Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » НЕРУГОҲИ “СЕБЗОР” - ТАВЛИДГАРИ “ЭНЕРГИЯИ САБЗ”

НЕРУГОҲИ “СЕБЗОР” - ТАВЛИДГАРИ “ЭНЕРГИЯИ САБЗ”

Вчера, 13:32
Хабарро хонданд: 19 нафар
Назарҳо: 0
          НЕРУГОҲИ “СЕБЗОР” - ТАВЛИДГАРИ “ЭНЕРГИЯИ САБЗ”
26-уми июни соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонмуҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум, ифтитоҳи як зумра иншоотҳои нав ва суҳбату мулоқот бо сокинон ба ноҳияи Роштқалъа ташриф оварданд.
Худи ҳамон рӯз дар доираи сафар Пешвои миллат Неругоҳи барқиобии “Себзор”-ро мавриди истифода қарор доданд. Неругоҳ аз се агрегат иборат буда, иқтидори истеҳсолии он 11мегаваттро ташкил медиҳад. Ин неругоҳ дар доираи дастгирии Ҳукумати мамлакат нисбат ба фаъолияти намояндагони бахши хусусӣ бо ҷалби сармояи хориҷӣ сохта шудааст ва технологияи насбшуда имкон медиҳад, ки дар як сол зиёда аз 77,6 млн. кВт/соат неруи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза истеҳсол карда шавад.

Бояд ёдовар шуд, ки санги зербинои Неругоҳи барқи обии “Себзор” аз ҷониби Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ 29-уми июли соли 2015 гузошта шуда буд.
Ба иқтидори тавлидкунандаи неруи барқи ин маркази нур 220 ҳазор аҳолӣ дастрасӣ дошта, он барои пешрафти соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ заминаи созгор мегузорад. Аз ин неругоҳ иқтидори умумии ширкати “Помир энерҷи” 25 дарсад баланд гардида, барои содироти барқ ба дигар давлатҳо имконияти иловагӣ пайдо мешавад.

Дар ин маросим, инчунин, санги асоси пойдевори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣбарои 240 хонанда дар деҳаи Барҷангал, кӯдакистон, ду майдончаи варзишӣ, хати лӯлаи оби ошомиданӣ барои хоҷагиҳои назди неругоҳ гузошта шуд, ки дар доираи нақшаи кӯчондани аҳолӣ дар робита ба сохтмони неругоҳи барқи обӣ бунёд мегарданд. Нили обгузар аллакай мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст.
Неругоҳи барқи обии “Себзор” дар баландии зиёда аз 2500 метр аз сатҳи баҳр воқеъ буда, аз рӯйи принсипи истгоҳи дериватсионӣ сохта шуда, бо турбинаи амудии навъи “Пелтон” муҷаҳҳаз гардидааст, ки иқтидори ҳаряки онҳо тақрибан 3,7МВт мебошад.
Бо маҷрои оби 12 метри мукааб дар як сония ва фишори беш аз 110 метр ин неругоҳ қодир аст беш аз 76 миллион киловатт-соат неруи тозаи барқароршавандаи барқро тавлид карда, ҳар сол беш аз 45 ҳазор тонна гази карбонро пешгирӣ намояд.
Ба андешаи вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа, лоиҳа ба ғайр аз таҳкими амнияти энергетикӣ дар ин минтақаи дурдасти кӯҳистонӣ, ҳамчунин, ба рушди тамоми шабакаи барқи минтақавӣ такон бахшида, заминаи ҷалби сармоягузории бузург ба инфрасохтори иҷтимоии ноҳияи Роштқалъа гардид.
Роҳбари лоиҳаи бунёди Неругоҳи барқиобии“Себзор” Фохир Юсуфбеков афзуд, ки неругоҳи “Себзор” ба ҳама гуна ҳодисаҳои табиӣ, ба мисли обхезӣ, заминларза, сел, ярчфароӣ ва сангчарх тобовар бунёд ёфта, бехатарии он барои солҳои тулонӣ пешбинӣ шудааст.
Тибқи суханони роҳбари лоиҳа, дар маҳали сохтмон зеристгоҳи 110-киловолта насб ва мавриди истифода қарор гирифта, хатҳои баландшиддат то шаҳри Хоруғ кашида шуданд.
Ин имкон медиҳад, ки талафоти неруи барқ бамаротиб коҳиш ёбад ва сифати барқрасонӣ, аз ҷумла ба мавзеи сохтмон беҳтар гардад.
Зикр кардан бамаврид аст, ки дар ин сохтмон 600 нафар ба кор таъмин гардидаанд ва аксарияти онҳо зодагони ноҳияи Роштқалъа мебошанд.
Баъд аз пурра ба истифода додани неругоҳ 20 нафар мутахассиси маҳаллӣ бо кори домӣ таъмин хоҳад шуд.
Бунёди Неругоҳи барқи обии “Себзор” дар доираи иҷрои Барномаи “иқтисоди сабз” аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон далели афзуншавии муваффақият дар самти ҷалби сармояи хориҷӣ, истифодаи технологияи муосир, саҳмгузорӣ дар пешгирии тағйирёбии иқлим ва афзуншавии дастовардҳо дар ҷодаи тавлиди “энергияи сабз” арзёбӣ мешавад.
Ҷонибеки АБДАЛӢ,
хабарнигори “Минбари халқ”




Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: