Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » «Намунаи адабиёти тоҷик»

«Намунаи адабиёти тоҷик»

Сегодня, 09:20
Хабарро хонданд: 17 нафар
Назарҳо: 0
«Намунаи адабиёти тоҷик»
Имсол ба навишту нашри шоҳкории таърихию бадеӣ ва фарҳангӣ асари поягузори адабиёти навини тоҷик, муаррих, нависанда, шоир, адабиётшинос, донандаю меросбари суннатҳои дерини осори таърихӣ, фарҳангии тоҷик, мардумони Осиёи Марказӣ, ходими намоёни давлатию ҷамъиятӣ,аввалин Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Қаҳрамони Тоҷикистон, академик Садриддин Саидмуродхоҷа Айнӣ (1878-1954), «Намунаи адабиёти тоҷик» 100-соли навишту нашри он таҷлил мешавад. Бо ифтихори ин шиносномаи миллат, санаи бузурги таърихию фарҳангӣ таҳти раҳнамоию дастгирии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 24 апрел дар пойтахти Тоҷикистон,шаҳри Душанбе Симпозиумим байналмилалии илмӣ «Намунаи адабиёти тоҷик» - падидаи таърихӣ- фарҳангӣ дар тамаддуни мардумони Осиёи Марказӣ» баргузор мешавад,ки дар кори ин Ҳамоиши илмии сатҳан баланд, муҳаққиқон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, Шарқи Миёнаю Наздик, Аврупо, Амрико ширкат хоҳанд намуд.
Ба гиромидошти ин санаи муҳимми таърихию фарҳангӣ навиштаи зер манзури дӯстдорони ин падидаи камназири таърихию бадеӣ мешавад.
Таҳқиқи масоили методологию консептуалӣ ва муқоисавии таърих, афкори иҷтимоӣ, сиёсӣ, фалсафӣ, бадеӣ- эстетикӣ дар ҳамсонӣ ба маҷмуи мавзуоти мероси камназири поягузори адабиёти навини тоҷик, муаррих, нависанда, шоир, адабиётшинос, донандаю меросбари суннатҳои дерини осори таърихӣ, фарҳангии тоҷик , мардумони Осиёи Марказӣ, ходими намоёни давлатию ҷамъиятӣ, аввалин Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қаҳрамони Тоҷикистон, академик Садриддин Саидмуродхоҷа Айнӣ (1878-1954 ), аз мавзуоти умдаи таърихнигорию фарҳангшиносии тоҷик мебошад.
Мероси таърихӣ, адабию илмии устод устод Садриддин Саидмуродзода Айнӣ аз раҳовард, падидаҳои камназири фарҳангии охири садаи X1Х ва нимаи аввали садаи XX маҳсуб шуда, дербоз аз мавзуоти таҳқиқии таърихнигорону адабиётшиносон, фарҳангшиносони тоҷик, кишварҳои Осиёи Марказӣ ва бурун аз он маҳсубшуда аст.
Доир ба мероси таърихию адабӣ ва илмӣ, публисистии пуртоби устод Садриддин Саидмуродзода Айнӣ дар Тоҷикистон, кишварҳои Осиёи Марказӣ ва бурун аз он (Аврупо, Амрико) навиштаҳо ба қалам омадаанд, вале на ҳама паҳлуҳои мероси таърихию адабӣ илмию ӯ ба маводи бойгони дохилу хориҷи кишвар нигаҳдоришаванда пурра мавриди омӯзиши муқоисавии академии муҳаккикон нашудаанд. Нигоҳи таърихию адабӣ ва илмии устод Садриддин Саидмуродзода Айнӣ ҳамоно бо такя ва дар муқоиса ба гузориши сарчашмаҳои хаттии садаи Х1Х ва нимаи аввали садаи ХХ(хоса маводи бойгонии аз назар дурмонда) то ҷое таҳқиқи фаннию муқоисавӣ нагардидаанд.Таъкид ба ёдоварист,ки навиштаҳои дар иртибот ба ин мавзуот ба риштаи омӯзиш омадаю ба нашр расида камранг аз диди таҳқиқии сарчашмашинохтӣ, таърихнигории муқоисавӣ, фарҳангшиносӣ ва ҳатто ҳунаршиносианд. Оре, дуруст аст, ки пажуҳишгарони тоҷик аз солҳои 50-уми садаи ХХ ва то имрӯз доир ба назару андешаҳои таърихию адабӣ фарҳангшинохтии устод Садриддин Саидмуродзода Айнӣ навиштаҳо манзури ҷомиа намудаанд. Аммо иетодолгияи таҳкиқ, сабки омузишии масоил, заминаи таърихӣ ва инъикоси воқеъияти таърихӣ, сиёсӣ ва назари воқеъбинонаи Садриддин Садмуродзода Айнӣ ба таҳаввулоти сиёсӣ-иҷтимоии Осиёи Миёна дар охири садаи Х1Х ва оѓози садаи ХХ (нигоҳи нави сарчашмашиносӣ, таърихнигорӣ, таҳқиқии муқоисавии мавзуот) то ҷое камранг(бештар сабкан тавсифӣ на таҳқиқӣ- консептуалии мавзуот) ба назар мерасанд.
