Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ҳайати Тоҷикистон дар Вашингтон масъалаҳои молиявӣ ва иқтисодиро бо шарикони байналмилалӣ баррасӣ намуд

Ҳайати Тоҷикистон дар Вашингтон масъалаҳои молиявӣ ва иқтисодиро бо шарикони байналмилалӣ баррасӣ намуд

Сегодня, 08:20
Хабарро хонданд: 13 нафар
Назарҳо: 0
Ҳайати Тоҷикистон дар Вашингтон масъалаҳои молиявӣ ва иқтисодиро бо шарикони байналмилалӣ баррасӣ намудДар ҳошияи ҷаласаи баҳории Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ ва Хазинаи байналмилалии асъор дар шаҳри Вашингтони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо иштироки муовини директори иҷроияи Хазинаи байналмилалии асъор Бо Ли мулоқоти вазирони молия ва раисони бонкҳои марказии кишварҳои Қафқоз ва Осиёи Марказӣ баргузор шуд, ки дар кори он вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода иштирок намуданд

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни вохӯрӣ ҳайати Тоҷикистон оид ба вазъи кунунии иқтисоди миллӣ ва самтҳои асосии сиёсати иқтисодию молиявии мамлакат маълумоти мушаххас пешниҳод намуд.

Иброз гардид, ки дар доираи ҳамкорӣ бо Хазинаи байналмилалии асъор, бахусус татбиқи «Барномаи ҳамоҳангсозии сиёсат» (PCI) Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самтҳои такмили идоракунии молияи давлатӣ, таҳкими шаффофият, беҳтар намудани идоракунии қарзи давлатӣ ва пешбурди ислоҳоти сохторӣ натиҷаҳои назаррас ба даст овардааст.

Инчунин Файзиддин Қаҳҳорзода бо роҳбари бахши институтҳо дар минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказии Бонки ҷаҳонӣ Адриан Фоззард вохӯрӣ намуд.

Дар вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои пешбурди ислоҳот дар самтҳои афзалиятнок, аз ҷумла такмили идоракунии молияи давлатӣ, ислоҳоти баҳисобгирӣ ва ҳисоботдиҳии молиявии бахши давлатӣ, таҳкими шаффофият ва назорати фаъолияти корхонаҳои давлатӣ, инчунин мутобиқсозии ислоҳоти идоракунии давлатӣ ба талаботи ҷалби сармоя ва татбиқи босифати лоиҳаҳоро баррасӣ намуданд.

Ҳамзамон дар доираи ҷаласаҳои баҳории Бонки ҷаҳонӣ ва Хазинаи байналмилалии асъор вохӯрии Вазири молияи Тоҷикистон бо директори генералии Созмони байналмилалии муҳоҷират Эми Поуп баргузор гардид.

Ҷонибҳо масъалаҳои таҳкими ҳамкорӣ дар самти танзими муҳоҷирати меҳнатӣ, баланд бардоштани сатҳи ҳифзи иҷтимоии муҳоҷирон, тавсеаи имконияти шуғли расмӣ ва истифодаи босамари муҳоҷират барои рушди иҷтимоию иқтисодиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Инчунин ба масъалаи ҷалби маблағгузории ташкилоти байналмилалии молиявӣ ба такмили низоми омодасозии шаҳрвандон пеш аз сафар, рушди марказҳои иттилоотию машваратӣ барои муҳоҷирон, таҳкими ҳифзи ҳуқуқии муҳоҷирон ва дастгирии махсуси занони муҳоҷир диққати махсус дода шуд.


Ҳамзамон Вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода бо ҳайати Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ таҳти роҳбарии директори минтақавии ин корпоратсия Саймон Эндрюс вохӯрӣ намуд.

Ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкории мутақобили судмандро баррасӣ намуда, саҳми Корпоратсияи байналмилалии молиявиро дар рушди бахши хусусӣ, ҷалби сармоя, таъсиси бозорҳои нав ва пешбурди рушди устувори иқтисодӣ баланд арзёбӣ карданд.

Дар вохӯрӣ ба самтҳои афзалиятноки ҳамкории минбаъда, аз ҷумла дар соҳаҳои нақлиёт, рушди шарикии давлат ва бахши хусусӣ, тавсеаи маблағгузорӣ дар бахши молиявӣ бо истифода аз воситаҳои маблағгузорӣ бо асъори миллӣ, дастгирии соҳибкории хурду миёна, инчунин рушди маблағгузории «сабз», логистика ва инфрасохтори рақамӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки моҳи майи соли равон ҳайати Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ бо сафари корӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон меоянд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: