Дастгирии идораи молияи давлатӣ19-04-2017, 08:59
Хабарро хонданд: 228 нафар
Назарҳо: 0
Дар конференсияе, ки 18 апрел дар доираи барномаи Дастгирии идораи молияи давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар меҳмонхонаи «Шератон»-и пойтахт бо иштироки намояндагони сохторҳои давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва академӣ барпо гардид, мавзуи «Таҳлилгарӣ дар соҳаи молияи давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди муҳокимаву баррасӣ қарор дода шуд.
Шарикони асосии барномаи мазкур Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати рушди байналмилалии Британияи Кабир маҳсуб ёфта, мақсади баргузории он аз муҳокимаи масъалаҳои шаффофият дар соҳаи истифодаи молияи давлатӣ ва нақши таҳлилгарон дар инъикоси соҳаи мазкур иборат буд. Дар ҷараёни конференсия тадқиқотҳои таҳлилгарони соҳаи молияи давлатӣ, амсоли дурнамои қисми даромади буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва интиқоли маблағҳо дар давраи солҳои 2015-2025, иштироки бахши хусусӣ дар раванди ташаккули буҷет, таъсири воридоти молиявии беруна ба сиёсати буҷавии мамлакат, мушкилоти иттилоотикунонии низоми буҷетӣ, баланд бардоштани самаранокии хизматрасонии буҷетӣ дар ҷумҳурӣ, таҳлили қисми хароҷоти буҷети ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон дар соҳаи тандурустӣ ба муҳокима гузошта шуданд. Ба иштирокчиёни конференсия ҳамчунин натиҷаи ниҳоии тадқиқоти «Арзёбии талабот, манфиатҳо ва мушкилоти ҷомеаи Тоҷикистон, ки бо идораи молияи давлатӣ ва равандҳои буҷет робита доранд», хулосаҳои пешакии тадқиқи «Шаффофияти буҷетҳои маҳаллӣ» ва мониторинги «Инъикоси масъалаҳои молиявӣ дар ВАО –и Тоҷикистон» пешниҳод гардид. Н. ХУДОЙБАХШОВ |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.