Зимни ин пажуҳиши осори таърихию адабии устод Садриддин Саидмуродзода Айнӣ чун як симои огоҳу масъулиятманиш дар муқоиса ба гузориши сарчашмаҳои хаттӣ доир раванди таърихию мадании фазои сиёсию фарҳангии Мовароуннаҳру Хуросон, Эрон Ҳинд ( Бухорою Самарқанд,Марв ва ѓайра), пойгоҳҳои дерини тарихию адабӣ ва ҳунарии мо дар садаи Х1Х, оѓози садаи ХХ, чеҳраҳои андешаманд, чун Аҳмад Махдуми Дониш (1827-1897), Шамсиддини Шоҳин(1858-1894), Муҳаммадсиддиқи Ҳайрат (1878-1902), Абдулқодирхоҷаи Савдо (1823-1873), Махдуми Муътасим (1827-1898), Исо Махдум (1826-1887), Абдулвоҳиди Садри Сарир (1809-1886), Афзал Махдуми Пирмастӣ ( 1856-1915), Махдуми Хандон (1857-1905), Қорӣ Каромати Дилкаши Танбӯрӣ (1851-1906), Тошхоҷа Асирӣ (1864-1916), Ҳомидхоҷаи Савтӣ (Меҳрӣ, 1849-1918), Абдувоҳид Мунзим (1875-1934) ва дигарон рӯи сахна омаданд,дар ҳамсонӣ ба муҳимтарин навиштаи таърихию адабӣ, фарҳангӣ «Намунаи адабиёти тоҷик» дар муқоиса ба гузориши васеи сарчашмаҳои хаттии қадим , асрҳои миёна , садаи Х1Х- оѓози садаи ХХ қаламдоди фаннӣ- академии муқоисавӣ нашудааст.
Таъкид ба ёдоварист,ки доир ба шоҳкории таърихӣ, илмию адабӣ, миллатсозу давлатсози устод Садриддин Саидмуродзода Айнӣ «Намунаи адабиёти тоҷик» замон,таърих ва сабаби навишта шудан (диди нави таърихӣ, таҳқиқӣ, муқоисавӣ, консептуалии илмӣ–методологӣ), қаламдоди воқеии раванди таърихӣ, анъана, меросбарии таърихӣ-фарҳангӣ, ҷойгоҳи таърихӣ, илмӣ ва бадеӣ-эстетикии ин асар дар бунёди ҳувиятсозии миллӣ дар марҳалаи тақдирсозу давлатсозии тоҷикон дар муқоиса ба гузориши сарчашмаҳои хаттӣ(хоса маводи бойгонӣ) аз назари пажуҳишгарон то ҷое дур мондаанд.
Барои Устод Садриддин Саидмуродзода Айнӣ, ки таърих, мероси классикиро бо шири модараш омухта буд, ягонагӣ ва ҷудонопазирии адабиёти форсии тоҷикии садаҳои 1Х- XV, ки дар саросари фазои васеи фарҳангӣ - аз Бухоро то Шероз, аз Самарқанд то Деҳлӣ ва аз Хуҷанд то Ганҷа , ХуталонуҲисои шодмон -офарида шуда буд, аксиома буд. Аммо дар зери вокуниши сиёсии идеологияи пантуркистӣ, ӯ наметавонист ягонагии забон ва адабиёти тоҷикӣ ва форсиро махсусан таъкид кунад,зеро ин ба фоидаи шовинистони маҳаллӣ буд, ки тоҷиконро як гурӯҳи турк-муғули эронӣ ё ҳатто муҳоҷирон аз Эрон ё ҳатто хешовандони лӯлиҳои ҳиндӣ эълон мекарданд. Ӯ ҳатто наметавонист исрор кунад, ки забони модарии ӯ расман бо номи классикии худ - порсӣ ( тоҷикӣ-форсӣ) номида шавад. Ғайр аз ин, омили динӣ ба миён омад: "тоҷикӣ" бо "суннӣ" ва "эронӣ" бо "шиъа" баробар карда шуд.
Зимни ин,дар маавзуи тоҷикон, аз мавқеъҳои шарқшиносӣ ва пантуркизм ба таври возеҳ бо ҳам мепайванданд. Бояд хотирнишон кард, ки шарқшиносони баноми руси он солҳо ҳатто вуҷуди забони адабии тоҷикиро инкор мекарданд ва аз ин рӯ пешниҳод мекарданд, ки таърихи адабиёти тоҷик, аз асри XVI оғоз мешавад.«Намунаи адабиёти тоҷик»
Азбаски ин мавзуи доѓу сохтакории таърих то оғози "марзбандӣ"-и табартақсим ҳал нашуда буданд (ва танҳо академик В.В. Бартолд(1869-1930 ), ки худро аз дигар шарқшиносони рус на танҳо бо паҳнои дониши таърихии худ, балки бо набудани таассуби идеологӣ фарқ мекард, метавонист ин корро кунад, аммо ӯ қасдан ҷудо карда шуд), роҳбарони Ҷумҳурии Мухтори Тоҷикистон Абдуқодир Муҳиддинов(1892-1934), Абдураҳим Ҳоҷибоев( 1900-1938), Нусратулло Махдум(1881-1937), Ширишо Шотемур(1899-1937) тасмим гирифтанд, ки ҳуқуқи тоҷиконро барои бунёди ҷумҳурии иттифоқии худ таърихану асосманд исбот намоянд ва ин вазифаи таърихӣ - бо ҳама паҳлуҳояш -ба устод Садриддин Саидмуродзода Айнӣ супорида шуд
Ин имкон медиҳад, ки мураккабии вазифаи воқеан таърихиро, ки ба устод Садриддин Саидмуродзода Айнӣ вогузор шудааст, бояд хубу воқеъбинона натиҷагирӣ намоем. Дар зоҳир, ин танҳо як кӯшиши исботи мавҷудияти забони адабӣ дар байни тоҷикон ва дар натиҷа, адабиёти адабии худи онҳо ба назар мерасид. Аз ин рӯ дар ҷараёни навиштани "Намунаи адабиёти тоҷикӣ", устод Айнӣ ба принсипи ҷуѓрофии таърихӣ, ҳудудӣ бод иду назари гузарои таърхдогнӣ, сарчашмашинохтӣ, ҳатто методологияи нигориши раванди таърихӣ басо асосмандона назар намуда дар ин падидаи пӯёию сарчашмаӣ, ӯ асосан асарҳои танҳо онҳоеро, ки дар ватани таърихии тоҷикон (Варазруд ё Мовароуннаҳр) зиндагӣ ва эҷод кардаанд, дохил кард. Аз ин рӯ, суханвари бузург Носир Хусрав, ки дар хоки Тоҷикистони таърихӣ таваллуд шудааст, аммо охири умрашро дар қисмати афғонии Бадахшони таърихӣ гузаронидааст (дар он ҷо, тоҷикони бумӣ низ зиндагӣ мекарданд ва зиндагӣ мекунанд), инчунин Ҷалолиддини Балхӣ, ки дар Балх (Афғонистон) таваллуд шуда, дар Куния (Туркияи имрӯза) вафот кардааст ва зумраи дигари тоҷикони "хориҷӣ", барои пешгирӣ аз баҳсҳои нолозим ва ҳатто хатарноки сиёсӣ, дар нашри аввали "Намунаи адабиёти тоҷик" дохил карда нашуданд. Аммо ҳадафи стратегию консептуалии таърихию илмии устод Садриддин Саидмуродзода дар «Намунаи адабиёти тоҷик» басо асосманду таърихӣ буд ва ин мавзуъ аллакай дар муқаддимаи муаллиф ба маҷмуаи шеърҳо сарчашмаманд шарҳу тавсиф шуда ва пешниҳод шуда: «Рушди забон ва адабиёт дар ин минтақа ба ҳеҷ ваҷҳ бо зуҳури Сомониён(80-1005 А.Р.) ё муҳоҷирати эрониҳо муайян намешавад; сабаби асосӣ дар ин қисматҳо мавҷудияти як қавми бузурге бо номи тоҷик аст ».
Дигар ин ки , устод Садриддин Саидмуродзода Айнӣ инчунин асосҳои таърихӣ, сарчашмашинохтӣ ва илмӣ, бурҳони қотеъи масъалагузорӣ барои забони нави форсиро барои тоҷикӣ номидан азм, далелу бурҳони қотеъи сарчашмаӣ дошт . Дар яке аз номаҳои устод САдириддин Саидмуродзода Айнӣ ба писараш Камол Айнӣ( 1928-2010), дар бораи муборизаи ӯ барои мероси таърихии тоҷикон навишта аст: "Дар охири муқаддимаи худ ба [таҳқиқоти] Саъдӣ, ман исбот кардам, ки Саъдӣ худро "тоҷик" номидааст,аммо бо дарназардошти гурӯҳе аз шарқшиносон [ки нуқтаи назари дигар доштанд], ман сокинони Эрон ва Хуросонро "шоирони форсӣ-тоҷикӣ" номидам. И.С. Брагинский (1905-1989) низ истилоҳи "тоҷикӣ-форсӣ"-ро пешниҳод кард. Зеро ман исбот кардам, ки забони нави форсӣ дар Осиёи Марказӣ таваллуд ва рушд кардааст ва танҳо баъд ба Эрон паҳн шудааст. Аз ин рӯ, Брагинский гуфтааст: "Азбаски ин ҳақиқати таърихӣ аст, дар ин истилоҳ мо калимаи "тоҷикӣ"-ро аввал ва "форсӣ"-ро дуюм мегузорем."
Аз нигоҳи баъзе аз мунаққидон ба мавзуи нақш ва ҷойгоҳи устод Садриддин Саидмуродзода Айнӣ дар таърихи муосири Тоҷикистон, онҳо аз далелҳои фоҷиабори тарҷумаи ҳоли "танҳо равшанфикре, ки дар бистари худ вафот кардааст" бехабаранд. Зеро баъзан онҳо ҷойгоҳи устод Садриддин Саидмуродзода Айниро на он қадар воқеъбинона(ҳатто «дурӯѓгу» ) аз раванди таърихӣ кам огоҳанд ба хонандагони худ муаррифӣ мекунанд.
Аммо, маводи аллакай маълум дар бораи фаъолиятҳои адабӣ ва иҷтимоию сиёсии устод Садриддин Саидмуродзода Айнӣ барои рад кардани таҳқирҳои мунтақидони бехабараш кофӣ аст. Барои маълумоти онҳо дар замони Шӯравӣ, устод Айнӣ се маротиба бо таҳдиди вуҷудӣ рӯбарӯ шуд. Аввалин бор соли 1926 буд, замоне ки тамоми нашри асараш "Намунаи адабиёти тоҷик", ки дар Маскав нашр шуда буд, мусодира ва ба гуфтаи худи муаллиф, "ба партовгоҳ партофта шуд". Ин қарори радикалии мақомоти Маскав аз ҷониби тарафдорони идеологияи ҷангии пантуркизм ба даст оварда шуд, ки барои онҳо инкори вуҷуди забони адабӣ дар байни тоҷикон аввалин вақадами қатъӣ ба сӯи ҳадафи асосии онҳо - инкори бунёдии вуҷуди таърихии гурӯҳи этникии дори таъриху иамаддуни басо дериндошта тоҷикон буд. Бори дуюм дар авҷи Террори Бузурги соли 1937 буд. Сипас, ӯро шоири инқилобии эронӣ Абулқосими Лаҳутӣ (1887-1957), ки гуруҳи хоси адабии пойтахти болшевикҳо буд, аз марги ногузир наҷот дод. Як тафсилоти хос таҳти таҳдиди марговари терори он солҳо , устод Садриддин Саидмуродзода Айнӣ, дар номааш ба Абулқосим Лоҳутӣ, ноумедӣ навишта: боз чӣ кор кунам, то ҳукумати Шӯравӣ ба садоқати ман бовар кунад? (ин нома аз ҷониби академик Муҳаммад Осимӣ (1920-1996),ки 100-умин соли бузургдошти устод Айниро саварию дар сатҳи хеле олӣ баргузор намуда буданд, нашр шудааст. Президенти муваффақи АКадемияи илмҳои Тоҷикистон , Академик Муҳаммад Осимӣ дар як сӯҳбаташон собит намудаанд,ки: НКВД-ро на танҳо миллатгароёни маҳаллӣ таҳрик менамуданд; инчунин душманони деринаи устод Айнӣ, ки аз қадимтарин бемории инсонӣ - маҷмуи кина (ҳасади нотавон) азият мекашиданд, навиштаанд.
Фаъолият, ташаккули диду назар, воқеанигории устод Садриддин Саидмуродзода Айнӣ - чун шахсияти таърихию адабӣ, илмӣ давлатӣ,ҷамъиятӣ дар фазои сиёсию ҷамъиятӣ фарҳангии ду хостгоҳи бостонии тоҷик Бухорою Самарқанд ҷараён гирифта, «Намунаи адабиёти тоҷик» инъикосгари вазъияти таърихӣ, сиёсӣ-иҷтимоии Осиёи Миёна дар охири садаи Х1Х ва оѓози садаи ХХ дар навиштаҳои ба истилоҳ «Намунашиносӣ» бо истифодаи асноди амиқи бойгонӣ, гузориши сарчашмаҳои хаттӣ такмилу тақвияти илмӣ нашудаанд.
Махсусан, бар пояи маводи бойгонии аз назар дур монда асосманд намудани масоили таърих ва инъикоси воқеияти таърихӣ дар «Намунаи адабиёти тоҷик» нисбат ба навиштаҳои таърихӣ, бадеии ин давраи Осиёи Миёна ва таҳрифкории раванди таърих, бунмояи мероси фарҳангӣ, нисбияти миллӣ, бозтоби чеҳраҳои таърихӣ, фарҳангӣ, ҷойгоҳи онҳо дар қаламдоди воқеъбин, асосмандии тасвир ва решапайванди таърихии устод Садриддин Саидмуродзода Айнӣ дар «Намуна-Айнишиносӣ» таҳкикоти дар маҷмуъ яклухти таърихнигорӣ, адабшинохтии илмӣ- муқоисавӣ кам ба қалам омадааст.
Дар «Намунаи адабиёти тоҷик», навиштаҳои таърихӣ, илмӣ ва публисистии устод Садриддин Саидмуродзода Айнӣ ба масоили таърихият, сарчашмаҳои муҳимии таърихии муқоисавӣ таҳқиқнашуда, мероси фарҳангӣ, бозтобии симоҳои таърихӣ, фарҳангӣ, махсусан мактаб, мероси алломаи каназири садаи Х1Х Осиёи Марказӣ Аҳмад Махдуми Дониш (1827-897) дар ташаккули воқеиятнигории таърихӣ, адабию илмӣ, таъсирмандии ин симои пуртоб дар таърихи афкори иҷтимоӣ, фалсафӣ, маорифпарварӣ, адабию илмии Осиёи Миёна басе рангину асосманд ба риштаи тасвир омадааст.
Устод Садриддин Саидмуродзода Айнӣ дар «Намунаи адабиёти тоҷик» доир ба шинохт,ҷойгоҳи ҳавзаҳои адабӣ, фарҳангӣ ва идомати анъанаи меросбарии таърихӣ, фарҳангӣ (Бухоро, Самарқанд,Хуҷанд, Истаравшан, Ҳисори Шодмон, Хуталон ва ѓайра) бо асосмандии сарчашмаӣ на фақат такя намуда, инчунин устуворияти моҳият, раванди таърихсозию фарҳанговарии тоҷиконро дар иртибот ба хостгоҳҳои дерини таърихию фарҳангиаш дар мисоли зодгоҳ, мероси камназири таърихӣ, илмӣ,бадеӣ-эстетикии дар гузори таърих рӯи саҳна овардаи тоҷикон бо далелу бурҳони қотеъи сарчашмаӣ исбот менамояд.
Пайдост,ки устод Садриддин Саидмуродзода Айнӣ дар «Намунаи адабиёти тоҷик» дар ҳамсонию иртиботи таърихию мантиқӣ дар асарҳои таърихию адабӣ, ёдвораҳои саршор бо санаду гузориши тавсифии сарчашмаҳои хаттӣ , мақолаҳои илмии хеш на танҳо номи асар, жанр, шакл, шахс, фазои умумии хостгоҳҳои дерини таърихӣ- фарҳангӣ, инчунин намунаҳои эҷодии симоҳои таърихӣ, адабию илмиро бо истифодаи сарчашмаҳои хаттии эътимодманд собит менамояд. Аз ин рӯ мебояст гузоришоти устод Садриддин Саидмуродзода Айниро бо истифодаи васеи гузориши сарчашмаҳои таърихию адабӣ, ҳунариро махсусан дар иртибот ба садаи Х1Х нимаи аввали садаи ХХ дар шакли муқоисавию татбиқӣ такмилу таҳқиқ намуд.
Устод Садриддин СаидмуродзодаАйнӣ агар «Намунаи адабиёти тоҷик»фазои таърихию адабӣ, фарҳангиро(симоҳои эҷодӣ) бар пояи гузориши сарчашмаҳои хаттӣ ба қалам оварда бошад, дар «Ёддоштҳо» баробари баёни вазъи сиёсӣ, фарҳангӣ инчунин дар тасвири саҳифаҳои норавшани чеҳраҳои маъруфу камэътирофшудаи эҷодии фазои Бухоро, Самарқанд,Марв, Чорҷӯй,Хуталон,Водии Ҳисор ва ѓайра тавассути шогирдону иштирокдорони маҳфили илмию адабии аллома Аҳмад Махдуми Дониш равшантар ба қалам овардааст.
Зимни ин дар аксари навиштаҳои пажуҳишгарон доир ба масоили дар «Намунаи адабиёти тоҷик» инъикосёфта ишора шуда, аммо фазо, таҳаввулоти таърихию сиёсӣ, фарҳангӣ дар муқоиса ба гузориши сарчашмаҳои таърихию адабии дигар камранганд.
Дар маҷмуъ асари устод Садриддин Саидмуродзода Айнӣ «Намунаи адабиёти тоҷик» нисбат ба дигар сарчашмаҳои таърихию адабии садаи Х1Х ва нимаи аввали садаи ХХ муҳимтарин асари ҷомеъ доир мероси таърихӣ, адабии тоҷик аст.Чунонк Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷмуъ шахсият, мерос ва хидмати беназири устод Садриддин Саидмуродзода Айниро доир ба мероси таърихӣ, забони миллати тоҷик чунин натиҷагирӣ намуда: ” Мо дар сиёсати забон, қабл аз ҳама, дар мавриди забони тоҷикии меъёрӣ аз мерос ва андешаҳои устод Садриддин Айнӣ истифода мекунем.Зеро ба қавли устод Айнӣ “барои васеъ кардани забони илмӣ ва адабии тоҷик беҳтар аст, ки ба адабиёти классикӣ ва хазинаи забони зиндаи тоҷикӣ роҳ ёбем.”
Профессор Аскаралӣ Раҷабов
Мудири шуъбаи таърихи санъати Институти таърих, бостоншиносӣ ва
мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон



Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: