Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Пешвои миллат: «Боиси ифтихор аст, ки Наврӯз – калимаи асили тоҷикӣ, яъне «рӯзи нав» ҳоло барои миллионҳо аҳолии сайёра ҳамчун рӯзи ҷашни фархунда вирди забон аст»

Пешвои миллат: «Боиси ифтихор аст, ки Наврӯз – калимаи асили тоҷикӣ, яъне «рӯзи нав» ҳоло барои миллионҳо аҳолии сайёра ҳамчун рӯзи ҷашни фархунда вирди забон аст»

27-03-2024, 12:00
Хабарро хонданд: 761 нафар
Назарҳо: 0
Пешвои миллат: «Боиси ифтихор аст, ки Наврӯз – калимаи асили тоҷикӣ, яъне «рӯзи нав» ҳоло барои миллионҳо аҳолии сайёра ҳамчун рӯзи ҷашни фархунда вирди забон аст»«Боиси ифтихор аст, ки Наврӯз – калимаи асили тоҷикӣ, яъне «рӯзи нав» ҳоло барои миллионҳо аҳолии сайёра ҳамчун рӯзи ҷашни фархунда вирди забон аст». Ин нуктаро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар карнавали наврӯзии «Корвони шодӣ», ки дар пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе баргузор гардид, баён намуданд.

Пешвои миллат таъкид доштанд, ки халқу миллатҳои зиёди дунё ин ҷашнро қабул намуда, онро бо анъанаҳои хоссаи худ таҷлил мекунанд. Яъне Наврӯз ба як омили муҳимтарини паҳншавии фарҳангу тамаддуни куҳанбунёди тоҷикон дар олам табдил ёфтааст.

Ба андешаи Сарвари давлати Тоҷикистон, Наврӯз – рӯзи падид омадани равшанӣ, ғалабаи некӣ бар бадӣ, аз қалбҳо берун кардани кинаву адоват ва бахшидани гуноҳи ҳамдигар, рӯзи меҳрубониву хушбахтӣ, рӯзи таваллуди дубораи табиату инсонҳо, поёни сардиҳо ва оғози фаровонӣ мебошад.

Бо дахли суннатҳои наврӯзӣ, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки маросиму ойинҳои ҷуфтбаророн, хонабаророн ё хонасафедкунӣ, оташафрӯзон, гулгардонӣ, суманакпазӣ, навозиши сари ятимону бепарасторон ва дигар амалҳои хайр аз суннатҳои неки наврӯзӣ буда, аксари онҳо то имрӯз дар Тоҷикистон ба таври васеъ роиҷанд. Инчунин ташкилу баргузории ҳар гуна чорабиниҳои варзишӣ, аз ҷумла аспдавонӣ, гӯштигирӣ, инчунин, шеърхонӣ, ба бар кардани либосҳои миллӣ ва намоиши онҳо, омода намудани таомҳои миллӣ аз гиёҳу растаниҳои баҳорӣ аз ойинҳое мебошанд, ки мардуми мо онҳоро дар рӯзҳои наврӯзӣ бо шавқу завқи зиёд анҷом медиҳанд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: