Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » НАВРӮЗ: АЗ ОЙИНҲОИ МАРДУМӢ ТО РУШДИ САЙЁҲӢ

НАВРӮЗ: АЗ ОЙИНҲОИ МАРДУМӢ ТО РУШДИ САЙЁҲӢ

18-03-2026, 12:01
Хабарро хонданд: 48 нафар
Назарҳо: 0
НАВРӮЗ: АЗ ОЙИНҲОИ МАРДУМӢ ТО РУШДИ САЙЁҲӢ
МАЛИКШО НЕЪМАТЗОДА
МУОВИНИ ЯКУМИ РАИСИ
ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН




Наврӯз на танҳо таронаи оѓози сол, балки симфонияи олами ҳастӣ, пайванди насли башар ва эҳёи табиат аст. Ин ҷашни бостонӣ бо таровати руҳбахши худ дилҳоро ба ҳам мепайвандад ва вуҷуди инсониятро аз нуру зиё саршор мегардонад.
Ривоятест, ки дар баробаршавии шабу рӯз лаҳзае ҳаст, ки замину осмонро боҳаловат ва ботароват мегардонад. Агар инсон бо дили пок ин лаҳзаро дарёбад, дари бахту иқбол ба рӯяш кушода мегардад. Хушбахтона, имрӯзҳо ин ривоят ба воқеият табдил ёфтааст.
Бо шарофати истиқлолу ваҳдати миллӣ ва заҳматҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин лаҳзае, ки инсонро бахту саодат мебахшад, оламро ботароват менамояд, ва абадияти оламу одамро муҳайё месозад, дар ҳар рӯзи ҳаёти мо вуҷуд дорад.
Мо он лаҳзаҳои қимматтарини умри хешро, ки дар роҳи рафъи нофаҳмиҳо, хотима бахшидан ба ҷангу кинаҳо ва таъмини осмони софу беѓубори сайёраамон, яъне дар партави сулҳу ваҳдат ва ҳамдигарфаҳмӣ сипарӣ мешаванд, ҳамчун гавҳари бебаҳо қадр мекунем, зеро ин лаҳзаҳо бузургтарин сармояи инсоният ба шумор мераванд.
Аз ин ҷост, ки мардуми тоҷик тӯли қарнҳо ба ин фасли зебову накуи сол бо дилгармӣ омодагӣ мебинанд. Ниёгони мо расму ойин ва ҳунарҳои зиёдеро аз насл ба насл то ба даврони мо мерос гузоштаанд, ки бештари онҳо маҳз ҳамчун суннатҳои наврӯзӣ то ба мо омада расидаанд.
Ойину суннатҳои наврӯзӣ ҳамсони Наврӯз таърихи куҳан доранд. Яке аз ойини муҳимми Наврӯз ин ободонӣ ва тозагист. То рӯзи ҷашни Наврӯз ҳама ҷо ободу зебо мешавад. Дар маросими “хонабаророн” мардум як ҳафта пеш аз фарорасии Наврӯзи фархундапай тамоми ҷиҳози манзилашон, курпаву гилемҳоро аз хонаҳо берун бароварда, офтоб дода, метаконанд, хонаҳоро тозаву озода намуда, деворҳоро сафед мекунанд. Ба зиёрати падару модар ва хешовандони калонсол рафта, ба табақаи ниёзманди ҷомеа дасти кумак дароз мекунанд. Инчунин, дигар ойини Наврӯз ниҳолшинонӣ мебошад, ки имрӯзҳо ба ҳукми анъана даромада, бештари солҳо аввалин шуда, шахсан Пешвои миллат ба ин маърака оѓоз мебахшанд, ки бо шарофати он имрӯз Тоҷикистон ба биҳишти сарсабзу гулпӯш табдил ёфтааст.
Дигар расму ойинҳои мардумӣ дар Наврӯз, аз қабили дастаҷамъона пухтани суманак, гулгардонӣ, омода намудани дастурхони наврӯзӣ бо “ҳафтсин”-у “ҳафтшин”, пухтани таомҳои миллии далда, оши бурида, оши палав, баргузории бозиҳои миллии гӯштӣ, бузкашӣ, аспдавонӣ, чавгонбозӣ, бандкашӣ, дастхобонӣ, бозиҳои наврӯзии тухмҷанг, хурӯсҷанг, кабкҷанг, дигар намуди бозиҳои наврӯзӣ, ки таърихи тулонӣ доранд, маҳз бо шарофати ҷашни Наврӯзи фархундапай шукӯҳи тозаеро зам намуда, ҳар як бинандаро ба ваҷд меорад. Ба сари замин рафта, аз ҷониби бобои деҳқон пошидани донаи умед ва оѓози киштукор дигар ойини неки наврӯзӣ мебошад.
Тоҷикистони соҳибистиқлол имрӯз волотарин суннатҳои Наврӯзро чун дар аҳди Куруши Кабиру Доро, Исмоили Сомониву Рӯдакӣ аз нав эҳё намуд ва шукӯҳи тоза бахшид.
Қадамҳои устувор барои ҷаҳонӣ шудани ҷашни Наврӯз дар Конфронси байналмилалии Кумитаи ҳифзи мероси фарҳангии Созмони Милали Муттаҳид, ки дар шаҳри Абу Даби аз 28-уми сентябр то 2-юми октябри соли 2009 баргузор гардида буд, гузошта шуданд.
Дар ин ҷамъомад аз 30-юми сентябри соли 2009 Наврӯз аз ҷониби ЮНЕСКО ба феҳристи ёдгории ѓайримоддии фарҳангии башарият, ки дар доираи барномаи ин ташкилоти бонуфуз тартиб дода мешавад, дохил карда шуд.
Бо пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пуштибонии як қатор мамлакатҳои ҷаҳон ҷашни ниёгони мо - Наврӯз 19-уми феврали соли 2010 дар Иҷлосияи 64-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид, Рӯзи байналмилалии Наврӯз эълон карда шуда, дар саросари ҷаҳон бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил мегардад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар суханрониҳои худ ба арзишҳои аслии Наврӯз - рафоқату дӯстӣ, бародарию баробарӣ, таҷдиди табиат, покӣ ва саховатмандӣ таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд. Ин таваҷҷуҳ ба ташаккули фарҳанги ҷашнгирӣ, ки аз хурофот ва расмҳои бемаънӣ холӣ бошад, мусоидат менамояд.
Бо эҳё намудани ҷашни бостонии мардуми тоҷик Пешвои миллат ба ҷаҳониён собит карданд, ки ин сарзамини фарҳангхези аҷдодии мо сарзамини муқаддас аст.
Анъана ва суннатҳои неки Наврӯз ҳамчун беҳтарин намунаи тамаддуни мардуми ориёнажод аз ҷониби халқҳои гуногуни Шарқ пазируфта шуда, маънавиёту фарҳанги миллии онҳоро низ афзун сохтааст.
Дар баробари Наврӯз идҳои Меҳргон, Сада, Тиргон ва ѓайра дар тамоми ҷумҳурӣ таҷлил карда мешаванд, ки ин нишона аз ниёгони тоҷикон мебошад.
Ин падидаи тоза моро водор менамояд, ки барои эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва ташвиқу таблиѓи онҳо дар миёни ҷаҳониён беш аз пеш кӯшиш ба харҷ диҳем. Ягон гӯшаву канори кишвари мо нест, ки дар он ҳунарманде набошад ва ҳар сайёҳе, ки ба ин диёр қадам мегузорад, аз дидори ин ганҷинаҳои маънавӣ баҳраи комил мебарад.
Аз ҷумлаи ин ганҷинаҳои бебаҳои миллӣ алочабофӣ, абрбандӣ, абрешимбофӣ, адрасбофӣ, атласбофӣ, арѓушт, аспакбозӣ, байтбарак, баққолӣ, беқасаббофӣ, бозиҳои мардумӣ, бофандагӣ, гаҷкорӣ, гаҳворасозӣ, гулдӯзӣ, гилембофӣ, гулобкашӣ, гӯрѓулихонӣ, гӯшворасозӣ, дегдонсозӣ, дуредгарӣ, дӯѓкашӣ, заргарӣ, зардӯзӣ, калобаресӣ, кандакорӣ, кафшдӯзӣ, китобдорӣ, кордсозӣ, кулолӣ, қолинбофӣ, қуроқдӯзӣ, латифагӯӣ, мисгарӣ, мӯйбофӣ, наботпазӣ, наққошӣ, оҳангарӣ, пойафзолдӯзӣ, пӯстиндӯзӣ, рехтагарӣ, сабадбофӣ, собунпазӣ, созтарошӣ, суманакпазӣ, сӯзанидӯзӣ, табақтарошӣ, танӯрсозӣ, хаймадӯзӣ, ҳалвогарӣ, чармгарӣ, чӯянгарӣ, ҷомадӯзӣ, ҷувозкашӣ, ҷӯроббофӣ, шонасозӣ ва дигар намудҳои ҳунарҳои мардумӣ мебошанд, ки ҳар яке бахше аз таъриху фарҳанги пурѓановати тоҷикон аст.
