Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 4-уми сатҳи баланд оид ба маблағгузории рушди устувор дар Испания иштирок намуд

Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 4-уми сатҳи баланд оид ба маблағгузории рушди устувор дар Испания иштирок намуд

1-07-2025, 08:12
Хабарро хонданд: 505 нафар
Назарҳо: 0
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 4-уми сатҳи баланд оид ба маблағгузории рушди устувор дар Испания иштирок намудИмрӯз Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода дар маросими ифтитоҳи Конфронси 4-уми сатҳи баланд оид ба маблағгузории рушди устувор (FFD4), ки дар шаҳри Севилияи Испания таҳти сарпарастии Созмони Милали Муттаҳид баргузор гардид, иштирок намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Чорабиниро бо сухани муқаддимавӣ Подшоҳи Испания Филиппи VI ифтитоҳ намуда, аҳамияти ҳамкории байналмилалиро ҷиҳати таъмини рушди фарогир ва устувор таъкид кард.

Дар идома Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш масъалаҳои маблағгузорӣ барои рушд, инчунин таъсиси ҷойҳои нави кориро таъкид намуда, Сарвазири Испания Педро Санчесро ҳамчун Президенти Конфронси 4-уми сатҳи баланд оид ба маблағгузории рушди устувор эълон кард.

Дар чорабинии мазкур ҳамчунин Президенти Бонки ҷаҳонӣ, Раиси Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид, роҳбарияти Хазинаи байналмилалии асъор ва роҳбарони як қатор ташкилотҳои бонуфузи байналмилалии молиявӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар ин рӯз дар доираи баргузории конфронс чорабинии молиявӣ таҳти унвони «Ҷалби сармоягузорӣ барои рушди устувор: мусоидат ба маблағгузории сабз ва инноватсионӣ» доир гардид, ки дар он низ Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуд.

Файзиддин Қаҳҳорзода зимни суханронӣ таъкид намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди иқтисоди «сабз» корҳои назаррасро анҷом додааст. Аз ташкилотҳои байналмилалӣ даъват ба амал оварда шуд, ки дар ин самт маблағгузории худро афзоиш диҳанд.

Бояд гуфт, ки чорабинии мазкур бо ташаббуси Комиссияҳои минтақавии СММ баргузор гардида, ҳадафи он таҳкими ҳамкории байналмилалӣ ҷиҳати мусоидат ба маблағгузории инноватсионӣ, ҷалби сармоя барои рушди сабз ва таҳкими ҳамгироӣ байни давлатҳо ва бахши хусусӣ дар татбиқи Ҳадафҳои Рушди Устувор мебошад.

Маврид ба тазаккур аст, ки иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чунин чорабиниҳо ба рушди ҳамкории байналмилалӣ, ҷалби маблағгузории устувор ва татбиқи ҳадафҳои миллии рушди устувор мусоидат менамояд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: