Зикри Садриддин Айнӣ дар «Чеҳраҳои мондагор»-и Эмомалӣ Раҳмон16-04-2020, 15:00
Хабарро хонданд: 909 нафар
Назарҳо: 0
Садрдафтари адабиёти шӯравии тоҷик Садриддин Айнӣ дар эҳсоси ман муҷассамаи бузурги фазилату хирад, адабу шуҷоат, илму дониш, фарҳангу маърифат аст. Бино ба зикри Пешвои миллати мо Эмомалӣ Раҳмон дар «Чеҳраҳои мондагор» устод Садриддин Айнӣ аз шахсиятҳое миллатсоз буда, дар раҳоии миллат аз вартаҳои нестӣ нақши бузурге гузоштааст. Муаллиф Эмомалӣ Раҳмон тамоми пахлуҳои осори Садриддин Айниро мукаммал омӯхта дар идома зикр намудаанд: “Устод Айнӣ бо мақолаҳои тезу тунди публисистии худ моҳияти фашизмро ошкор сохта, дар мисоли гузаштаи қаҳрамононаи халқи тоҷик эҳсоси ватандустӣ ва озодихоҳии мардумро бедор мекард”. Дар оғози садаи ХХ андешаву афкори миллии халқи мо вобаста ба талаботу тақозои замон, дар ин марҳилаи ҳассосу сарнавиштсоз ва табаддулоти куллӣ ба ибораи Сайидалӣ Вализода дар шашяки рӯи замин рисолати худро пеш мебурд. Фарзандони ғаюру ҷасур ва фарзонаи миллат ба мисли Садриддин Айнӣ, Нусратулло Махсум, Абдураҳим Ҳоҷибоев, Шириншо Шотемур, Чинор Имомов, Б. Ғафуров, Мирзо Турсунзода ва даҳҳо шоирону нависандагон, аҳли илму аҳли зиё баҳри бедорӣ, худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ, мероси волою нотакрори маънавии миллати тоҷик ва ғояи миллиро таблиғу ташвиқ сохтаанд. Барои миллати тоҷик шароити таърихии ҳассос ва сарнавиштсоз ва масъалаи ҳастиву нестии миллат, забон, фарҳанг буд ва аҳли маърифат, зиёиёни шарафманд, парчами мубориза баланд карда, дар набарди шадиди зидди душманони миллати тоҷик зери “Марши ҳуррият”-и Садриддин Айнӣ тафаккури халқи ҷафокашидаи тоҷик бедор гардида, дар замони инқилоб ба ташаккули худшиносии миллӣ асос гузошт. С. Айни ҳанӯз аз замони дур талошу муборизаҳои гузаштагонамон, ки дар таърих бо номи пешвоён ва саркардагони ҷодаи озодиву истиқлол ба амсоли Спитамену Маздак, Муқаннаъу Шерак, Темурмалику Восеъ шинохта шудаанд ва ҳар яке баҳри худшиносӣ мубориза бурда, қадру эътибори инсонию миллиро дифоъ намудаанд ва ба қавли шоира Гулрухсор Сафиева шишаи номусро боло гузоштаанд, чашмандозӣ намуда, дар осори насрии худ пайкори муқаддас ва ҷасуронаи онҳо, корномаи бемислу монанди онҳо тавассути таърихнигорон, хосатан, Садриддин Айнӣ дар саҳфаҳои таърих то ба рӯзгори мо расида, имрӯз дар замони табаддулоти куллӣ, дар ин марҳилаи ҳассосу сарнавиштсоз насли муосир аз корномаҳои ниёгони худ сабақ меомӯзад ва аз нокомию бедодгариҳо шикасту бебарориҳо низ сабақ мебардорад. Эмомалӣ Раҳмон дар асари бунёдии худ «Чеҳраҳои мондагор» ба хонандаи гироми муроҷиат намуда зикр намудаанд: «Омӯхтани рӯйдодҳои таърихиву фарҳангӣ, зиндагиномаи шахсиятҳои сарсупоридаи миллат ва чеҳраҳои баргузидаи адабӣ имкон медиҳад, ки решаҳои худро аз гузашта дарёфт намоем, ки бо онҳо пайванд доштани хешро эҳсос карда, ба хотири номуси ватандорӣ, ном ва корномаҳои онҳоро аз нав зинда гардонем ва ба фарзандони халқи далерамон бо ифтихор дар бораашон ҳарф занем». Муаллифи нуктасанҷ Эмомалӣ Раҳмон зиндагонӣ, осор ва қаҳрамонии Садриддин Айнӣ ва Бобоҷон Ғафуровро омӯхта зикр кардаанд: “Ба ин ду фарзанди фарзонаи миллат аввалин унвони “Қаҳрамони Точикистон”-ро муносиб донистем”. Ва ба натиҷаи амиқ омада, таъкид кардаанд, ки “Муборизаи ҷасурона ва фаъолияти хирадмандонаи фарҳангиву маънавӣ, идеявӣ, адабӣ ва сиёсиву иҷтимоии ӯ (Садриддин Айнӣ-К.А.) дар асл корномаи бузурги миллӣ ва саҳми шоиста дар таъмини истиклолияти Ватан дар оянда буд. Бесабаб нест, ки устод Садриддин Айнӣ нахустин “Қаҳрамонони Тоҷикистон”-и сохибистиқлол гардид”, муаррифӣ намудаанд, ки Бобоҷон Ғафуров ҳамеша дар бари номи Садриддин Айнӣ ҷой доштанд, ки сабаби онро ин тавр муаллиф зикр кардаанд: “Аз байни ин фарзандони сарсупурда ман ду нафарро махсус ном бурдан мехоҳам, ки барои ташаккули миллат, болоравии ҳисси худшиносию ватандорӣ ва истиқлолияти тоҷикон хизмати бузург кардаанд. Ин ду фарзанди барӯманди халқ устод Садриддин Айнӣ ва Бобоҷон Ғафуров мебошанд.” Тибқи зикри Эмомалӣ Раҳмон нахуст хизмати шоистаи Садриддин Айнӣ алайҳи онҳое, ки бешармона халқи тоҷик ва забону адабиётро инкор мекарданд, солҳои 1919-1921 ва 1924-1926 дар саҳифаҳои матбуот, хосатан, дар маҷалаи “Шӯълаи инқилоб” бо санаду бурҳони қотеъ доир ба таъриху тамаддун ва забону адабиёти тоҷик, мероси фарҳангӣ, мактабу маорифи миллӣ, матбуоти тоҷикӣ, давлату давлатдорӣ мақолаҳои зиёд интишор намуда, халқро ба омӯзиш ва маърифати сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва фарҳангӣ даъват кардааст. Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар таквияти андеша ва ибрози назари хеш нигоштаи устод Айниро, ки ҳанӯз соли 1920 ба хотири пешрафти мардум, бедории тафаккури ҷомеа ва худшиносиву худогохии наслхо зикр карда будаанд, меоранд: “Агар мо шараф хоҳем, агар мо номус хоҳем, агар мо иззату обрӯй хоҳем, агар мо хуқуқ хоҳем, ба ибораи кӯтоҳ-агар мо ҳаёт хоҳем, моро лозим аст, ки ҳарчи пештар ва бештар ба шоҳроҳи маориф қадам гузорем”. Асари барҷастаи С. Айнӣ “Намунаи адабиёти тоҷик” дар шинохти камолоти халқи тоҷик, бедорию худшиносии миллати тоҷик хидмати беназир буд. Иловатан, нигоштаи муаллифи “Чеҳраҳои мондагор”-ро ба шаҳодат меорем, ки навиштаанд: “Дар ин вазъияти таърихӣ ба майдони мубориза устод Айнӣ ба ҳайси як қаҳрамони миллӣ ворид гардид”. Муаллифи китоб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайроҳаи пуршебу фарози зиндагии онҳоро омӯхта, ба ҷонфидои миллат буданашонро дарёфта, ба миллати худ зиёбахшии онҳоро эҳсос намуда, шоиру олими тавонову арбоби барҷастаи сиёсиву ходими маъруфи ҷамъиятии онҳоро собит намудаанд ва ҳар яке аз онҳо барои рушду таҳаввули фарҳанги миллӣ ва ташаккули халқияти тоҷик хидматҳои босазое намудаанд, ифшо кардаанд. Ба шаҳодати ин гуфтаҳои худ муаллифи “Чеҳраҳои мондагор” Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун тадқиқгари комилан касбӣ бо далелҳои раднашаванда нуктаҳои дигар, ки дар шинохти қаҳрамонии Садриддин Айнӣ зикри худро ёфтааст, аввалан, ин дар атрофи маънои вожаи тоҷик, ки ҳамрадифи мардуми тоҷдор, олимартаба, озодманиш, ориёӣ маҳсуб мешавад ва мавҷудияти халқи тоҷикро ҳамчун миллати қадимаи Осиёи Марказӣ исбот намуд. Фаъолияти густурдаи устод Айниро дар устувор сохтани истилоҳи “тоҷик” аз нигоҳи маънавӣ, таърихӣ, ҷуғрофиёӣ, сиёсӣ ва луғавӣ собит намуд. Дуюм кӯшиш барои бақои Ватан, масъалаи ташкили давлатдории миллиро ҷасурона ба миён гузошта буд, . Сеюм аз азобу шиканҷа ва хӯрдани 75 дарра наҳаросида, таърихи адабиёти тоҷикро эҷод кард, ғурури миллӣ боло гирифту очерки “Темурмалик”-ро иншо намуд. Чаҳорум корномаи таърихии устод Айнӣ “Намунаи адабиёти тоҷик”, ки дар замони худ, воқеан, нақши шиносномаи ҳақиқии ҳалқи тоҷикро дарёфта, беасосии даъвоҳои бадхоҳони миллати тоҷикро дарк намуда, фош сохт. Панҷум ҳаққу ҳуқуқҳои қонунии ин миллатро барои ташкил додани давлатдории миллии худ ба миён гузошт. Шашум хизматҳои бузург ва шарофати Садриддин Айниро оид ба расму оинҳои аҷдодӣ, ки ошкору ниҳон зери таъқиб қарор доштанд, хосатан, Наврӯз, ки аз ҳама фишору зӯровариҳо, баҳамоии миллатҳо ҳамчун иди миллӣ зинда монд. Ҳафтум нахустин маъракаи бузурге, ки дар роҳи ташаккули худшиносӣ ва густариши эҳсоси ифтихори миллӣ созмон дода шуд, Рӯзи Рӯдакӣ буд, ки соли 1925 бо саъю эҳтимоми фарзандони бономуси миллат бо сарварии устод Садриддин Айнӣ баргузор гардид. Таҷлили ин ҷашни муфаххари бузургдошти сардафтари адабиёти олии форсу тоҷик ҳамчун иди пирӯзӣ бар душманони миллати тоҷик, ки асолати таърихии ӯро инкор мекарданд, дар роҳи даст ёфтан ба ҷумҳурии иттифоқӣ Тоҷикистонро боз чанд қадам ба пеш бурда буд. Аз қавли адабиётшиноси маъруфи тоҷик, яке аз муҳаққиқони шинохтаи осори С.Айнӣ, профессор А.Сайфуллоев дар мақолаи худ Садриддин Айнӣ - Қаҳрамони Тоҷикистон навиштаанд: “ӯ (Садриддин Айнӣ- К.А.) мехост, ки бо қалам, бо сухан дар шуур, афкору андешаи мардуми тоҷик инқилоби ҷиддӣ ба вуҷуд орад, ҳаммиллатони худро бо пояҳои баланди худшиносӣ, худогоҳӣ расонад. Мактабу маориф, рӯзномаву маҷалла, китобҳои дарсии адабиёт, таърих, ҷуғрофия ва кишваршиносиро омили аввалиндараҷаи худогоҳии мардум ва ташаккули ҳисси ифтихори миллӣ мешуморид”. Муаллифи “Чеҳраҳои мондагор” Эмомалӣ Раҳмон бо усули бунёдии илмии хосаи худ насли гузаштаро аз нигоҳи нав ва дидгоҳи тоза чун чеҳраҳои мондагор дар таърихи миллати тоҷик арзёбӣ намудаанд. Ҳамин тавр, муаллифи зуфунун Эмомалӣ Раҳмон дар асари “Чеҳраҳои мондагор” ба хулоса омада зикр намудаанд: “Устод Айнӣ ҳар лаҳза дар арсаи мубориза бо қалам қаҳрамонӣ нишон дод ва барои сарбаландии имрӯзиён роҳ кушод. Ин хидмати арзандаи онҳо (Садриддин Айнӣ ва Бобоҷон Ғафуров- К.А) як навъ адои қарзи фарзандӣ буд ва дар китоби зиндагиномаи миллат то ҷовидон сабт гаштааст. Ва, ниҳоят, заҳмату истеъдоди ин ду ҷигарбанди вафодори халқ баҳои сазовор гирифт. Устод Айнӣ ва академик Бобоҷон Ғафуров барҳақ Қаҳрамони нахустини Тоҷикистон эътироф гардиданд” Асари бунёдии Пешвои миллат, Сарвари Кабири фазилатоин Эмомалӣ Раҳмон “Чеҳраҳои мондагор” як сарчашмаи мустақил дар шинохти чеҳраҳои мондагор, бахусус, шинохти Садриддин Айнӣ, таҳаввули афкори сиёсиву иҷтимоӣ, илмиву адабӣ ва фарҳангӣ манбаи мӯътамади таҳқиқии зиндагинома ва кору пайкори фарзонафарзандони миллати тоҷик маҳсуб мешавад. Кибриёхон Атоева, Манзура Сайдуллоева, устодони Донишкадаи кӯҳӣ-металлурги Тоҷикистон |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.