳҳо адибони дигар барои бачаҳо асарҳои шавқовару ҷолиб меофаранд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалї Раҳмон ташаббуси навбатии худро аз минбари Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод намуданд, ки бори дигар боиси таваҷҷуҳ ва ҷонибдории ҷомеаи ҷаҳонї қарор гирифт. Роҳбари давлат дар Иҷлоси 79-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод намуданд, ки “тавассути қатъномаи махсуси Созмони Милал “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” қабул карда шавад. Ин ташаббуси навбатии Сарвари давлати Тоҷикистон ба равандҳои пуртазоди геосиёсї, мусаллаҳшавии бошитоб, шиддат гирифтани “ҷанги сард”, низоъҳои мусаллаҳона ва дигар хатару таҳдидҳои глобалї, бешубҳа, ки оқибатҳои манфиро дар пай дорад, дар навбати худ як навъ ғамхорї нисбати тақдир ва ҳифзи ҳаёти кӯдакони сайёра аст. Дар кишварҳои фақр теъдоди фавти кӯдакон нисбат ба мамлакатҳои пешрафта ду баробар зиёд буда, беш аз 140 миллион кӯдакон, ки аз нисф зиёди онҳоро духтарон ташкил мекунанд, аз таҳсил дур мондаанд. Бояд зикр намуд, ки солҳои охир дар мамлакати мо китобҳои кӯдакона бо забони тоҷикї бо ороиши ҷолибу ҷавобгӯ ба завқи кӯдакон пайваста ба нашр мерасанд. Яке аз чунин китобҳо нашри тозаи “Афсонаҳои халқи тоҷик” маҳсуб меёбад. Имрӯзҳо теъдоди ин гуна китобҳо бамаротиб афзуда, нашри тарҷумаи китобҳои кӯдаконаи дигар халқу миллатҳо низ бо забони ноби тоҷикї бо таври шоиста ба роҳ монда шудааст. “Барномаи давлатии рушди адабиёти бачагона дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030” ва ташкили озмунҳои ҷумҳуриявї барои насли саодатманди мамлакат бозгӯи иқдомҳои созанда ба ҳисоб меравад. Мисоли равшан ин аст, ки зимни суханронии хеш дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар 30-юми майи соли 2024 Президенти кишвар муҳтарам Эмомалї Раҳмон чунин иброз доштанд: “Таъкид месозам, ки бинобар афзудани аҳолї мо бояд дар даҳ соли минбаъда боз сохтмону таъсиси 2400 муассисаи томактабї, 3500 маркази инкишофи кӯдак ва 2200 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумиро амалї намоем...”. Ҳақ бар ҷониби Президенти маорифпарвару фарҳангсолори мамлакат аст, ки 28-уми декабри соли 2024 зимни ироаи Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олї дастур доданд, ки “Бо вуҷуди корҳои то имрӯз дар соҳаи маориф амалигардида, ба Ҳукумати мамлакат, Вазорати маориф ва илм ва роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатї супориш дода мешавад, ки бо дарназардошти афзоиши аҳолї ва зиёд гардидани шумораи кӯдакону наврасон тадбирҳои мушаххас андешанд. Яъне, дар панҷ соли оянда бо истифода аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорї ва бо дарназардошти ҳадафи гузошташуда барои фарогирии 50 фоизи кӯдакони синну соли томактабї бунёди 800 муассисаи таҳсилоти томактабї ва беш аз 1000 муассисаи таҳсилоти умумиро таъмин намоянд. Роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар панҷ соли оянда, бо дарназардошти афзоиши аҳолї, барои дар ҳар як маҳалли аҳолинишин, ки 100 оила зиндагї мекунад, ҳатман бунёд кардани як муассисаи томактабї тадбирҳои зарурї андешанд”. Ҷавобан ба иқдомҳои Роҳбари давлат дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳои кишвар пайваста кӯдакон зери таваҷҷуҳи масъулин қарор доранд. Аз 21-уми апрел то 30-юми майи соли равон дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон таҳти унвони “Чил рӯзи ҳаёти кӯдакон” силсилабарномаҳои фарҳангию варзишї, маърифатї ва озмунҳо роҳандозї гардиданд, ки 1-уми июн, яъне Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон маросими қадрдонии ғолибони ин чорабинии бошукӯҳ ба нақша гирифта шудааст. Бо ифтихор метавон гуфт, ки кӯдакони хушбахт ва саодатманди даврони истиқлол чун ғунчаҳои гулбоғи ин сарзамини биҳиштосо аз муҳаббати нурбори хуршед баҳраманду аз оби чашмаҳои ҷонфизои Меҳан шодобанд. Шаҳнавоз
АКРАМОВА, корманди Китобхонаи миллии Тоҷикистон |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.





[/banner_right-3]