Бештари ин ойину суннат ва ҳунарҳои миллӣ маҳз дар айёми фархундаи Наврӯз ба маъраз гузошта мешаванд ва фазои идонаро рангину дилпазир мегардонанд. Ин ҳунарҳо на танҳо зебоии ҷашнро меафзоянд, балки ҳамчун пайванди зиндаи гузаштаву имрӯзи миллат шахсияти фарҳангии моро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамоянд.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯзро на танҳо ҳамчун ҷашни миллӣ, балки ҳамчун падидаи бузурги фарҳангии байналмилалӣ тавсиф менамоянд. Ин дидгоҳи фарогир ба рушди имкониятҳои сайёҳӣ дар ин айёми фархунда заминаи мусоид фароҳам меорад.
Тоҷикистон дар доираи ҳамкориҳои байналмилалӣ, бахусус, дар Созмони Милали Муттаҳид барои эътирофи Наврӯз ҳамчун ҷашни байналмилалӣ саҳми назаррас гузоштааст. Ин дастоварди бузурги фарҳангӣ-сиёсӣ натиҷаи талошҳои пайгирона ва дипломатияи пурсамари кишвар мебошад.
Таҳаввулоте, ки дар мақоми Наврӯз ба вуқӯъ пайваст-табдили он аз як ҷашни маҳаллӣ ба падидаи ҷаҳонӣ, бевосита бо талошҳои пайваста ва дурандешонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иртиботи ногусастанӣ дорад.
Роҳбари давлат на танҳо ба эҳёи расму ойинҳои қадимаи Наврӯз таваҷҷуҳ зоҳир намуданд, балки ба ин ҷашни бостонӣ мазмуни нави муосир бахшиданд, ки бо арзишҳои давлатдории миллӣ ва ҳадафҳои рушди устувор ҳамоҳанг мебошад.
Бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат ба ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла гулдӯзӣ, зардӯзӣ, кулолгарӣ, наққошӣ ва дигар намудҳои ҳунарҳои анъанавӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир мегардад. Ин таваҷҷуҳ ба рушди соҳибкорӣ дар минтақаҳо, эҷоди ҷойҳои нави корӣ ва ҳифзи мероси ѓании фарҳангии миллат мусоидати фаъол мекунад.
Намоишгоҳҳо ва ярмаркаҳои ҳунарҳои мардумӣ, ки махсус дар айёми Наврӯз баргузор мешаванд, на танҳо фурӯши маҳсулоти ҳунармандонро таъмин мекунанд, балки барои муаррифии шоистаи эҷодиёти онҳо дар миёни меҳмонону сайёҳони ватаниву хориҷӣ низ заминаи мусоид фароҳам меоваранд.
Таваҷҷуҳ ба Наврӯз ҳамчун ҷашни байналмилалӣ зарурати рушди инфрасохтори сайёҳиро ба миён овард.
Бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат дар солҳои охир меҳмонхонаҳои замонавӣ, марказҳои истироҳатӣ, роҳҳо ва дигар иншооти сайёҳӣ бунёд ва таҷдид мегарданд, ки ин раванд ба ҷалби бештари меҳмонони дохиливу хориҷӣ мусоидати фаъол мекунад.
Анъана ва ойинҳои мардумӣ, аз қабили маросими идона, ҷашнҳои миллӣ, мусиқии дилнишин, рақсҳои рангин, ҳунарҳои дастии беназир, либосҳои миллӣ ва меъмории анъанавӣ метавонанд барои сайёҳон манбаи ҷолибияти бузург бошанд. Инҳо унсурҳое ҳастанд, ки фарҳанги бой ва беназири ҳар минтақаро ба таври равшан инъикос мекунанд ва маҳз шиносоӣ бо чунин фарҳанги асил аст, ки сайёҳон ба ин сарзамин сафар мекунанд.
Кишварҳое, ки аз таърихи бой ва фарҳанги рангин бархӯрдоранд, маҳорати истифодаи анъанаҳои мардумии худро барои ҷалби сайёҳон ба хубӣ медонанд. Ин метавонад аз осори бостонӣ ва ёдгориҳои таърихӣ то фестивалҳои муосири фарҳангӣ ва рӯйдодҳои ҷолиби байналмилалиро дар бар гирад.
Рушди сайёҳӣ, ки ба ойинҳои мардумӣ такя мекунад, метавонад ба иқтисоди маҳаллӣ такони бузург бахшад. Ин раванд таҳияи маҳсулоти гуногуни сайёҳӣ, аз сафарҳои фарҳангӣ ва экскурсияҳои таърихӣ то хариди маҳсулоти ҳунарӣ ва ёдгориҳои мардумиро дар бар гирифта, ба рушди устувори минтақаҳо мусоидат мекунад.
Сайёҳӣ метавонад ба ҳифз ва эҳёи анъанаҳои мардумӣ таъсири амиқ расонад. Вақте ки анъана ва ҳунармандӣ дар назари сайёҳон арзиш меёбанд, мардуми маҳаллӣ барои нигоҳдорӣ ва идомаи ин мероси гаронбаҳо ҳавасмандии бештар пайдо мекунанд. Ин омил метавонад ба эҳёи ҳунарҳои фаромӯшшуда, баргузории мунтазами фестивалҳои фарҳангӣ ва нигоҳдории босуботи маконҳои таърихӣ мусоидат намояд.
Сайёҳӣ барои мубодилаи фарҳангӣ байни сайёҳон ва ҷомеаи маҳаллӣ имконияти беҳамторо фароҳам меорад. Ин мубодила метавонад ба таҳкими таҳаммулпазирӣ, эҳтироми мутақобила ва фаҳмиши амиқтари фарҳангҳои гуногун мусоидат намуда, ба рушди равобити байнифарҳангӣ заминаи устувор гузорад.
Наврӯз дар фасли баҳор, ки ба мавсими зебои эҳёи табиат рост меояд, барои рушди сайёҳӣ шароити мусоид фароҳам меорад. Ҳавои дилнишин, табиати рангин ва фазои пуршукӯҳи идона метавонад шумораи сайёҳони дохиливу хориҷиро ба таври назаррас афзоиш диҳад.
Сайёҳон дар ин айёми фархунда имкон пайдо мекунанд, ки дар ҷашнҳои мардумӣ иштироки бевосита дошта бошанд, бо мардуми маҳаллӣ ҳамсуҳбат шаванд, аз таомҳои анъанавӣ бичашанд ва аз наздик бо расму ойинҳои қадима ва суннатҳои воло шинос шаванд. Ҳамаи ин барои онҳо як таҷрибаи беҳамто ва фаромӯшнашаванда буда, дар хотираҳояшон то абад боқӣ мемонад.
Ҷашнгирии Наврӯз ва риояи ойинҳои он дар дохили кишвар ба таҳкими ҳувияти миллӣ ва ифтихори ватандорӣ мусоидат мекунад.
Мардум бештар ба сайру саёҳат дар дохили кишвар таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд, то ки бо фарҳанг ва анъанаҳои минтақаҳои гуногун шинос шаванд.
Наврӯз як имконияти хубест барои намоиш додани фарҳанги бой ва анъанаҳои қадимаи кишвар ба ҷаҳониён.
Ҳангоми ҷашнгирии Наврӯз расонаҳои байналмилалӣ ва сайёҳон аксар вақт дар бораи ин ҷашн ва ойинҳои он хабарҳо нашр мекунанд, ки ба таблиѓи фарҳангӣ ва сайёҳии кишвар мусоидат мекунад.
Наврӯз метавонад ба як бренди миллӣ табдил ёбад, ки боиси ҷалби таваҷҷуҳи бештар ба кишвар ҳамчун як макони сайёҳӣ ва фарҳангӣ хоҳад гашт.
Дар маҷмуъ, ойинҳои наврӯзӣ на танҳо як ҷашни фарҳангӣ, балки як омили муҳимме барои рушди соҳаи сайёҳӣ, таҳкими иқтисодиёт ва таблиѓи фарҳанги кишвар дар сатҳи байналмилалӣ мебошанд.
Наврӯз дар бисёр кишварҳои Осиёи Марказӣ, Қафқоз, Эрон, Афѓонистон ва ҳатто дар баъзе минтақаҳои дигари ҷаҳон, ки мардуми форсизабон ва туркзабон зиндагӣ мекунанд, бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил гардида, метавонад ба кишвар ҳамчун як "дарвозаи фарҳангӣ" хидмат намояд.
Сайёҳон, ки ба Наврӯз таваҷҷуҳи бештар доранд, метавонанд ба кишварҳои дигари ҳамсоя низ сафар кунанд, ки ин ба рушди сайёҳии минтақавӣ мусоидат менамояд.
Ин ҷашни фархунда дар Тоҷикистон на танҳо як ҷашни анъанавӣ, балки як падидаи бисёрҷанба аст, ки арзишҳои фарҳангӣ, иҷтимоӣ, маънавӣ ва ҳатто экологиву иқтисодиро дар бар мегирад.
Он рамзи зиндагии нав, умед, ваҳдат ва ҳамдигарфаҳмӣ буда, дар ташаккули шахсияти миллӣ ва иртиботи байни наслҳо нақши муҳим мебозад.
Дар замони муосир Наврӯз ҳамчун ҷашни давлатӣ ва умумимиллӣ ба таҳкими ваҳдати миллӣ ва эҳтироми фарҳанги бойи тоҷикон мусоидат менамояд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: