Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » «Намунаи адабиёти тоҷик» шаҳодатномаи халқи тоҷик

«Намунаи адабиёти тоҷик» шаҳодатномаи халқи тоҷик

16-04-2018, 09:46
Хабарро хонданд: 323 нафар
Назарҳо: 0
«Намунаи адабиёти тоҷик» шаҳодатномаи халқи тоҷик
14 апрели соли ҷорӣ ташаббуси Институти забон ва адабиёти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи илми тоҷик ва 140-солагии асосгузори адабиёти муосири тоҷик, Садриддин Айнӣ конференсияи байналмилалии алмӣ-назариявӣ таҳти унвони “Устод айнӣ ва илму адабу фарҳанг” баргузор гардид. Дар он намояндагони дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, олимон, адибон, айнишиносон, роҳбарону намояндагони сохторҳои илмию таълимӣ ва донишмандону муҳаққиқон аз дохилу хориҷи кишвар, аз ҷумла, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Франсия ширкат доштанд.
Дар ифтитоҳ Абдуҷаббор Раҳмонзода, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита ва ҷомеа аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аҳли имлу адабро бахшида ба солгарди Садриддин Айнӣ ва Рузи илми тоҷик таҳният гуфта, аз ҷумла зикр кард: “Хизматҳои Садриддин Айнӣ на танҳо дар рушди адабиёти тоҷик, балки дар пешрафти илмҳои адабиётшиносӣ, таърих, ҷомеашиносӣ низ беназир буда, осори ӯ ганҷинаи бебаҳои маънавии миллати тоҷик мебошад. Умедворам, ки ҷашни ин шахсияти барҷастаи миллат ва омӯзиши ҳарчи бештари осори ӯ минбаъд низ ба тақвияти ифтихори ватандорӣ ва ҳисси худогоҳиву худшиносии халқи тоҷик мусоидат мекунад”.
Зимни маърӯзаву суханрониҳо зикр гардид, ки барои ҳар як фарди бедордил мақом ва мартабаи устод Айнӣ ва нақши беандозаи ӯ бисёр бузург мебошад. Устод Айнӣ тавонист, ки дар тӯли фаъолияти худ Тоҷикистон ва тоҷиконро ба ҷаҳониён муаррифӣ намояд ва ба хотири ҳастии халқи тоҷик ва таъсис ёфтани Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон нақши бузурги худро гузорад. Бешак, «Намунаи адабиёти тоҷик» шаҳодатномаи халқи тоҷик мебошад, ки тавассути ин асари безавол ва ниҳоят арзишманд тоҷикон тавонистанд, ки ҳастӣ ва ҳуввияти хешро ҳифз намоянд ва барои расидан ба Истиқлолияти давлатӣ замина фароҳам оранд.
Конференсия аз се бахш: адабиётшиносӣ, забоншиносӣ ва арзишҳои миллӣ ва масъалаҳои таълиму тадрис бахшида шуда буд, ки дар он зиёда аз 90 маърӯза дар мавзӯъҳои “С. Айнӣ мондагори таърихи миллат”, “С. Айнӣ ва воқеаҳои моҳҳои феврали соли 1917 дар Бухоро”, “Вожаи “Тоҷик” ва ваҷҳи тасмияи он аз нигоҳи устод Айнӣ”, “Мақоми шеър дар шахсият ва эҷодиёти Айнӣ”, “Мақоми «Намунаи адабиёти тоҷик»-и устод Садриддин Айнӣ дар ҳифзу ҳимояи манфиатҳои миллати тоҷик”, «”Садриддин Айнӣ -рӯзноманигори равшанфикр ва оташнафас”, “Афгори педагогии С. Айнӣ дар тарбияи насли наврас” ва ғайраҳо қироат шуданд.
Ҳасан Азизов
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: